Март 17, 2023 21:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳенри Киссенҷер
    Ҳенри Киссенҷер

Вазири хориҷаи пешин ва стратегисти машҳури амрикоӣ миёнҷигарии Чин дар тавофуқи Эрону Арабистонро омили тағйири марҷаияти дипломатӣ дар низоми байналмилалӣ хонд.

Дар ҷараёни музокироти Эрону Арабистон дар шаҳри Пекин, ду кишвар рӯзи ҷумъа (11 март) тавофуқ карданд, ки пас аз 7 сол равобити дипломатии худро барқарор кунанд.

Бар асоси ин тавофуқ, вазирони умури хориҷаи Эрону Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо якдигар, ҳаддиаксар то ду моҳ заминаҳои иҷрои табодули сафирону бозкушоии сафоратхонаҳо ва ҳамчунин соири илзомот барои барқарории равобитро фароҳам хоҳанд кард.

Арабистони Саудӣ сеюми январи 2016 ба баҳонаи ҳамлаи бархе афрод ба сифорату консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломатии худро бо Эрон қатъ кард.

 

Барчасп