Раҳбари муаззами инқилоб: Миллатҳои адолатхоҳ бо якдигар бештар ошно шаванд
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме хитоб ба миллатҳои испаниёлизабон, бар ошноӣ ва ҳамафзоии миллатҳои адолатхоҳ бо якдигар таъкид карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари ҳифз ва нашри осори раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳамзамон бо рӯнамоӣ аз нусхаи испаниёлии китоби хотироти даврони муборизоти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар Каракас, паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба миллатҳои аспониули забон мунташир шуд.
Дар матни паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ омадааст: «Агар тавониста бошам ба василаи ин китоб бо шумо испаниёлизабонон иртибот бигирам, бисёр хурсанд хоҳам буд.»
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: «Ин бахши кӯтоҳе аз саргузашти ман аст. Чӣ некӯ аст, ки мо ва шумо ва ҳамаи миллатҳои адолатхоҳ бо якдигар бештар ошно шавем ва бештар ҳамафзоӣ кунем. Некрӯзии шуморо аз Худо мехоҳам.»
Рӯнамоӣ аз нусхаи испаниёлизабони китоби хотироти даврони муборизоти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо унвони «Силлули шумораи 14» тайи маросиме дар шаҳри Каракас, пойтахти Венесуэла ва дар канори намоишгоҳи фарҳанги дӯстии Эрон ва Венесуэла ба ҳиммати фаъолони фарҳангии Венесуэла ва испаниёлизабонон бо ҳузури шахсиятҳои фарҳангии Эрон ва Венесуэла баргузор шуд.
Китоби “Силлули шумораи 14” хотирот ва зиндагиномаи оятуллоҳ Хоманаиро дар даврони мубориза бо режими дастнишондаи истикбор ва пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ ривоят мекунад.
Ин асар тарҷумаи испаниёлии китоби «ان مع الصبر نصرا» аст, ки пеш аз ин ба забони арабӣ мунташир ва нусхаи форсии он бо унвони «Хуни диле, ки лаъл шуд» дар ихтиёри алоқамандон ва аҳолии китоб қарор гирифта буд.