Қисмати 750 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 20-25
Қисмати 750 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 20-25
20
وَأَمَّا الَّذِینَ فَسَقُوا فَمَأْوَاهُمُ النَّارُ کُلَّمَا أَرَادُوا أَن یَخْرُجُوا مِنْهَا أُعِیدُوا فِیهَا وَقِیلَ لَهُمْ ذُوقُوا عَذَابَ النَّارِ الَّذِی کُنتُم بِهِ تُکَذِّبُونَ
Аммо касоне, ки нофармони карданд, пас ҷойгоҳашон оташ аст, ҳаргоҳ бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, ба он боз гардонда мешаванд ва ба онон гуфта мешавад: Бичашед азоби оташеро, ки ҳамвора онро такзиб мекардед.
21
وَلَنُذِیقَنَّهُم مِّنَ الْعَذَابِ الْأَدْنَى دُونَ الْعَذَابِ الْأَکْبَرِ لَعَلَّهُمْ یَرْجِعُونَ
Ва бетардид ғайр аз он азоби бузургтар “Дар қиёмат" аз азоби наздик “Дар ин дунё” ба онон мечашонем шояд боз гарданд.
Дар ояҳои қабл, Худованд фармуд: Муъмин ва фосиқ дар назди ман яксон нестанд, муъминон ба хотири корҳояшон истиҳқоқи “Сазовор, шоиста” биҳишт доранд ва дар онҷо манзил мегузинанд ин оятҳо мефармояд: Аммо касоне, ки иддаои имон доранд вале дар амал, мутии фармони илоҳӣ набуда ва ҳамвора нофармонӣ мекунанд, онон гирифтори дузах мешаванд ва ҳеч роҳи гурез аз он надоранд.
Албатта онҳо дар дунё ба шаклҳои мухталифе танбеҳ мешаванд то шояд тавба ва аз корҳои бади худ даст бардоранд ва гирифтори азоби охират нашаванд аммо дар қиёмат роҳи тавба бастааст ва имкони бозгашт вуҷуд надорад.
Барасоси ривоятҳо, бархе мусибатҳо, бемориҳо ва ранҷҳое, ки инсон дар дунё бо онҳо мувоҷҷеҳ “Рӯ ба рӯ” мешавад, навъе кайфари илоҳӣ барои тазаккур ба инсон ва танбеҳи ӯст томутанаббеҳ шавад ва аз ҷароим ва корҳои хилофи худ даст бардорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Фисқ ва гуноҳ, гоҳе чунон инсонро иҳота мекунад, ки гуйё қиёматро қабул надорад ва мункири қиёмат аст.
2 – Кайфарҳои илоҳӣ, ба қиёмат ихтисос надорад, дар дунё низ Худованд бархе инсонҳоро кайфар мекунад, ин худ неъмате аст барои он, ки инсони хатокор тавба кунад ва ба роҳи рост бозгардад.
3 – Қаҳри илоҳӣ низ дар ҷиҳати тарбияти инсон аст ва аз раҳмати илоҳӣ сарчашма мегирад.
22
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن ذُکِّرَ بِآیَاتِ رَبِّهِ ثُمَّ أَعْرَضَ عَنْهَا إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِینَ مُنتَقِمُونَ
Ва кист ситамгортар аз касе, ки ба оятҳои Парвардигораш тазаккур дода шавад, вале аз онҳо эъроз намояд? Бегумон мо аз муҷримон интиқом хоҳем гирифт.
Дар ин оят, Худованд касонеро, ки бо шинохт аз оятҳо ва дастуроти илоҳӣ эъроз карда ва дар мақоми инкор ва такзиби оятҳои илоҳӣ бармеоянд, зулмонӣ медонад, ки истиҳқоқи “Сазовор, соишта” кайфар доранд дар фарҳинги Қуръон, зулм ба худ ва гирифтор шудан ба куфр ва ҷурм, чӣ басо болотар аз зулм ба дигарон бошад, зеро ҳамин маншаи “Маҳали пайдоиш” зулм ба дигарон мешавад, инсони муъмин ҳечгоҳ дар садади зулм ба дигарон барнамеояд, аммо касе,ки ҳақро пушонда ва роҳи куфрро дар пеш мегирад, ба роҳати метавонад ҳуқуқи дигаронро нодида гирифта ва ба онҳо ситам кунад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Рӯҳияи инод “Саркашӣ” ва лаҷоҷат, мӯҷиб мешавад, ки вақте ба инсон тазакккур медиҳанд ба ҷойи даст бардоштан аз кори хилофи худ бар он исрор варзад ва дар лаҷанзори гуноҳ бештар фурӯ равад.
2 – Дар бархурд бо муҷримон, гоҳ пас аз ихтор ва тазаккур ба танбеҳ ва шиддати амал низ ниёз аст.
23
وَلَقَدْ آتَیْنَا مُوسَى الْکِتَابَ فَلَا تَکُن فِی مِرْیَةٍ مِّن لِّقَائِهِ وَجَعَلْنَاهُ هُدًى لِّبَنِی إِسْرَائِیلَ
Ва ҳамоно мо ба Мусо китоби “Осмонӣ” додем, пас дар мулоқоти ӯ “Бо Парвардигор ва дарёфти ояҳои илоҳӣ” тардид ба худ роҳ мадеҳ, мо он “Китоб” – ро мояи ҳидояти банни Исроил қарор додем.
24
وَجَعَلْنَا مِنْهُمْ أَئِمَّةً یَهْدُونَ بِأَمْرِنَا لَمَّا صَبَرُوا وَکَانُوا بِآیَاتِنَا یُوقِنُونَ
Ва аз онҳо пешвоёне қарор додем, ки ба фармони мо “Мардумро” ҳидоят мекарданд, чун “Дар роҳи ҳақ” шикебоӣ варзиданд ва ба оятҳои мо яқин доштанд.
25
إِنَّ رَبَّکَ هُوَ یَفْصِلُ بَیْنَهُمْ یَوْمَ الْقِیَامَةِ فِیمَا کَانُوا فِیهِ یَخْتَلِفُونَ
Ҳамоно Парвардигорат рӯзи қиёмат, миёни онон дар бораи он, чӣ ихтилоф мекарданд, доварӣ хоҳад кард.
Ин оятҳо ибтидо ба ҷараёни биъсати паёмбарон ва нузули китобҳои осмонӣ дар тӯли таърих ишора карда ва мефармояд: Беҳеҷ шак ва таридиде мо будем, ки ба Мусо (а) китоб додем то банни Исроилро ба роҳи рост ҳидоят кунад ва онҳоро аз султаи Фиръавн озод созад, дар миёни ин қавм низ идае бо Мусо (а) ҳамроҳи карданд ва дар роҳи мубориза бо Фиръавн сабр пеша карданд ва устувор монданд онҳо ба ваъдаҳои илоҳӣ ва таврот яқин доштанд ва тавонистанд бар душманон ғалаба карда ва ба пешвоии ҷомиаи худ бирасанд.
Чунин афроде барасоси китоби Худо ва дастурҳои паёмбари илоҳӣ барҷомеа ҳукум меронданд ва фармони илоҳиро ба иҷро дармеоварданд.
Ин муъминони ростин, ки дар сойяи имон ва истиқомат ба ҳукумат расидан тобеи хостаҳои худ ё амёл ва ҳавоҳои мардум набуданд, балки мутеи фармони Худованд буда ва мабнои корашон дастурҳои илоҳӣ буд онҳо ҳукми Худоро бар рай “Фикр, андеша” ва назари худ муқаддам мешумурданд ва ба ҷойи пайравӣ аз ҳавои нафс, бар асоси китоби Худо ва қонунҳои илоҳӣ ҳукумат мекарданд.
Албатта қавми банни Исроил низ гирифтори ихтилофе буданд, ки мӯҷиби тафриқа дар миёни онҳо мешуд ва маншаи ин ихтилофҳо дури аз ҳақ ва таваҷҷуҳ ба ҳавои нафс буд, лизо Худованд бо лаҳни таҳдидомез мефармояд: Ин гурӯҳи афрод, ки омили тафриқа дар дини мардум мешаванд бидонанд, ки ҳисоби онҳо дар қиёмат бо Худованд аст ва Ӯ барасоси адл бо онҳо рафтор хоҳад кард.
Аз иноятҳо меомӯзем, ки:
1 – Биъсати паёмбарон, як ҷараёни пайваста дар таърих будааст ин ҷараён пеш аз паёмбари Ислом (с) низ собиқаи тулонӣ доштааст ва набояд дар бораи раҳбарони осмонӣ кучактарин шак ва тардиде вуҷуд дошта бошад.
2 – Имон ва яқин ва истиқомат дар роҳи Худо, аз шартҳои лозим барои раҳбарӣ аст инсон бояд ба ҳадаф яқин дошта бошад ва то охирин марҳала истодагӣ кунад то аз шойистагии лозим барои раҳбарии ҷомеа бархурдор шавад.
3 – Раҳбарони динӣ ҳаргиз набояд дар кори худ ва ҳидояти мардум дилсард шаванд, зеро ихтилофот ҳамеша будааст.