Феврал 13, 2017 11:29 Asia/Dushanbe

Қисмати 749 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 15-19

15

 

انَّمَا یُؤْمِنُ بِآیَاتِنَا الَّذِینَ إِذَا ذُکِّرُوا بِهَا خَرُّوا سُجَّدًا وَسَبَّحُوا بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَهُمْ لَا یَسْتَکْبِرُونَ                      

 

Танҳо касоне ба мо имон доранд, ки ҳар вақт ин оятҳо ба онҳо ёдовари шавад, саҷдакунон ба рӯй дармеафтанд ва ҳамроҳ бо ситоиш, Парвардигорашонро аз ҳар айб ва нуқсе муназзаҳ мешуморанд ва онон такаббур намеварзанд.

 

Чи басо афроде мудаии имон ҳастанд, аммо рафтори онҳо бо гуфторашон мутафовит “Ҷудо, мухталиф”  аст, идаъои имон доранд аммо корҳо ва аъмоли онҳо бо Қуръон созгор нест , мудаъии имон ҳастанд аммо на дар баробари Худо сар ба саҷда мегузоранд ва на дар баробари мардум, мутавозеъ ва фурутан ҳастанд ҳам Худоро нофармонӣ мекунанд ва ҳам бар мардум, бузургӣ ва фахр мефурушанд.

Ин оят бо вожаи “انَّمَا” оғоз шуда, ки баёнгари ҳаср аст, яъне фақат ва фақат афроде, ки аз чунин вижагиҳое бархурдоранд, муъмини воқеӣ ҳастанд ва дигарон, мудаиёни дуруғини имон ҳастанд.

Аз вижагиҳои муъмини воқеӣ, таслим будан дар баробари Қуръон ва каломи Худост, багунае, ки ҳаргоҳ нидои Қуръонро бишнаванд, сари таслим фуруд меоваранд ва ба ҳамд ва тасбиҳи илоҳӣ мепардозанд, ё ҳаргоҳ барасоси оятҳои Қуръон, ба онҳо тазаккуре дода шавад, бечун ва чаро мепазиранд ва гирифтори ғурур ва такаббур намешаванд.

Онҳо аз як сӯ сипосгузори неъматҳои илоҳӣ ҳастанд ва аз сӯйи дигар, мушкилот ва мусоиби зиндагиро ба гардани Худо намеандозанд ва ӯро аз ҳаргуна нуқс ва халал  “Фасод”  дар тадбири умури ҳастӣ пок ва мубарро медонанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Саҷда дар баробари Худованд ва тасбеҳ ва ситоиши Ӯ, аз нишонаҳои муъмини воқеӣ аст, мусалмоне, ки намоз ба ҷо намеоварад дар воқеъ ба дараҷаи имон ноил нашудааст.

 

2 – Беҳтарин зикр дар ҳоли саҷда, тасбиҳ ҳамроҳ бо ҳамд ва ситоиши Парвардигор аст, “سبحان ربی الاعلی و بحمده

 

3 – Саҷдаи арзишманд аст, ки дар пайи он, ғурур ва такаббур ва фахруфурӯшӣ набошад.

 

 

16

 

تَتَجَافَى جُنُوبُهُمْ عَنِ الْمَضَاجِعِ یَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًا وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ یُنفِقُونَ                           

 

Онон “Дар дили шаб”  паҳлуҳояшон аз бистарҳо дур мешавад “Ва” Парвардигори хешро бо бим ва умед мехонанд ва аз ончӣ рӯзияшон додаем, инфоқ мекунанд.

 

 

17

 

فَلَا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَّا أُخْفِیَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعْیُنٍ جَزَاءً بِمَا کَانُوا یَعْمَلُونَ                                    

 

Пас ҳеч кас намедонад, чӣ чизе, ки мояи равшании хашмҳост, барои онон наҳуфтааст, ба подоши корҳое, ки анҷом медоданд.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки ба фурутанӣ дар баробари Худованд ва каломи Ӯ ишора дошта ин оятҳо бархе дигар аз вижагиҳои аҳлли имонро баршумурда ва мефармояд: онҳо на фақат намозҳои воҷибро иқома мекунанд, балки дар нимаҳои шаб, ҳама оромидаанд, аз бистари хоб бархоста ва ба намоз ва муноҷот бо Худо мепардозанд беҳтарин замон барои роз ва ниёз бо Худо дили шаб аст, чаро, ки дар он ҳангом, инсон ба дур аз ғавғои кор ва машғалаҳои “машғулятҳо”  фикрӣ ва бо ҳузури қалб метавон бо Худои худ муноҷот кунад нимаҳои шаб, фурсати муносибе аст барои он,ки инсон ба хотири хатоҳои худ пузиш “Узр”  биталабад, аз Худо умеди бахшиш  ва омурзиш дошта бошад аз бими гирифтор шудан ба дузах, ашк бирезад ва ба лутф ва раҳмати илоҳӣ дил бибандад.

Бадеҳи аст ин иртибот бо Худо, ӯро ба иртибот бо бандагони Худо низ суқ медиҳад ӯ дар ҳади тавони худ ба мушкилоти ниёзмандон расидагӣ мекунад ва аз ончӣ Парвардигор ба ӯ атто карда, ба бандагони Худо инфоқ мекунад.

Идомаи оятҳо дар бораи подоши чунин афроде мефармояд: Онон, ки ба дур аз ҳаргуна риё ва худнамоӣ, бо ишқ ва алоқа, ҳам ба ибодати Худо мепардозанд ва ҳам ба бандагони Худо расидаги мекунанд, подоше доранд, ки барои ҳечкас қобили тасаввур нест дар воқеъ ҷуз Худо касе намедонад, ки чӣ подоши муҳиме барои онон дар назар гирифта шудааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Муъмини воқеӣ, на худро аз ғазаби илоҳӣ дар амон медонад ва на аз раҳмати Ӯ маъюс мешавад, ӯ ҳамвора миёни бим ва умеди зиндагӣ мекунад ва гирифтори ғуру ва яъс намешавад.

 

2 – Саҳархезӣ ва дил кандан аз хоб барои тиловати Қуръон, хондани намози шаб ва роз ва ниёз бо Парвардигори олам, аз нишонаҳои муъминони воқеӣ аст.

 

3 – Барои дарёфти подоши беҳисоби илоҳӣ, баҷост, ки душвории саҳархезиро бар худ ҳамвор кунем.

 

18

 

أَفَمَن کَانَ مُؤْمِنًا کَمَن کَانَ فَاسِقًا  لَّا یَسْتَوُونَ            

 

Оё касе, ки муъмин аст мисли касе аст, ки нофармон аст? “Ҳаргиз бо ҳам” баробар нестанд.

 

 

19

 

أَمَّا الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ فَلَهُمْ جَنَّاتُ الْمَأْوَى نُزُلًا بِمَا کَانُوا یَعْمَلُونَ                         

 

Аммо онон, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, барои пазирои аз онҳо, ҷойгоҳе аз боғҳои биҳишт фароҳам аст, ба хотири ончӣ анҷом медоданд.

 

Дар идомаи оятҳои пешин ин оятҳо мудаиёни ростин ва дуруғини имонро бо ҳам муқоиса карда ва мефармояд: поёни кори ҳар ду гурӯҳро бубинед то бидонед он, ки фармонбардори дастурҳои Худост ба куҷо мерасад ва он, ки идаъои имон мекунад аммо амали нофармон аст чӣ саранҷоме дорад ва ҳаргиз ин ду дар назди Худо яксон нестанд.

Идомаи оятҳо биҳиштро ҷойгоҳе медонанд, ки Худованд барои пазирои аз бандагони солеҳ ва некӯкораш муҳайё кардааст ва ҳар кас ба таносуби корҳои некаш аз ин ҷойгоҳ бархурдор мешавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

1 – Барои даъвати мардум ба имон зиндагии муъминони воқеиро бо гунаҳкорон ва фосиқон муқоиса кунем то мардум нуқоти мусбат ва манфии ҳар гурӯҳро ба вузуҳ “Равшан, ошкор”  дарк кунанд.

 

2 – Имон аз амал ҷудо нест ва биҳишт подоши амали инсонҳост на идаъои имони онҳо.