НАТО таҳдидкунандаи амнияти Осия - Уқёнусия
(last modified Sat, 04 Mar 2023 06:30:24 GMT )
Март 04, 2023 11:30 Asia/Dushanbe
  • НАТО таҳдидкунандаи амнияти Осия - Уқёнусия

Сафири Русия дар Чин мегуяд : Кишварҳои узви НАТО қасд доранд бо афзоиши ҳузури худ дар Осия – Уқёнусия, зерсохтҳои амниятии босуботи ин минтақаро тазъиф кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонгор Морголов дар мусоҳиба бо телевизиони марказии Чин изҳор кард : Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ-НАТО соли гузашта эълом кард, ки акнун тамоми дунё ба минтақаи маҳали масъулияти ин созмон табдил шуда ва ин ба маънӣ талош барои тазъифи сохтори амниятӣ ҷаҳон аст.
Ин дипломати рус хотирнишон кард, ки сохторҳои блокӣ монанди AUKUS, ки як гуруҳи мушорикати сеҷонибаи миёни Австралия, Англия ва Амрико аст дар минтақаи Осиё - Уқёнусия зоҳир шудаанд.
Морголов изҳор кард : Ин гуруҳ бо ҳадафи эҷоди новгони ҳастаи барои Австралия ташкил шуда, аммо ҳадафи ниҳоии он эҷоди ҷои пое барои НАТО дар минтақа аст .
Вай афзуд : Таҷрибаи мо нишон медиҳад, ки ҳузури НАТО ҳеҷ хайре нахоҳад дошт. Ин эътилофи як блоки дифоӣ нест, балки як блоки низомӣ аст ки фақат дар ҷиҳати тазъифи сулҳу суботи минтақаи Осиё - Уқёнусия амал мекунад .
Йенс Столтенберг-дабири кулли НАТО моҳи гузашта бо ҳадафи тақвияти равобити худ бо кишварҳои шарқи Осиё ва густариши ҳамкориҳо алайҳи Чин ба Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ сафар кард . Вай дар сафар ба Сеул ва хостори тақвияти ҳамкории амниятии НАТО ва Кореяи ҷанубӣ барои муқобила бо фаъолиятҳои низомии Чин ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ шуд.
Столтенберг дар Ҷопон низ иддио кардин ба таври қобили таваҷҷуҳе дар ҳоли тақвияти неруҳои низомии худ аз ҷумла силоҳҳои ҳастаӣ барои зургуӣ алайҳи ҳамсоягон аст .