Март 15, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Русияву Сурия
    Тавсеаи ҳамкориҳои Русияву Сурия

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар Кремл дидору музокира карданд.

Башор Асад асри рӯзи чаҳоршанбе дар сафаре расмӣ ба Русия рафт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, мавзуоти зиёде, аз ҷумла идомаи мубориза бо террористҳо, ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ дар дастури кори музокироти Владимир Путин ва Башор Асад аст.

То кунун ҷузиёти музокироти руасои ҷумҳурии Русия ва Сурия мунташир нашудааст.

Кремл дар баёнияе меҳвари музокироти ин сафарро тавсеаи ҳамкориҳои Русияву Сурия эълом кард.

 

Барчасп