Март 13, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Тирандози дар иёлати Техаси Амрико
    Тирандози дар иёлати Техаси Амрико

Тирандози дар иёлати Техаси Амрико чаҳор кушта барҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, полиси шаҳри Даллас дар иёлати Техаси Амрико тайид кард, ки чаҳор нафар дар пайи тирандозии якшанбешаби гузашта дар бинои дар шимоли ғарби ин шаҳр кушта шуданд.

Ҷузиёти марбут ба қурбониён ва муҳоҷимон аз ҷумла ин ки оё гумонбаре боздошт шуд ё не мунташир нашуда аст.

Муқоисаи оморҳои хушунат бо силоҳ миёни Амрико ва дигар кишварҳои ҷаҳон Амрикоро кишвари комилан истисноӣ нишон медиҳад бо ин ки Амрико ҳудуди 5 дарсади аз ҷамъияти дунёнро ташкил медиҳад наздик ба 31 дарсад аз касоне, ки муртакиби кушторҳои ҷамъи бо силоҳ мешаванд дар худ ҷой дода аст.

Баррасиҳо нишон медиҳад теъдоди куштаҳои ноши аз истифода аз силоҳи гарм дар Амрико ба болотарин ҳад дар 30 соли гузашта расида аст.

Барчасп