Март 14, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  •  Русия дар як қадамии вуруд ба футболи Осиё !

Федерасиюни футболи Русия дар моҳи июн барои аввалин бор дар турнаменти Осиё ба майдон хоҳад рафт .

Федерасиюни футболи Тоҷикистон эълом кард ки турнаменти КАФА ( Осиёи марказӣ ) дар ҳоле аз 9 то 21 июн баргузор мешавад, ки Русия ҳам барои ҳузур дар ин мусобиқот ибрози омодагӣ кардааст .
Ин нахустин бор аст, ки баъд аз гумоназании моҳҳои ахир Русия расман дар турнаменти Осиё ширкат мекунад, то эҳтимоли ҳузураш дар ин қорра барои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2026 ба авҷи худ бирасад .
Илова бар тими Русия тимҳое аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва як тими дигари осиёӣ дар он ширкат хоҳанд кард .
Бо таваҷҷуҳ ба ҳузури Русия ин ҳашт тим дар 2 гуруҳи чаҳортимӣ қарор хоҳанд гирифт то турнаменти ҷаззобро дар тобистон рақам бизананд .
Ҳузури Русия шояд муҳимтарин хабари футболи Осиё маҳсуб бишавад ва як муддаии тозаро вориди ин қорра кунад.
Равобити умумии КАФА ҳамчунин эълом кард, ки ин созмон дар ҳоли ҳамоҳангӣ бо ФИФА барои баргузории аввалин давраи мусобиқоти қаҳрамонӣ ва ҳузури тими Русия дар он аст ва ҳануз иттилооти расмӣ ба сурати расмӣ мунташир нашудааст, зеро бисёре аз маворид дар марҳалаи тавофуқ аст ва тамоми ҷузъиёт бояд зарфи ду ҳафта ниҳоӣ шавад .
Федерасиюни футболи Русия аз замони оғози ҳамла ба Украина аз сӯи УЭФА ва ФИФА барои ҳузур дар мусобиқоти расмӣ мамнӯъ шуда, аммо Конфедерасиюни футболи Осиё ин мамнӯъиятро эълом накарда то яке аз эҳтимолҳо барои русҳо узвият дар ин ниҳод бошад .

 

Барчасп