Июл 29, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Сурия дар остонаи пирӯзӣ

Вазири умури хориҷаи Сурия таъкид кард, ин кишвар дар дарвозаи пирӯзӣ ва бозпасгирии нақши муҳими худ дар минтақа ва ҷаҳон истода аст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории расмии Сурия, Валид Муаллим, вазири умури хориҷаи Сурия дар дидор бо Кумитаи умури арабӣ ва хориҷӣ дар порлумони ин кишвар, бо ироаи гузориши комиле аз пешравиҳои ахири суриҳо ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ изҳор кард, Сурия то бозгашт ба нақши муҳими худ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунон ба ҷанг алайҳи терроризм идома медиҳад.

Валид Муаллим бо ибрози таассуф аз ҳимояти бархе қудратҳои байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистон ва Қатар аз терроризм тасреҳ кард, ин гурӯҳҳо ва кишварҳо масъулияти куштор ва хунрезӣ дар Сурияро бар ӯҳда доранд.

Пирӯзии бузург барои артиши Сурия дар ояндаи наздик ва дархости ҳузури хабарнигорон барои пӯшиши майдонии набардҳо аз муҳимтарин таҳаввулоти Сурия тайи 24 соати гузашта аст.

Барчасп