Март 08, 2023 18:34 Asia/Dushanbe
  • Улянов дар бораи рафъи таҳримҳои Эрон
    Улянов дар бораи рафъи таҳримҳои Эрон

Сафиру намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ҳаллу фасли иддаоҳои сиёсии подмонӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро дар гарави ҷамъбандии музокироти рафъи таҳримҳо донист, ки ба далели тааллули тарафҳои ғарбӣ барои гирифтани тасмимоти сиёсӣ муаттал мондааст.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов, ки раёсати ҳайати Русия дар музокироти рафъи таҳримҳоро бар уҳда дорад, дар нишасти Шурои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, хитоб ба тарафҳои ғарбӣ, ки нисбат ба тадобири ҷубронии Эрон дар БарҶом ибрози нигаронӣ карданд, гуфт: Тамоми нигарониҳои шумо метавонад ба содагӣ рафъ шавад.

 

Барчасп