Қисмати 747 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 7-9
Қисмати 747 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 7-9
7
الَّذِی أَحْسَنَ کُلَّ شَیْءٍ خَلَقَهُ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنسَانِ مِن طِینٍ
Касе,ки ҳар чиро офарид, некӯ офарид ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард.
8
ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِن سُلَالَةٍ مِّن مَّاءٍ مَّهِینٍ
Сипас “Бақои” насли ӯро аз усорае аз оби пушт ва бемиқдор муқаррар фармуд.
Дар оятҳои қабл, оятҳои Қуръон дар бораи офариниши осмонҳо ва замин ва тадбири умури онҳо ба дасти Худованди огоҳ аз ҳамаи умур сухан гуфт, аммо ин оятҳо бар ду нукта таъкид мекунад:
Яке он,ки ҳарчиро Худованд офарида аз ҷамодот, наботот, ҳайвонот ва инсонҳо ҳамаро ба беҳтарин ваҷҳи мумкин офаридааст ва ҳечгуна нуқс ва халале дар дастгоҳи офариниши Ӯ роҳ надорад, дуввум он, ки ин оятҳо аз миёни ҳамаи мавҷудот, инсонро ба сурати ҷудогона зикр кардааст, зеро Худованд одами аввалияро аз об ва хок офарид ва бақои насли ӯро аз тариқи таволид ва таносил ва рушди нутфа дар раҳми модар қарор дод.
Лозим ба зикр аст,ки нутфаи инсон бо он, ки зоҳиран оби паст ва бе арзиш аст, аммо аз назари сохтумон ва селулҳои ҳаётии шиновар дар он, бисёр зариф ва фавқулода печида ва дақиқ аст ва аз нишонаҳои аззамати Парвардигор ва илм ва қудрати Ӯ ба шумор меравад.
Нуктаи дигар он, ки бархилофи фарзияи такомили Дарвин, ки инсонро маҳсули такомили навъи шимпонзе медонад, ин оят мефармояд: Ба иродаи Худованд, одами аввалия мустақиман аз об ва хок офарида шудааст ва аз ин ҷиҳат миёни ӯ ва наслаш тафовут вуҷуд дорад, чаро, ки одам худаш аз гил аст, вале насли ӯ аз нутфа аст, дар ҳоле, ки тибқи назарияи такомили Дарвин, одами аввалия низ падар ва модар дорад ва аз нутфати онҳо офарида шудааст.
На фақат ояти 7 – ти ин сура, балки ояти дигари Қуръон низ бар ин матлаб таъкид дорад, ки одам падар ва модар надоштааст, ба унвони мисол ояти 59 сураи Оли Умрон, масали офариниши Исо (а) “Бидуни доштани падар” – ро, ҳамчунин масали офариниши одам медонад “Ки бидуни доштани падар ва модар” аз хок офарида шудааст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Низоми мавҷуди ҷаҳон, низоми аҳсан аст, зеро барасоси илм ва ҳикмат ва қудрати бепойёни Худованд офарида шуда ва далиле бар вуҷуди нуқс ва халал дар он нест.
2 – Ҳунарманд, Худост, ки аз қатраи оби ночиз ва паст, мавҷуди арзишманд ва шигефтовар чун инсонро офаридааст.
3 – Аз онҷо, ки инсон аз об ва хок ва нутфаи бемиқдор офарида шудааст, сазовор нест дучори кибр ва ғурур ва худбартарбинӣ шавад.
9
ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِیهِ مِن رُّوحِهِ وَجَعَلَ لَکُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ قَلِیلًا مَّا تَشْکُرُونَ
Сипас “Андоми” ӯро мавзӯн сохт ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамид ва барои шумо гӯш ва чашмҳо ва дилҳо қарор дод, “Аммо” андаке аз шумо сипос мегузоред.
Ин оят ба мароҳили офариниши одам ва насли ӯ ишора карда ва мефармояд:
Худованд андомхои инсонро мавзӯн офарид ва ба ӯ ҷисми устувор атто кард, сипас бо эъттои рӯҳ ба инсон, ӯро аз дигар мавҷудоти ҷондор, мутамоиз сохт. Одами аввалия пас аз он, ки гил, қолаби инсонӣ гирифт, бо иродаи Худованд дорои ҷон шуд ва аз ҳаёти вижае бархурдор гардид, насли ӯ низ, ки то ба имрӯз идома дорад, ҳангоме, ки нутфа дар раҳим қарор мегирад, дар васатҳои даврони 9 моҳаи ҷанинӣ, аз ҳаёти вижае бархурдор мешавад.
Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки мурод аз рӯҳ дар ин оят, ки ба Худо нисбат дода шуда, ҳамон ҳаёти вижа аст, ки Худованд ба инсонҳо муҳаббат карда ва онҳоро аз дигар ҷондорон мутамойиз сохтааст, на он, ки чизе аз Худо дар инсон ҳулул “Ворид шудани рӯҳи шахсе дар дигаре” карда бошад чаро, ки чунин чизе мумкин нест.
Дигар ҷондоро низ чашм ва гӯш доранд, аммо рӯҳе, ки Худо ба инсон атто карда, боис мешавад идроке, ки инсон аз тариқи ин ҳавос ба даст меоварад, бисёр бартар аз дигар ҷондорон бошад, зеро Худованд илова бар ҳавоси панҷгона аз ҷумла чашм ва гӯш, ба инсон ақл ва қувати дарк ва фаҳм атто карда то ба кӯмаки онҳо, дидаҳо ва шунидаҳои худро таҷзия ва таҳлил карда ва қавонин ҳоким бар ҳастиро кашф кунад, бадӣ аст инсон ин қавонинро дар қолаби физик, шимӣ, зистшиносӣ ва дигар улум тадвин карда ва барасоси онҳо, даст ба анвои ибдоот ва иктишофот мезанад, лизо ҳамвора дар ҳоли рушд ва пешрафт аст, дар ҳоле, ки ҳеч таъғире дар наҳваи зиндагии дигар ҷондорон мушоҳида намешавад, ба унвони намуна занбури асал имрӯз дар муқоиса бо занбури асали ҳазорсол пеш, ба як шакл канду “Зарфи гилин” месозад ва ба як гуна асал тавлид мекунад.
Ин оят ба муҳимтарин абзорҳои шинохти инсон яъне чашм ва гӯш ва ақл ишора карда, ки бахше аз онҳо зоҳирӣ ва бахше ботинӣ ва нопайдост, шинохтҳои таҷрибӣ бо абзори чашм ва гӯш ба даст меояд ва шинохтҳои кулӣ ва истидлолӣ аз тариқи ақл ҳосил мешавад.
Табии аст ин неъматҳои бузӯрги Худовандӣ, истиҳқоқи шукр ва сипос дорад, аммо мутаасифона аксари инсонҳо холиқро фаромӯш карда, сипосгузори неъматҳо Ӯ нестанд, онҳое ҳам , ки Худоро сипос мегуянд, ин сипосгузорӣ дар шаъни эҳсон ва муҳаббатҳои бепойёни Ӯ нест.
Аз ин оят меомғзем, ки:
1 – Аз нишонаҳои шарофат ва каромати навъи инсон, дамида шудани рӯҳи илоҳӣ дар ӯ ва эъттои ҳаёти вижа аз сӯйи Худованд ба ӯст.
2 – Муқаддимаи “Сароғоз” шукргузорӣ, шинохти дурусти худ ва Худованд, то касе худро нашиносад Худоро намешиносад ва то касе Худоро нашиносад шукургузори Ӯ нахоҳад буд.
3 – Инсон мавҷуди ду буъдӣ аст: Яке баъди ӯ моддӣ аст ва буъди дигараш маънавӣ аст, ки албатта арзишманд ва ҳаётӣ аст, инсонҳои бофазилат ва шарофатманд, буъди моддиро дар хидмати буъди маънавӣ бакор мегиранд, вале инсонҳои паст ва бефазилат, буъди маънавиро раҳо карда ва танҳо ба ниёзҳои моддӣ саргарм мешаванд.