Присе: Суқути паҳподи амрикоӣ дар дарёи Сиёҳ эҳтимолан ғайри амди будааст
Март 16, 2023 12:18 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард: Суқути паҳподи амрикоӣ дар дарёи Сиёҳ дар наздикии Крима эҳтимолан як ҳодисаи ғайри амди будааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, Едвард Присе сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт: Беҳтарин арзёбӣ дар ҳоли ҳозир ин аст, ки ин ҳодиса эҳтимолан ғайри амди будааст.
Суханӯи Вазорати Амрико иддао кард, ки паҳподи амрикоӣ дар натиҷаи бекифоятии яке аз халабонони русӣ суқут кард ва қасд дорад видиое аз ин ҳодисаро мунташир кунад.
Пеш аз ин, "John Kirby" ҳамоҳанг кунандаи иртибототи роҳбурди Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед эълом кард Амрико ҳнӯз паҳподи сарнагун шударо аз дарёи Сиёҳ бозёбӣ накардааст ва мутмаъин нестем битавонем онро бозёбӣ кунем.