Тавофуқи Пекин ва Вашингтон дар бораи зердарёии тавқифшудаи амрикоӣ
(last modified 2016-12-18T13:13:49+00:00 )
Декабр 18, 2016 18:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Пекин ва Вашингтон дар бораи зердарёии тавқифшудаи амрикоӣ

Ссухангӯи Вазорати дифои Амрико аз тавофуқ бо Чин дар бораи зердарёии манъшудаи Амрико дар дарёи Чини ҷанубӣ хабар дод.

Рӯзномаи “Дейли телеграф” навишт, Питер Кӯк, сухангӯи Вазорати дифои Амрико (Пентагон) эълом кард, мақомҳои ин кишвар бо мақомҳои Чин дар бораи манъ шудани зердарёии бидуни сарнишини амрикоӣ дар дарёи Чини ҷанубӣ гуфтугӯ кардаанд ва Пекин бо бозгардонидани зердарёӣ ба Вашингтон мувофиқат кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико рӯзи шанбе дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “Бояд ба Чин бигӯем, зердарёии бидуни сарнишине, ки рабудааастро намехоҳем. Онро барои худашон нигаҳ доранд”.

Вазорати дифои Чин дар пойгоҳи итилоърасонии худ эълом кардааст, мақомҳои Пекин тасмим гирифтаанд, зердарёии бидуни сарнишинро ба равише муносиб ба тарафи амрикоӣ баргардонанд.

Вазорати дифои Чин аз ҷанҷоли Вашингтон дар бораи зердарёӣ ибрози таассуф кардааст.

Тавқифи зердарёии бидуни сарнишини Амрико дар дарёи Чини ҷанубӣ бо эътирози ҷиддии Вашингтон рӯбарӯ шудаву ду кишварро дар танише бесобиқа дар 15 соли гузашта рӯ дар рӯйи якдигар қарор додааст.

 

Барчасп