Таҳлил: Талоши Макрон барои тавҷеҳи коҳиши нерӯҳои фаронсавӣ дар Африқо
Дар остонаи сафари раисиҷумҳӯри Фаронса ба Африқо, ки пас аз нокомиҳои мутаъддиди ин кишвар дар ҳавзаи Африқо сурат мегирад, вай коҳиши нерӯҳои низоми Фаронса дар қораи Африқо хабар дод. Макрон муддаъи шуд, таҳаввул дар моҳҳои оянда бо коҳиши маҳсуси нерӯҳои низомии фаронсавӣ ва афзоиши қудрат дар пойгоҳҳои шуракои африқоии Фаронса оғоз хоҳад шуд.
Сафари раисиҷумҳӯри Фаронса ба Африқо дар ҳоле рӯзи чаҳоршанбе анҷом шуд, ки тайи моҳҳои ахир, равобити сиёсӣ миёни Париж бо бархе аз кишварҳои Африқо аз ҷумла Малӣ ва Буркина Фасо бо таниш ҳамроҳ будааст. Ин кишварҳо расман хостори хурӯҷи нерӯҳои низомии фаронсавӣ аз хоки худ шудаанд. Ин дархост агар чӣ ибтидо бо тавҷеҳи мақомоти Париж рӯ ба рӯ шуд аммо дар ниҳоят давлати Фаронсаро мачбур сохт то низомиёни худро аз Малӣ ва Буркина Фасо хориҷ кунад.
Дар воқеъ кишварҳои африқоӣ, ки тайи даҳҳаҳои гузашта бо қиём алайҳи истеъмори аврупоӣ, фаронсавиёнро аз сарзаминҳои худ берун карданд, акнун низ ҷиноёти Фаронсаро бар натофта ва бар хилофи хоста ва талоши Париж, расман нерӯҳои низомии ин кишварро ихроҷ карданд. Бисёре аз кишварҳои собиқан мустаъмираи Фаронса, амалкарди низомиёни ин кишварро дар ростои ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳифзи пойгоҳи худ дар Африқо медонанад, чанде пеш низ мақомоти Малӣ таъкид карданд қарор буд Париж ба мубориза ба терроризм кумак кунад. Аммо фаъолиятҳои низомии фаронсавӣ дар ниҳоят заминасозӣ густариши гурӯҳҳои таррористӣ дар ин кишвар шуд. Дар воқеъ пас аз 9 сол ваъдаи Париж барои мубориза бо терроризм дар Малӣ, на фақат мушкили терроризм дар марзҳои шимолии ин кишвар ҳал нашуда, балки ин мушкил ба 80 дарсади хоки Малӣ низ сироят кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни Фаронса солҳост бо иддаоҳои кумак ба барқарории амният ва мубориза бо терроризм дар хоки Африқо, ҳузӯр доранд. Аммо шавоҳид нишон медиҳад, ки Фаронса дифоъ аз амният ва мубориза бо терроризм дар хоки Африқо, ҳузӯр доранд. Аммо шавоҳид нишон медиҳад, ки Фаронса дифоъ аз амният ва мубориза бо терроризмро пушише барои пинҳон кардани аҳдофи истеъмории худ дар қораи Африқо қарор додааст. Кашфи гурӯҳҳои ҷамъӣ дар наздики пойгоҳи низомиёни фаронсавӣ дар Малӣ, нуфузи Фаронса дар бахшҳои иқтисодии кишварҳои минтақа дар қолаби мушорикат ва пардохти қарзҳои баланд муддат ҳамчунин афзоиши ҳамалоти террористӣ дар аксари кишварҳои ин қора ба вижа минтақаи соҳил, шоҳид бар ин мавзӯъ аст. Бар асоси гузориши Маркази муттолеъоти стратежикии Африқо, ба дунболи мудохилоти хориҷӣ дар Африқо, 70 дарсад бар мизони рӯйдодҳои хушунатомези муртабит бо гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои соҳилии Африқо афзуда шудааст. Ин мавзӯъ сабаб шуд то рекорди ҷадиде аз хушунати ифротӣ дар Африқо дар соли 2021 ба сабт бирасад.
Ҳамчунин гузоришҳои мунташир шуда нишон медиҳад, ки Фаронса саҳми муҳиме дар маъодани кишвраҳои Африқо ба вижа дар маъодани урёнюм дорад. Бар асоси ин гузоришҳо, пули миллии 15 кишари африқоӣ дар Фаронса чоп ва панҷоҳ дарсади даромадҳои хориҷии ин кишварҳо дар бонкҳои Фаросна нигаҳдорӣ мешавад. Ин мавзӯъ сабаб шудааст то амалан кишварҳои африқоӣ натавонанд дар мавриди ояндаи худ, ба таври мустақим тасмимгирӣ кунанд.
Ричер Морсидон коршиноси сиёсӣ дар ин замина мегӯяд: Иқдомоти Фаронса сабаб шудааст, ки кишварҳои африқоӣ аз истиқлол бархурдор набошанд. Онҳо наметавонанд бо истифода аз пули худ бар рӯйи бахшҳои беҳдошт ва омӯзиш ва фанноварии диҷитоли сармоягузорӣ кунанд.
Ба ҳар ҳол, Фаронса, ки солҳои дур, бархе аз кишвраҳои африқоиро ба баҳонаҳои мухталиф дар кантрол дошт, акнун бо мавонеъи ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Кишварҳои африқоӣ акнун на фақат иддаоҳои Фаронсаро барои кумак дар мубориза бо терроризм намепазиранд, балки расман аз ин кишвар хостаанд нерӯҳои низомии худро берун кунанд. Ба ҳамин далел раисиҷумҳӯри Фаронса қасд дорад дар сафар ба Африқо хурӯҷи ин нерӯҳоро тасмими иттихоз шуда аз сӯйи Парж муаррифи намояд, то аз ин тариқ, аз коҳиши табаъоти сиёсӣ ва равонӣ, нохурсандии давлатҳои африқоӣ аз рафтори фаронсавиён бикоҳад.
Бештар бихонед: