Январ 24, 2017 07:14 Asia/Dushanbe

Қисмати 746 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 1-6

Сураи Саҷда сиву дуввумин сураи Қуръони Карим аст ва оятҳои он дар Макка нозил шудааст.

 

بِسْمِ اللَّـهِ الرَّحْمَـنِ الرَّحِیمِ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1

الم

    Алиф, лом, мим.

 

2

تَنزِیلُ الْکِتَابِ لَا رَیْبَ فِیهِ مِن رَّبِّ الْعَالَمِینَ            

Фурӯ “Пойин”  фиристодани ин китоб, ки тардиде “Дудила, шак, шубҳа” дар он нест, аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён аст.

 

3

 أَمْ یَقُولُونَ افْتَرَاهُ  بَلْ هُوَ الْحَقُّ مِن رَّبِّکَ لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّا أَتَاهُم مِّن نَّذِیرٍ مِّن قَبْلِکَ لَعَلَّهُمْ یَهْتَدُونَ                 

 

Оё онон мегуянд: “Муҳаммад (с)” онро ба дурӯғ сохтааст? “Чунин нест”, балки он ҳақ аст, ки аз сӯйи парвардигори туст то қавмеро, ки қабл аз ту бимдиҳандае барояшон наёмадааст, бимдиҳӣ, шояд ҳидоят шаванд.

 

Сураи Саҷда яке аз 29 сурае аст, ки дар ибтидои он ҳуруфи мақтаа омадааст, ҳамонанади сураи Бақара, ки бо алиф, лом шурӯъ шуда, ин сура низ бо ҳамин ҳарфҳо оғоз шудааст, ояти баъд нишон медиҳад, ки ин ҳарфҳо дар робита бо нузули Қуръон аст ва баёнгари азамати китобе аст, ки аз ҳамин ҳарфҳои алифбои Арабӣ ташкил шуда, аммо чиниши калимот ва ибороти он ба гунае аст, ки ҳеч башаре тавони овардани китобе ҳамонанди онро надорад.

Китобе, ки аз ҳақ сарчашма гирифта ва ҷуз ҳақ ва ҳақиқат чизе дар он наомадааст, албатта мухолифон ва мункирон, ки ҳозир ба пазириши он нестанд, паёмбарро мутаҳам мекунанд, ки ин оятҳоро аз пеши худ сохта ва пардохта ва ба Худо нисбат медиҳад, дар ҳоле, ки ӯ ҳадафе ҷуз бим ва ҳушдор надорад то мардумро аз оқибати корҳои зишт ва нописанде, ки анҷом медиҳанд, битарсонад шояд бо дур шудан аз зиштиҳо ва палидиҳо ба роҳи рост ҳидоят шаванд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Гарчӣ мункирон дар садади эҷоди шак ва шубҳа дар бораи Қуръон ҳастанд, аммо дар ҳақонияти Қуръон, ҳечгуна шак ва тардиде роҳ надорад, зеро аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён аст.

 

2 – Қуръон китоби ташриъ “Шариат овардан, ойин ниҳодан” аст, маншаи ин китоб ҳамон бавуҷудоварандаи низоми таквин “Ҳасти додан, эйҷод”аст.

 

3 – Бим ва ҳушдор барои дур шудани мардум аз инҳироф ва каҷӣ, аз аҳдофи аслии биъсати паёмбарон аст.

 

 

4

اللَّـهُ الَّذِی خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَیْنَهُمَا فِی سِتَّةِ أَیَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ  مَا لَکُم مِّن دُونِهِ مِن وَلِیٍّ وَلَا شَفِیعٍ أَفَلَا تَتَذَکَّرُونَ                               

 

Худованд, касе аст, ки осмонҳо ва замин ва ончиро миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш истило ёфт, барои шумо ҷуз Ӯ ҳеч ёвар ва шафоаткунандае нест, оё мутазаккир намешавед?

 

Оятҳои қабли, дар бораи нузули Қуръон аз сӯйи Худо буд, аммо ин оят ба офариниши ҳастӣ тавассути Худованд ишора дорад

Ҳамонгуна, ки дар нузули Қуръон, Худованд шарике надошта ва тамоми оятҳои ин китоб аз сӯйи Ӯст, дар офариниши ҳастӣ низ, Худованд ҳеч шарике надошта ва тамоми аҷзои ҳастӣ дар осмон ва замин, ба иродаи Ӯ офарида шуаанд.

Ҳамонтавре, ки оятҳои Қуръон тайи мудати 23 соли рисолати Паёмбар (с), ба тадриҷ нозил шудааст, офариниши ҷаҳон низ ба шакли тидриҷӣ ва дар шаш даврон сурат гирифтааст, ки албатта мумкин аст ҳар як ин давраҳо, замони зиёде тул кашида бошад.

Мутаасифона бисёре аз афроди башар, ба холиқият ва ҳокимияти мутлақи илоҳӣ таваҷҷӯҳ накарда ва ба суроғи махлуқоти Ӯ мераванд ва онҳоро сарпараст ё шафеи худ маҳсуб мекунанд дар ҳоле, ки ҷуз авлиёи Худо, ки ба изни Ӯ шафоат мекунанд, ҳеч чиз ва ҳеч кас наметавонад шафии инсон шавад ва асбоби омӯрзиши гуноҳон ё воситаи дарёфти неъматҳои илоҳӣ барои ӯ гардад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Тадбири умури ҳастӣ ба дасти ҳамон касе аст, ки онро офаридааст, ба иборате ингуна нест, ки офаридгор, ҳастиро ба ҳоли худ раҳо карда ё ба дасти махлуқоташ супурда бошад.

 

2 – Инсон ниёзманди тазаккур ва ёдоварии неъматҳои илоҳӣ аст, вагарна дучори ғафлат ва нисён мешавад.

 

 

5

 یُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ یَعْرُجُ إِلَیْهِ فِی یَوْمٍ کَانَ مِقْدَارُهُ أَلْفَ سَنَةٍ مِّمَّا تَعُدُّونَ                                           

 Худованд, амри  “Ин ҷаҳон”- ро  аз осмон  то замин татбир мекунад, сипас дар рӯзе,ки миқдори он ҳазор сол аз солҳое аст,ки мешуморед, ба сӯйи Ӯ боло меравад. 

 

 

6

ذَلِکَ عَالِمُ الْغَیْبِ وَالشَّهَادَةِ الْعَزِیزُ الرَّحِیمُ           

 

Ӯ донои пинҳон ва ошкор “Ва” шикстнопазир ва меҳрубон аст.

 

Дар идомаи оятҳои пешин дар бораи тадбири низоми ҳастӣ аз сӯйи Худованд, ин оятҳо бори дигар бар он таъкид карда ва мефармояд: Тамоми ҳастӣ, аз осмон то замин таҳти тадбири Ӯст ва ҷуз Ӯ мудаббире дар ҷаҳон нест, на фақат умури ин ҷаҳонро тадбир мекунад, балки тамоми корҳо ва рафторҳои шумо дар қиёмат ба сӯйи Ӯ боз мегардад ва ҳеч чиз аз таҳти илм ва қудрати Ӯ хориҷ нест.

Мурод аз рӯзе, ки дар назди башар ба андозаи ҳазор сол аст, рӯзи қиёмат аст, ҳар ончӣ то поёни ҷаҳон рух диҳад, дар он рӯз дар додгоҳи илоҳӣ арза мешавад ва Худованд барасоси илми бениҳоди худ, ки ба ошкор ва пинҳони умур огоҳ аст ва барпойяи иззат ва раҳмати худ бо бандагон бархурд мекунад.

 

Аз иноятҳо меомӯзем,ки:

 

1 – Холиқ, ҳоким ва мудаббири ҷаҳон яке аст ва тавҳиди воқеӣ, ирҷоъи ҳамаи умур ба Худованд аст ҳамонгунае, ки дар офариниш, ҳамачиз аз Ӯ ба сӯйи Ӯст, тадбири умур низ аз Ӯ ва ба сӯйи Ӯст.

2 – Тадбири умури илм ва қавонин ҳоким бар ҷаҳон, бар пойяи илми бениҳояти илоҳӣ аст.

3 – Илми Худованд нисбат ба ҳамаи умур аам “Умумитар” аз пайдо ва пинҳон яксон аст.