Декабр 22, 2016 05:46 Asia/Dushanbe

Қисмати 745 сураи муборакаи " Луқмон ", ояи 29-34

29

أَلَمْ تَرَ أَنَّ اللَّـهَ یُولِجُ اللَّیْلَ فِی النَّهَارِ وَیُولِجُ النَّهَارَ فِی اللَّیْلِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ کُلٌّ یَجْرِی إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى وَأَنَّ اللَّـهَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِیرٌ                     

 

Оё надиди, ки Худованд шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мекунад ва хуршед ва моҳро тасхир  “Ром”  карда, ҳаряк то замони муаяне дар ҳаракатанд? Ҳамоно Худованд ба ончӣ анҷом медиҳед огоҳ аст.

 

 

30

 

ذَلِکَ بِأَنَّ اللَّـهَ هُوَ الْحَقُّ وَأَنَّ مَا یَدْعُونَ مِن دُونِهِ الْبَاطِلُ وَأَنَّ اللَّـهَ هُوَ الْعَلِیُّ الْکَبِیرُ                    

Ин далил бар он аст, ки Худованд, ҳақ аст ва ончӣ ғайр аз Ӯ мехонанд, ботил аст ва ҳамоно Худованд баланд мартаба ва бузӯрг аст.

 

Дар оятҳои қабл ба густараи “Паҳн” илм ва қудрати илоҳӣ дар паҳнаи ҳастӣ ишора шуд, ки далиле бар қудрати бепоёни Ӯ бар офариниши дубораи инсон дар қиёмат аст, ин оятҳо ба намунаи дигар аз ин қудрат ишора карда ва хитоб ба паёмбар (с)  ва муъминон мефармояд: Кӯтоҳ ва баланд шудани тули шаб ва рӯз дар сол, ки ҳамроҳ бо падид омадани чаҳор фасл  баҳор, тобистон, тирамоҳ, ва замистон аст, нишонае аз тасхири кураи замин тавассути Худованд аст, дар воқеъ бо тадбири Ӯ, ин таъғироти тули рӯз иттифоқ меафтад ва барасоси додаҳои илмӣ қобили муҳосиба аст.

Идомаи оят мефармояд: На фақат замин дар тасхири Худованд аст, балки хуршед ва моҳ низ, ки дар ҳаёти замин ва заминиёни бисёр таъсиргузоранд, ба гунае барномарезӣ шудаанд, ки шароити лозим барои зиндагии мавҷудоти заминӣ, аам “Умумитар”  аз гиёҳ ва ҳайвон ва инсон ба наҳви муносиб фароҳам бошад.

Далили ин тасхир он аст, ки шароит ҳамвора боқӣ намемонад, балки то замоне аст, ки Худо бихоҳад ва ҳангоме, ки ба иродаи Ӯ қиёмат барпо шавад, низоми мавҷудии олам ба ҳам рехта ва фурӯ мепошад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Азроҳҳои шинохти Худованд, мутолиа дар табиат ва асрори ҳастӣ аст ва Қуръон бар ин  равиш таъкид дорад.

 

2 – Низоми ҷаҳон ва ҳаракати аҷроми “Ҷурмҳо, гуноҳҳо” самовӣ, дорои замонбандии хос аст, ҷаҳони мавҷуд, нуқтаи пойинӣ дорад, ки дар илми Худованд мушахас ва муаян аст.

 

3 – Худованд ҳақиқате аст собит ва пойдор, ки ҳастӣ аз Ӯ нашъат гирифтааст ва ғайри Ӯ ҳарчӣ ҳаст, нопойдор ва фонӣ аст.

 

 

31

 

أَلَمْ تَرَ أَنَّ الْفُلْکَ تَجْرِی فِی الْبَحْرِ بِنِعْمَتِ اللَّـهِ لِیُرِیَکُم مِّنْ آیَاتِهِ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّکُلِّ صَبَّارٍ شَکُورٍ              

 

Оё намебини, ки киштиҳо дар сояи неъмати Худованд дар дарё равонанд то Худованд бархе аз нишонаҳои “Қудрати” худро ба шумо нишон диҳад? Бегумон ин амр, барои ҳар шикебои сипосгузоре нишонаҳое аст.

 

 

32

 

 وَإِذَا غَشِیَهُم مَّوْجٌ کَالظُّلَلِ دَعَوُا اللَّـهَ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ فَلَمَّا نَجَّاهُمْ إِلَى الْبَرِّ فَمِنْهُم مُّقْتَصِدٌ وَمَا یَجْحَدُ بِآیَاتِنَا إِلَّا کُلُّ خَتَّارٍ کَفُورٍ

 

Ва ҳаргоҳ мавҷи  “Хурушон”  чун абрҳои сояандоз онҳоро бипушонад, Худоро боихлос дар дин мехонад ва чун ононро ба хушкӣ расонанд ва наҷот диҳад, бархе роҳи эътидолро дар пеш гиранд “Ва бархе роҳи инҳирофро”  ва ҷуз паймоншиканони носипос, касе нишонаҳои моро инкор намекунад.

 

Дар идомаи оятҳои пешин, ин ду оят ба ду нишонаи Худованд дар ҷаҳон ва инсон ишора карда ва мефармояд: Ҳаракати киштиҳо бар рӯйи об ва интиқоли бор ва мусофир аз ин тариқ, аз нишонаҳои қудрати Худост, дар дунёи имрӯз, бо вуҷуди анвои васоили нақлия чун худрав, қатор ва ҳавопаймо, ҳануз бештари колоҳо  аз тариқи дарёҳо ва уқёнусҳо ҷобаҷо мешаванд, чаро, ки масирҳои густурда дар дарёҳо ба ройгон дар ихтиёри Ӯ қарор дорад.

Дарёҳо ба унвони бузӯргтарин шоҳроҳи иртиботе миёни бахшҳои мухталифи замин, сарзаминҳо ва нуқоти дур ва наздикро ба ҳам муртабит мекунанд, дарёҳо ҳамчун фарши нарм, худро зери башар густарондаанд то дар хидмат ба башар, гуй “Кура, гулула” сибқатро аз хушкӣ ва осмон бирабоянд,

Ба дунболи ёдоварии неъмати дарё, Қуръон ба яке аз ҳаводисе, ки дар дарёҳо иттифоқ меафтад ва нишонае аз Худошиносии фитрӣ аст, ишора мекунад мефармояд: Ҳангоме, ки дарё туфонӣ мешавад ва амвоҷи саҳмгини барафрози кишти қарор гирифта, онро ҳар тараф мекашонанд, аҳли кишти худро дар маърази ҳалокат ва нобудӣ мебинанд, дар ин шароит мусофирони кишти аз ин, ки касе онҳоро наҷот диҳад, қатъи умед мекунанд, аммо ба таври нохондагон мутаваҷҷеҳи вуҷуди қудрате мешаванд, ки метавонад онҳоро дар ин вазъияти ҳавлнок наҷот диҳад, пас холисона Худоро мехонанд ва танҳо аз Ӯ истимдод металабанд.

Албатта инсонҳои носипос, вақте, ки шиддати ҳодиса фурӯ нишинад ва аз маҳлака ҷони солим бадар бибаранд ва ба соҳил бирасанд, касеро, ки Ӯро хондаанд ва наҷоташон дода, фаромӯш мекунанд ва чӣ басо Ӯро инкор кунанд, бо ин ҳол, бисёре аз афрод ҳастанд, ки бо пеш омадани чунин ҳолате, мутаваҷҷеҳи Парвардигори олам шуда ва пас аз раҳоӣ аз хатар, боз роҳи Худоро дунбол мекунанд ва имонашон пойдор ва доимӣ аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Ба офаридҳо сода нанигарем, дарёҳо, уқёнусҳо ва сойири падидаҳои табии муртабит бо дарё, ҳама аз оятҳои илоҳӣ ва аз роҳҳои шинохти Худо ба шумор мераванд.

 

2 – Инсон ба таври фитрӣ Худошинос аст, лекин асбоб ва васоили модӣ, чун пардае рӯйи фитратро мепушонанд, брузи “Пайдо шудан”  ҳаводис ва тангноҳо “Тангиҳо” ва дарнатиҷа қатъи умед аз асбоби одӣ, ин пардаро канор зада ва муҷиби таваҷҷӯҳи холисонаи инсон ба Худо мешавад.

 

3 –Имони гуруҳе аз мардум, доимӣ ва пойдор аст, вале имони гурӯҳе, муқтаӣ ва мавсумӣ аст.

 

 

33

 

یَا أَیُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّکُمْ وَاخْشَوْا یَوْمًا لَّا یَجْزِی وَالِدٌ عَن وَلَدِهِ وَلَا مَوْلُودٌ هُوَ جَازٍ عَن وَالِدِهِ شَیْئًا  إِنَّ وَعْدَ اللَّـهِ حَقٌّ  فَلَا تَغُرَّنَّکُمُ الْحَیَاةُ الدُّنْیَا وَلَا یَغُرَّنَّکُم بِاللَّـهِ الْغَرُورُ       

 

Эй мардум! Аз Парвардигоратон парво “Битарсед, ҳарос, бим” кунед ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеч падаре ба кори фарзандаш ва ҳеч фарзанде  ба кори падараш намеояд, бегумон ваъдаи Худованд ҳақ аст, пас зиндагонии дунё шуморо нафиребад ва “Шайтони” фиребкор, шуморо ба “Омӯрзиши” Худованд фирефта нагардонад.

 

       

34

 «إِنَّ اللَّـهَ عِندَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ وَیُنَزِّلُ الْغَیْثَ وَیَعْلَمُ مَا فِی الْأَرْحَامِ وَمَا تَدْرِی نَفْسٌ مَّاذَا تَکْسِبُ غَدًا  وَمَا تَدْرِی نَفْسٌ بِأَیِّ أَرْضٍ تَمُوتُ  إِنَّ اللَّـهَ عَلِیمٌ خَبِیرٌ                     

 

Бегумон огоҳӣ аз замони қиёмат махсуси Худост ва Ӯст, ки боронро нозил мекунад ва ончиро дар раҳмҳо “И модарон” аст медонад ва касе намедонад, ки фардо чӣ бадаст меоварад ва ҳеч кас намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад, бегумон Худованд доно ва огоҳ аст.

 

Ин оятҳо, охирин оятҳои сураи Луқмон аст, умуми мардумро ба риояти тақво дар зиндагӣ тавсия мекунад ва дар баёни далили он мефармояд: Бархилофи дунё, ки аъзои хонавода метавонанд дар мушкилот ба кӯмаки ҳам биёянд ва мушкилоти якдигарро ҳал кунанд, дар қиёмат, ҳеч кас бори дигареро бар душ намекашад ва имкони кӯмак ба дигаре вуҷуд надорад, пас на ба алоиқ ва равобити хонаводагӣ мағрур шавем ва на интизор дошта бошем, ки бидуни доштани аъмоли солиҳ, машмули лутф ва раҳмати илоҳӣ қарор гирем, сар ва кори инсон дар қиёмат бо Худованде аст, ки ҳамаи умури ғайбиро медонад, аз ҷумла: замони қиёмат, замони марги ҳар инсон ва вазъияти ҳар ҷанине, ки дар шиками модар аст, лозим ба зикр аст, ки илми Худованд ба навзодон дар шиками модарон, танҳо марбут ба писар ё духтар будни ҷанин нест, балки истеъдодҳо, ҳолот, руҳиёт, ва садҳо донистании дигарро шомил мешавад, ки башар ба онҳо дастрасӣ надорад ва танҳо Худованд аз он огоҳ аст, дар ҳар сурат, инсон ҳаргиз набояд тасаввур кунад, ки Худованд аз корҳои махфии ӯ беиттилоъ аст.

 

Аз иноятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Ҳасаб “Гузориши ҳол” ва насаб дар қиёмат корое надорад, вақте падар ва фарзанд ба доди якдигар намерасанд, таклифи дигарон равшан аст.

2 – Вуқуи қиёмат ҳатмӣ аст, гарчӣ замони онро намедонем, чунон, ки марги ҳар инсоне қатъӣ аст, вале касе замон ва макони онро намедонад, танҳо Худованд аз ин умур муттали “Огоҳ” аст.

 

3 – Дунё фиребанда аст ва инсонро аз ёди қиёмат ғофил месозад.