Апрел 22, 2017 11:42 Asia/Dushanbe
  • Дарси Имом Ризо алайҳиссалом

Фалсафаи биъсати паёмбарон ва ба табаъи онон имомон алайҳимуссалом барои тарбияти нуфуси башар ва иртиқо бахшидан ба маротиби олии маънавият будааст.

Лизо ин бузургворон пайваста дар омӯзиши макорими ахлоқ кушо буда то инсон ба мартабае бирасад, ки ба мақоми "халифатуллоҳ" ноил ояд.

Ҳоло ки башарият ба бузургтарин балои илоҳӣ дучор гашта, бояд ба ресмони сунани Набии акрам (с) ва фармоишоти аҳли байт алайҳимуассалом мутамассик шуда ва дар баробари фармудаҳо ва насиҳатҳои  эшон зонуи адаб зада ва шогирдӣ намояд то шояд роҳро аз бероҳа фарқ карда ва ба саодати абадӣ, ки ҳамоно ба даст овардани ризояти ҳазрати ҳақ мебошад, бирасад.

Амали солеҳ ва дӯстии оли Муҳаммад  (c)

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Мабодо аъмоли некро бо такя ба дӯстии оли Муҳаммад алайҳимуссалом раҳо кунед ва мабодо дӯстии оли Муҳаммад алайҳимуссаломро бо такя ба аъмоли солеҳ аз даст бидиҳед, зеро ҳеч кадом аз ин ду, ба танҳоӣ пазируфта наешавад. (1)

Панҷ сифати муҳим

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Панҷ сифат аст ки дар ҳар кас набошад, умеди чизе аз дунё ва охират ба ӯ надошта бошед:

    Касе ки дар ниҳодаш эътимод набинӣ.

    Касе ки дар сиришташ карам набинӣ.

    Касе ки дар офаринишаш устуворӣ набинӣ.

    Касе ки дар нафсаш наҷобат наёбӣ.

    Касе ки аз Худо бимнок набошад.

Натиҷаи ризоят аз Худо

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ҳар кас ба ризқу рӯзии кам аз Худо розӣ бошад, Худованд аз амали ками ӯ розӣ хоҳад буд.

Бархурди  муносиб бо чаҳор гурӯҳ

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд:

- Аз султон ва зимомдор дурӣ кун

- ва бо дӯст бо тавозуъ ва фурутанӣ

- ва бо душман бо эҳтиёт ва иҷтиноб

- ва бо мардум бо рӯи хуш рафтор кун.

Дидор ва изҳори дӯстӣ бо ҳам

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ба дидани якдигар равед то якдигарро дӯст дошта бошед ва дасти якдигарро бифишоред ва ба ҳам хашм нагиред

Миёнаравӣ ва эҳсон

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Бар шумо бод ба миёнаравӣ дар фақр ва сарват ва некӣ кардан чӣ кам ва чӣ зиёд, зеро Худованди мутаъол дар рӯзи қиёмат як ними хурморо чунон бузург намояд, ки монанди кӯҳи Уҳуд бошад.

Беҳтарин аъмол баъд аз воҷибот

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Баъд аз анҷоми воҷибот коре беҳтар аз эҷоди хушҳолӣ барои муъмин, назди Худованд бузург нест.

Натиҷаи хидмат ба муъмин

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ҳар кас андӯҳ ва мушкилерро аз муъмине бартараф намояд Худованд дар рӯзи қиёмат андӯҳро аз қалбаш бартараф созад.

Хушбинӣ ва ҳусни занн ба Худо

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ба Худованд хушбин бош, зеро ҳар ки ба Худо хушбин бошад, худо бо гумони хуши ӯ ҳамроҳ аст.

Ва ҳар ки ба ризқу рӯзии андак хушнуд бошад, худованд ба кирдори андаки ӯ хушнуд бошад.

Ва  ҳар ки ба андак аз рӯзии ҳалол хушнуд бошад, бораш сабук ва хонаводааш дар неъмат бошад.

Ва худованди ӯро ба дунё ва фитнаҳояш бино созад ва ӯро аз дунё ба саломат ба доруссаломи биҳишт мерасонад.

Бадтарин мардум

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ба ростӣ, ки бадтарини мардум касе аст, ки ёриашро аз мардум боздорад ва танҳо бихӯрад ва афроди таҳти амрашро бизанад.

Ҳақиқати таваккул

Аз Имом Ризои алайҳиссалом аз ҳақиқати таваккул савол шуд. Фармуд: Ин ки ҷузи Худо аз касе натарсӣ.

Силоҳи паёмбарон

 Ҳазрати Ризо алайҳиссалом ҳамеша ба асҳоби худ мефармуд: Бар шумо бод аслиҳаи паёмбарон.

Пурсиданд: Аслиҳаи паёмбарон чист?

Фармуд: Дуъо.

Силаи раҳим бо камтарин чиз

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Пайванди хешовандиро барқарор кунед, гарчӣ бо ҷуръаи обе бошад ва беҳтарин пайванди хешовандӣ, худдорӣ аз озори хешовандон аст.

Вижагиҳои даҳгонаи оқил

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ақли шахси мусалмон тамом нест, магар ин ки даҳ хислатро доро бошад:

-  Аз ӯ умеди хайр бошад.

-  Аз бадии ӯ дар амон бошанд.

-  Хайри андаки дигареро бисёр шуморад.

-  Хайри бисёри худро андак шуморад.

-  Ҳар чӣ ҳоҷат аз ӯ хоҳанд дилтанг нашавад.

-  Дар умри худ аз доништалабӣ хаста нашавад.

-  Фақр дар роҳи Худо аз тавонгарӣ маҳбубтар бошад.

-  Хорӣ дар роҳи Худо аз иззат бо душманаш маҳбубтар бошад.

-  Гумномиро аз пурномӣ хоҳонтар бошад.

Сипаси фармуд: Даҳумин чист?

Пас фармуд: Касеро нангарад ҷуз ин ки бигӯяд, ӯ аз ман беҳтар ва парҳезкортар аст.

Дӯстӣ бо мардум

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Дӯстӣ бо мардум, ним аз ақлу хирадварзӣ аст.

Покизагӣ

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Аз ахлоқи паёмбарон, назофат ва покизагӣ аст.

Натиҷаи кори хуб ва бад

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Паҳнкунандаи кори нек подошаш баробари ҳафтод ҳасана аст ва ошкоркунандаи кори бад сарафканда аст ва пинҳонкунандаи кори бад омурзида аст.

Се вижагии барҷастаи муъмин

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Муъмин ва муъмини воқеӣ нест, магар он ки се хислат дар ӯ бошад:

Суннате аз парвардгораш ва суннате аз паёмбараш ва суннате аз имомаш. Аммо суннати парвардгораш, пӯшондани рози худ аст. Аммо суннати пайғамбараш, мудоро ва нармрафторӣ бо мардум аст. Аммои суннати имомаш, пас сабр кардан дар замони тангдастӣ ва парешонҳолӣ аст.

Хушӣ ва айши дунё

Аз ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом дар бораи хушӣ ва айш дар дунё савол шуд. Фармуд: Вусъати манзил зиёдии дӯстон

Бахил ва ҳасуд

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Бахилро осоише нест ва ҳасудро хушӣ ва лаззате нест ва подшоҳонро вафое нест ва дурӯғгӯро муруввату мардонагӣ нест.

______________________________________

1- Биҳоруланвор, ҷ.78, с. 348.

2- Туҳафулуқул, с. 446/ Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 379.

3- Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 357.

4- Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 356.

5- Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 347.

6- Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 346.

7- Биҳоруланвор, ҷ. 78, с. 347.

8- Усули Кофӣ, ҷ. 3, с. 468.

9- Туҳафулуқул, с. 449.

10- Туҳафулуқул, с. 448.

11- Туҳафулуқул, с. 445.

12- Усули Кофӣ, ҷ. 4, с. 214.

13- Туҳафулуқул, с. 445.

14- Туҳафулуқул, с. 443.

15- Туҳафулуқул, с. 443.

16- Туҳафулуқул, с. 442.

17- Усули Кофӣ, ҷ.4, с. 160.

18- Усули Кофӣ, ҷ. 3, с.339. Туҳафулуқул, с.442.

19- Биҳоруланвор, ҷ. 76, с.152.

20- Туҳафулуқул, с. 450.

 

Барчасп