Август 01, 2021 14:58 Asia/Dushanbe
  • 14 кишвари африқоӣ алайҳи узвияти нозири режими саҳюнистӣ дар Иттиҳоди Африқо тавофуқ карданд
    14 кишвари африқоӣ алайҳи узвияти нозири режими саҳюнистӣ дар Иттиҳоди Африқо тавофуқ карданд

Шабакаи “Алвоқеъ” -и Алҷазоир рӯзи шанбе эълом кард, ки ин кишвар расман созукори ташкили як гурӯҳи африқоӣ барои радди тасмими вуруди режими саҳюнистии Исроил ба Иттиҳоди Африқоро ба манзури муҳофизат аз мабоонии ин иттиҳодия ва ҳимоят аз давлати арабии Фаластинро оғоз кардааст.

13 кишвари дигар ба ҷуз Алҷазоир, яъне Африқои Ҷанубӣ, Тунис, Эфиопия, Сенегал, Танзания, Нигерия, Ҷамъи ҷазоири Комор, Габон, Нигерия, Зимбабве, Либерия,  Сейшел ва Нигерия хостори хуруҷи режими саҳюнистӣ аз Иттиҳоди Африқо ҳастанд ва аз ҳар иқдоме, ки Алҷазоир алайҳи режими саҳюнистӣ бардорад, ҳимоят хоҳанд кард. Қабл из ин Намибия низ мухолифати худ бо узвияти нозири Исроил дар Иттиҳоди Африқоро эълом ва таъкид кард, ки тасмими додани узвият ба Тел-Авив дар Иттиҳоди Африқо бо аҳдофу усули Иттиҳоди Африқо дар тазод аст.

Эъломи мавзеи воҳиди ин 14 кишвар алайҳи узвияти нозири Исроил дар Иттиҳоди Африқо нишонгари вуҷуди ҷав ва рӯйкарди зиддисаҳюнистии қавӣ дар қораи Африқо, бо вуҷуди талошҳои фаровону густардаи Тел-Авив барои нуфуз дар кишварҳои африқоӣ бо эҷоди равобит ва ё одисозии равобит бо кишварҳое монанди Судону Мағриб ва низ ҳузур дар ниҳодҳои африқоӣ, ба вижа Иттиҳоди Африқо аст.

Режими саҳюнистӣ чандин даҳа аст, ки барои хуруҷ аз инзивои минтақаӣ ва низ дастрасӣ ба манобеъ ва имконоту дороиҳои кишварҳои африқоӣ ва пайдо кардани ҷойи по дар қораи сиёҳ талош мекунад. Дар авохири давраи зимомдории Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико, ки иқдомоти бесобиқае ба нафъи Тел-Авив анҷом дод, Вашингтон дар ростои хостаи режими саҳюнистӣ бо эъмоли фишори зиёд ва низ додани ваъдаҳои мухталиф Судону Мағрибро водор ба одисозии равобит бо Тел-Авив кард.

Пас аз он режими Исроил бо ин тасаввур, ки роҳ барои тавсеаи ҳузуру нуфузаш дар Африқо кушода шудааст, бо эъмоли нуфузҳои бисёр, ба узвияти нозири Иттиҳоди Африқо даромад. Бо ин ҳол, акнун бо ҷабҳаи воҳид ва дар айни ҳол густардае аз кишварҳои африқоӣ ба раҳбарии Алҷазоир мувоҷеҳ шуда, ки хоҳони лағви узвияти нозири он дар бузургтарин ниҳоди африқоӣ, яъне Иттиҳоди Африқо ҳастанд.

Иттиҳоди Африқо

 

Рамтане Ламамра, вазири умури хориҷаи Алҷазоир таъкид кард, ки дипломатияи ин кишвар ҳаргиз дар баробари чунин иқдоме, ки Исроил ва Иттиҳоди Африқо бидуни машварат бо аъзои ин иттиҳодия анҷом додаанд, дастбаста нахоҳад буд ва бекор наменишинад.

Режими Исроил пеш аз ин низ ба унвони узви нозир дар Созмони ваҳдати Африқо ҳузур пайдо карда буд, аммо дар соли 2002 ин унвон аз режими саҳюнистӣ гирифта шуда ва Иттиҳоди Африқо ҷойгузини Созмони ваҳдати Африқо шуд. Вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар 22 июл дар баёнияе эълом кард, ки Алали Адамсо, сафири Тел-Авив дар Аддис Абеба устуворномаи худро ба унвони узви нозир ба Иттиҳоди Африқо ироа кардааст. Яйр Лапид, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар баёнияи мазкур рӯзи пайвастани Тел-Авив ба Иттиҳоди Африқоро рӯзи иди ин режим хонд. Бо вуҷуди хурсандии ошкори режими Исроил аз узвияти нозир дар Иттиҳоди Африқо, аммо бо иқдоми воҳиди ҳаддиақал 14 кишвари узви ин иттиҳодия, барои лағви ин узвият, бояд интизори рӯзҳои кобӯсвореро барои режими саҳюнистӣ дошт. Албата мухолифатҳо бо узвияти нозири режими Исроил дар Иттиҳоди Африқо мунҳасир ба кишварҳои африқоӣ набудааст.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҲАМОС дар номае ба ба Мӯсо Факӣ,  раиси камиссиюни Иттиҳоди Африқо, ба пайвастани режими Исроил ба ин иттиҳодия эътироз кард.

Ба гуфтаи Исмоил Ҳания, режими саҳюнистии ишғолгар аз ин узвият ба унвони пӯшише барои идомаи иҷрои барномаҳои истеъмории худ, идомаи ишғоли сарзамини Фаластин ва ташдиди таҷовузоти худ алайҳи сарзамину миллати Фаластин истифода хоҳад кард.

Нуктаи муҳим ин ки дар байни 14 кишваре, ки мухолифи пайвастани нозири Исроил ба Иттиҳоди Африқо ҳастанд, шуморе аз муҳимтарин кишварҳои ин қора, монанди Африқои Ҷанубӣ - ба унвон тавсеаёфтатарин кишвари африқоӣ ва Нигерия ба унвони пурҷамъияттарин кишвари ин қора ва Алҷазоир ба унвони яке аз васеътарин кишварҳои африқоӣ қарор доранд. Ба вижа, Африқои Ҷанубӣ ин иқдоми Иттиҳоди Африқоро “ноодилона ва ғайри қобили тавҷеҳ” донистааст. Мусалламан мақомоти Иттиҳоди Африқо наметавонанд мавзеи манфии ин кишварҳо дар қиболи узвияти нозири режими Исроил дар Иттиҳоди Африқоро нодида бигиранд ва ночор ба таҷдиди назар дар ин замина хоҳанд шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп