Қисмати 748 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 10-14
Қисмати 748 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 10-14
10
وَقَالُوا أَإِذَا ضَلَلْنَا فِی الْأَرْضِ أَإِنَّا لَفِی خَلْقٍ جَدِیدٍ بَلْ هُم بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ کَافِرُونَ
Ва гуфтанд: Оё ҳангоме, ки “Пас аз марг” дар замин “Пусида ва” гум шудем, офариниши тозае хоҳем ёфт? Балки онон ба лиқои Парвардигорашон кофиранд.
11
قُلْ یَتَوَفَّاکُم مَّلَکُ الْمَوْتِ الَّذِی وُکِّلَ بِکُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّکُمْ تُرْجَعُونَ
Бигу: Фариштаи марг, ки бар шумо гуморда “Гумоштан, касеро ба коре мансуб кардан, маъмур, шуда, ҷони шуморо меситонад, сипас ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед.
Дар оятҳои қабл, чигунагии офариниши инсон баён шуд, ин оятҳо ба марги инсон ишора дорад ва мефармояд: Мункирони қиёмат мегуянд: Ҳангоме,ки инсон мурд ва даруни хок қарор гирифт, ҳамаи аҷзои баданаш пусида ва муталошӣ мешавад, пас чизе аз ӯ боқӣ намемонад то дар қиёмат маҳшур шавад ва ҳаёти дубора биёбад!
Худованд дар посухи онҳо мефармояд: Ончӣ даруни хок меравад ва ба аҷзои дигар табдил мешавад, танҳо ҷисми инсон аст, вале рӯҳи инсон, ки ҳангоми ҳаёт ба ӯ медиҳем, дар мавқеъ марг, тавассути фариштагон бозпас гирифта мешавад, ин рӯҳ дар қиёмат ба ҷисми ҳамонанди ҷисми динявӣ мулҳақ мешавад, ба ин тартиб инсоне, ки дубора зинда шуда, дар саҳнаи маҳшар ҳозир мешавад.
Аз ин оятҳо меомӯзем,ки:
1 – Маод “Бозгашт, ҷойи бозгашт, олами охират, ҷаҳони дигар” Муод “Душманӣ” ҷисмонӣ аст, дар воқеъ ончиро мушрикон мавриди тардид ва инкор қарор медоданд, маоди “Ё муод” ҷисмонӣ буд.
2 – Ҳақиқати инсон, рӯҳи ӯст на ҷисми ӯ лизо бо аз байн рафтани бахше аз ҷисм монанди даст ё по ё чашм, инсон эҳсос намекунад, ки бахше аз ҳақиқати ӯ аз байн рафта ва ҳувияти ӯ дучори нуқс шудааст.
12
وَلَوْ تَرَى إِذِ الْمُجْرِمُونَ نَاکِسُو رُءُوسِهِمْ عِندَ رَبِّهِمْ رَبَّنَا أَبْصَرْنَا وَسَمِعْنَا فَارْجِعْنَا نَعْمَلْ صَالِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ
Ва агар бубини муҷримонро ҳангоме, ки назди Парвардигорашон сарҳои худро ба зер афканда “Мегуянд:” Парвардигоро “Ончиро ваъда дода буди” дидем ва шунидем, пас моро “Ба дунё” бозгардон то кори шоиста анҷом диҳем, ҳамоно мо ба яқин расидем.
Оятҳои қабл, инкори мушрикон нисбат ба қиёматро баён кард, ин оят хитоб ба Паёмбар (с) ва муъминон мефармояд: Эй кош медиди, ки ҳамин муҷримон дар қиёмат сар ба зер афканда ва тақозои бозгашт ба дунёро доранд, дар ҳоле, ки хостаи онҳо пазируфта намешавад, онҳо бо дидани Биҳишт ва дузах ва шунидани нолаҳои дузахиён, эълом мекунанд, ки Худоё дигар қиёматро инкор намекунем, зеро онро бо чашми худ дидем ва яқин кардем, аммо ин эътирофи дер ҳангом аст ва суде ба ҳоли онҳо надорад.
Магар дар дунё суханони паёмбаронро нашунидед ва муъҷизоти онҳоро надидед? Чаро тамоми онҳоро надида ва нашунида гирифтед ва таваҷҷӯҳе накардед? Оё эҳтимол намедодед сухани онҳо дуруст бошад? Оё далиле барои радди сухан ва мантиқи онҳо доштед? Ё он, ки барои расидан ба хостаҳои нафсонӣ ва шаҳавоти худ, онҳоро инкор мекардед то ба гумони худ аз ҳар ҷиҳат озод бошед ва хуш зиндагӣ кунед?
Аз ин оя меомӯзем, ки:
1 – Қиёмат, рӯзи сарафкандагии саркашон ва муҷримон аст,ҳамонҳое, ки дар дунё муъминонро таҳқир мекарданд ва сафия “Нодон, беиттилоъ, аблаҳ, аҳмақ, кам ақл” мехонданд.
2 – Муъминон тезбин ҳастанд ва дар ин дунё, ба қиёмат ва биҳишт ва дузах яқин доранд, аммо кофирон дар қиёмат, чашм ва гӯшашон боз мешавад ва ба яқин мерасанд чаро, ки қиёмат, рӯзи кашфи ҳақоиқ ва боз шудани чашм ва гӯшҳост.
3 – Ончӣ дар қиёмат ба кор меояд ва мӯҷиби наҷот аст, кори нек ва амали солеҳ аст.
13
وَلَوْ شِئْنَا لَآتَیْنَا کُلَّ نَفْسٍ هُدَاهَا وَلَـکِنْ حَقَّ الْقَوْلُ مِنِّی لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِینَ
Ва агар мехостем ҳидояти ҳар касро “Аз рӯйи иҷбор” ба ӯ медодем, “Аммо ҳамаро мухтор офаридем то худ роҳи хайр ва шарро баргузинанд” ва лекин сухан “Ва ваъдаи” Ман ҳатмӣ “Ва муҳаққиқ шуда” аст, ки дузахро аз ҷинниён ва одамиёни “Муҷрим” ҳамагӣ пур хоҳам кард.
14
فَذُوقُوا بِمَا نَسِیتُمْ لِقَاءَ یَوْمِکُمْ هَـذَا إِنَّا نَسِینَاکُمْ وَذُوقُوا عَذَابَ الْخُلْدِ بِمَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Пас ба хотири он, ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, “Азобро” бичашед, мо низ шуморо фаромӯш кардем ва азоби ҷовидонро бичашед, ба ончӣ анҷом медодед.
Ин оятҳо бар вижагии ихтиёри будани ҳидоят таъкид карда ва мефармояд: Худованд асбоби ҳидоятро, ки шомили паёмбарон ва китобҳои осмонӣ ва ақл ва фитрат аст, барои ҳамаи инсонҳо фароҳам кардааст, аммо инсонҳо дар пазириши ин ҳидоят ё адами пазириши он ихтиёр доранд, Худованд ва фариштагони Ӯ, мардумро маҷбур намекунанд, ки бипазиранд, албатта табии аст, ки ҳар кас ҳидояти илоҳиро напазиранд, дучори гумроҳӣ шуда ва дар роҳи инҳирофӣ гом бармедоранд, ки саранҷомаш дузах аст.
Аз ин ҷиҳат анбиёъ монанди муалимоне ҳастанд, ки дарсҳоро ба таври комил ба донишомӯзон ироа мекунанд, вале касеро маҷбур ба дарсхондан намекунанд, табии аст, ки донишомӯзони танбал дар поёни соли мардудшуда ва дар ҳамин зиндагии дунявӣ аз бисёре аз имтиёзот маҳрум мешаванд.
Бархе аз афрод мегуянд: Чигуна мумкин аст Худои раҳмон бандагони худро дар оташи дузах бисузонад? Ин оятҳо ин таваҳум ва тасаввури ботилро рад карда ва мефармояд: Раҳмати Худованд то вақте аст, ки бандаи худро аз дарёфти раҳмати илоҳӣ маҳрум накунад, ин раҳмат то замоне аст, ки бандаи гунаҳкор, аз кораш пушаймон шуда ва тавба кунад, чаро, ки Худованд бисёр омурзанда ва меҳрубон аст, аммо инсони муҷрим ва гунаҳкоре, ки пайваста баргуноҳ ва зулм ва фасод исрор меварзад ва дар фикри тавба ва ислоҳи ҷароимаш нест, заминае барои дарёфти раҳмат боқӣ намегузорад то мавриди бахшиш қарор гирифта ва аз азоб раҳоӣ ёбад.
Ингуна афрод монанди касе ҳастанд, ки барлабаи партгоҳи ҳавлнок истодааст, ҳар чӣ дигарон ӯро насиҳат мекунанд, ки инҷо партгоҳ ва хатарнок аст, ҳеч таваҷҷӯҳе намекунад ва ба роҳи нодурӯсти худ идома медиҳад то он, ки ба қаъри дарра суқут мекунад.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Пазириши ҳидояти илоҳӣ, ихтиёрӣ аст на иҷборӣ зеро имони иҷборӣ арзиш ва эътиборе надорад.
2 – Раҳмати густурдаи илоҳӣ, монеи қаҳр ва ғазаби Ӯ бар муҷримон ва ситампешагон нест.
3 – Худованд ҳечгоҳ бандаеро фаромуш намекунад, магар он, банда бихоҳад Худо ӯро фармуш кунад.
4 – Фаромуш кардани маод, сарчашмаи гуноҳон ва аъмоли муҷримона аст ва мӯҷиб мешавад, ки фард ба кайфари сахт гирифтор шавад.