Интиқоди Гутерриш аз исломҳаросӣ ва нафрат алайҳи мусулмонон
Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз исломҳаросӣ ва нафрат алайҳи мусулмон ба шаклҳои мухталиф дар ҷаҳон интиқод кард .
Созмони Миллали Муттаҳид бо судӯри қатъномае 15 мартро ба унвони рӯзи ҷаҳонии муқобила бо исломҳаросӣ таъйин ва номгузорӣ кард, ки ин тасмим нуқтаи сарнавиштсозе дар мубориза бо исломҳаросӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст .
Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар нишасти вижа ба муносибати рӯзи ҷаҳонии мубориза бо исломҳаросӣ гуфт : Ҷамъияти наздик ба 2 миллиард мусулмон дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки онҳо танҳо ба хотири имонашон бо таассубу табъиз рӯбарӯ мешаванд .
Гутерриш тасреҳ кард, ин табъиз худро дар ангзании густарда ба ҷавомеъи мусулмону намоишҳои расонаии муғризона ва шармовару лаффозиҳову сиёсатҳои зиддиисломии бархе аз раҳбарони сиёсӣ нишон медиҳад .
Гутерриш идома дод : Табъиз ҳамаи моро заъиф мекунад ; бар ҳамаи мо воҷиб аст ки дар баробари табъиз биистем .
Дӯстони ҳомии маншури Созмони Миллали Муттаҳид ҳам рӯзи ҷумъа дар иҷлоси муштараки маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои гиромидошти рӯзи байналмилалии мубориза бо исломҳаросӣ дар баёнияе эълом карданд ҳар гуна ибрози хушунат бар асоси мазҳаб ё эътиқод, фарҳанг, миллият ё қавмият ё вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ё иқтисодиро рад ва онҳоро маҳкум мекунем .
Ин гуруҳ изофа кард : Ин созмонҳо қасд доранд аъмоли шанеъу эътиқодоти нодурусти худро ба як мазҳаб ё эътиқоди хос нисбат диҳанд .
Гуруҳи дӯстони ҳомии маншури СММ тасреҳ кард : Мо қотеъона бо ҳамаи қурбониёни нафрат аз ислом эъломи ҳамбастагӣ мекунем .
Эҷоди фарқ миёни шаҳрвандони мусулмону ғайримусулмон дар кишварҳои аврупоӣ дар солҳои ахир ба исломҳаросӣ ва исломситезӣ мунҷар шудааст .