Июл 01, 2024 09:40 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Афзоиши таҳаррукоти дипломотики Эрон барои муқобила бо таҳдидҳои низомии Исроил алайҳи Лубнон
    Тафсир - Афзоиши таҳаррукоти дипломотики Эрон барои муқобила бо таҳдидҳои низомии Исроил алайҳи Лубнон

Бо вуҷӯди омодагии комили Ҳизбуллоҳ ва дигар неруҳои муқовимат барои муқобила бо ҳаргуна таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Лубнон , Ҷумҳурии Исломии Эрон низ зимни ҳушдор ба авоқиби ин ҷанг , ройзаниҳои байналмилалӣ ва минтақаии худро афзоиш додааст .

Алии Боқирӣ сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо  вазири умури хориҷаи Арабистон Саъудӣ гуфт : Режими мутаваҳҳими ишғолгари Қудс дар талош аст ба заъми худ шикаст дар ғаззаро бо густариши доманаи ҷангу ҷиноят ба соири манотиқи дигар ҷуброн кунад . Алии Боқирӣ дар тамоси телефонӣ бо Сергйи Лавров вазири умӯри хориҷаи Русия низ бо таъкид бар омодагии муқовимати Лубнон дар қиболи таҷовузи эҳтимолии саҳюнистҳо ба Лубнон , ҷилавгирӣ аз идомаи ҷиноёти саҳюнистҳо ва густариши доманаи таниш ба Лубнонро ба далели қобилияти тасаррии ин буҳрон ба дигар нуқоти минтақа барои кули минтақа ва суботи байналмилалӣ , дорои аҳамият баршумурд .

Ҳайати намояндагии Эрон дар Созмони Милал низ ҳушдор дод : Агарчӣ Эрон таблиғоти режими саҳюнистии мабнӣ бар қасди ҳамла ба Лубнонро ҷанги равонӣ медонад , аммо агар режими саҳюнистӣ Лубнонро ҳадафи таҳоҷуми Низомии ҳамаҷониба қарор диҳад , ҷанги сахтӣ оғоз хоҳад шуд . Дар сӯрати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон , ҳамаи гузинаҳо аз ҷумлаи мушорикати кули меҳвари муқовимат рӯй миз хоҳад буд .Пеш аз ин низ намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар паёмӣ дар шабакаи маҷозии навишта буд ҳар тасмими нобахирадонаи режими ишғолгари Исроил барои наҷоти худ метавонад минтақаро вориди ҷанги ҷадидӣ кунад ки натиҷаи он нобӯдии зерсохтҳои Лубнон ва ҳамчунин минтақаи ишғолӣ 1948 хоҳад буд .

Қатъан ин ҷанг як бозанда ниҳоӣ хоҳад дошт ва он режим саҳюнистӣ аст. Ҳушдор  ба авоқиби моҷароҷӯии низомии режими саҳюнистӣ ва шахси Нитаниёҳу дар Лубнон танҳо ба Эрон маҳдӯд намешавад ва мақомоти Созмони Милал ва ҳатто муттаҳидони ин режими борҳо ба авоқиби он ҳушдор додаанд . Martin Griffiths, ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ба хабарнигорон гуфт Лубнон доғтарин нуқта дар миёни нуқоти иштиолзо аст.Вай ҳушдор дод , вуқуъи як ҷанги тамом айёр дар Лубнон « ба таври билқувваи охарзамонӣ »аст ва маҳори он хориҷ аз зарфияти ҳаргуна барномарезӣ хоҳад буд .

 

Lloyd Austin , вазири дифои Амрико дар ҷараёни мулоқот бо Галант , ҳамтои Исроилии худ дар Пентогун , ҳушдор дод ки даргирии миёни Исроил ва Ғизбуллоҳ метавонад ҷараққае барои оғози як ҷанги минтақаӣ бошад .Дар ҳамин ҳоли раиси ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Амрикои низ бо ҳушдор ба ин ки ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ ба Лубнони ҷангии густарда бо Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба дунбол хоҳад дошт тасреҳ кард артиши Амрико қодир ба кумаки муассир ба ин режим дар дифо аз худ нахоҳад буд .

Ба гуфта женерол раиси ситоди муштараки артиши Иёлоти Муттаҳида , ҳамлаи низомии Исроил ба Лубнон , посухи Эронро дар дифо аз Ҳизбуллоҳ дар пай дорад ва ҷанги густардатариро оғоз мекунад ки метавонад неруҳои Амрико дар минтақаро дар маърази хатар қарор диҳад .Гуфтанӣ аст кишварамон дар 25 фарвардини гузашта дар посух ба иқдоми мутаҷовизонаи режими саҳюнистии алайҳи сохтимони консулгарии сафарати Эрон дар Димишқ ки ба шаҳодати шуморӣ аз фармондеҳон ва неруҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва коркунони консулгарӣ мунҷар шуд , амалиёти Ваъдаи Содиқро алайҳи режими саҳюнистӣ анҷом дод .Тибқи гузориши расонаҳо ва изъони муттаҳидони режими саҳюнистӣ , аз ҷумла Амрико ки ҳимояти иттилоотӣ ва низомии густардае ба ин режим дар қиболи посухи Эрон ироа карданд , режими саҳюнистӣ , ба танҳоӣ ва бидӯни кумаки онҳо қодир ба дифо аз худ набӯд .

Аз ҳамаи муҳимтар инки Сайид Ҳасани Насруллоҳ , Дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии ҳафтаи гузаштаи худ гуфт ки Раҳбарони гуруҳҳои мухталифи муқовимат дар минтақа ба Ҳизбуллоҳ пешниҳоди ирсоли даҳҳо ҳазор неру барои дифо аз онҳо дар баробари ҳамлаи Исроилро додаанд , аммо ӯ тасреҳ кард ки Ҳизбуллоҳ худ беш аз 100 ҳазор неруи омодаи ҷанг дорад ва дар шароити ҳозир ниёзӣ ба неруҳои кумакӣ надорад . Дабири кули Катоиби Сайидал шуҳадои Ироқ эълом кардааст дар сӯрати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон , муқовимати исломии Ироқ аз фосилаи сифр бо ин режим даргир хоҳад шуд .

Сайти Амрико « Breaking Defense » ки дар заминаи умӯри низомии гузориш мунташир мекунад , изъон кард ки иқдомоти низомии ахири Ҳизбуллоҳи Лубнон ва неруҳои мусаллаҳи Ямани боис шуда бартарии ҳавойи режими саҳюнистӣ ва Амрико аз байн баравад .

Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дигаи меҳвари муқовимат дар посух ба ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистии алайҳи фаластиниёни навори Ғазза ки то кунун ба қатли оми наздик ба 40 ҳазор нафар ба  беш аз 80 ҳазор нафари дигр анҷомида ва ҷамъияти ин минтақаро бар асари муҳосираи инсонӣ , ҳамалоти кӯркӯрона ва кунд шудани раванди таҳвили кумакҳои инсонӣ ба шаҳри Ғазза дар маърази қаҳтӣ ва гуруснагии густарда қарор додааст , ба инҳои мухталиф барои муқобила бо ин режим вориди амал шудаанду роҳбурди ваҳдати маёдинро муҳаққиқ кардаанд ва дар сӯрате, ки ин режим ва давлати ростгарои Нитониёҳуи таҳдиди худро дар ҳамла ба Лубнон амалӣ кунад ин ҳамалот қатъан афзоиш ва густариш хоҳад ёфт ва абъоди минтақаӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ ба худ хоҳад гирифт .

Барчасп