Қисмати 751 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 26-30
Қисмати 751 сураи муборакаи " Саҷда ", ояи 26-30
26
أَوَلَمْ یَهْدِ لَهُمْ کَمْ أَهْلَکْنَا مِن قَبْلِهِم مِّنَ الْقُرُونِ یَمْشُونَ فِی مَسَاکِنِهِمْ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ أَفَلَا یَسْمَعُونَ
Оё барои онҳо равшан нашуда, ки мо “Қавмҳо ва” қабилаҳои бисёреро пеш аз эшон ҳалок кардем, бо ин, ки “Онҳо” дар хонаҳои он ҳалокшудагон рафт ва омад доранд? Албатта дар ин амр “Ибратҳо ва” нишонаҳое аст оё намешунаванд?
Дар ояти қабл, Худованд ваъда дод, ки интиқоми мазлумонро аз ситамгарон хоҳад гирифт ин оят хитоб ба онҳо мефармояд: Оё ин барои ҳидояти шумо кофӣ нест, ки мебинед ва медонед, ки бисёре аз ақвоми гунаҳкори пешинро ҳалок кардаем ва шумо дар харобаҳои онҳо қадам мезанед? Осори боқимонда аз харобаҳои қавми Од (а) ва Самуд (а) дар миёнаи роҳи Макка ба Шом қарор дошта ва мардуми Макка дар сафарҳои тиҷории худ аз канори мегузаштанд, сарзаминҳое, ки рӯзе қавмҳои қудратманд ва сарватманд дар онҳо сокин буданд, аммо бар асари гуноҳ ва зулм ва фасод, гирифтори бало шуданд ва тумори тамадуни онҳо дар ҳам печида шуд.
Гуё вайронаҳои ин қавмҳо бо нидои баланд фарёд мезананд ва мусофиронро ба ибратгирӣ ва пандомӯзӣ фаро мехонанд, аммо касе гӯшаш намешунавад ва ба ин нидоҳо таваҷҷуҳ надорад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Осори бостонии боқимонда аз тамадунҳои пешин, пеш аз он,ки маҳале барои гирифтани филм ва акси ёдгори бошад, бояд маҳале барои гирифтани ибрат аз сарнавишти гузаштагон бошад.
2 – Гузашта, чароғи роҳи оянда аст ба шарти он, ки инсон бо чашм ва гӯши боз ҳодисаҳои гузаштаро мутолиа кунад ва аз онҳо ибрат бигирад.
3 – Агар гӯш шунаво бошад, харобаҳои хомӯш ва матрука низ барои мо ҳомили паём ҳастанд.
4 – Ҳифзи осори бостонии гузаштагон барои ибрат гирифтани ояндагон лозим аст.
27
أَوَلَمْ یَرَوْا أَنَّا نَسُوقُ الْمَاءَ إِلَى الْأَرْضِ الْجُرُزِ فَنُخْرِجُ بِهِ زَرْعًا تَأْکُلُ مِنْهُ أَنْعَامُهُمْ وَأَنفُسُهُمْ أَفَلَا یُبْصِرُون
Оё надиданд, ки мо обро ба сӯйи замини бегиёҳ меронем, пас ба василаи он зироатеро меруёнем то чаҳорпоёнашон ва худашон аз он бихуранд? Пас оё намебинанд?.
Дар идомаи ояти қабл, ки баёни қаҳри илоҳӣ нисбат ба муҷримон буд, ин оят ба лутф ва раҳмати густурдаи илоҳӣ нисбат ба ҳамаи офаридгор ишоар карда ва мефармояд: Оё намебинед, ки Худованд чигуна обро ба сарзаминҳои хушк ва бе об ва алаф мерасонад то мойяи сарсабзӣ ва ободонии онҳо шавад ва барои ҳаёти инсонҳо ва ҳайвонҳо, ғазои муносиб фароҳам гардад?
Ҳақиқат ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба пастиҳо ва баландиҳо ва ноҳамвориҳо дар сатҳи замин назири кӯҳҳо ва тепаҳо ва дарраҳо, имкони обрасонӣ аз дарёҳо ва уқёнусҳо ба бисёре аз нуқтаҳои кураи замин вуҷуд надорад, афзун бар он, ки оби дарёҳо ва уқёнусҳо шӯр ва талх аст ва имкони ошомидан надорад.
Худованд бо табхири оби дарёҳо тавассути хуршед ва табдили онҳо ба абр, ҳар ду мушкилро ҳал кардааст, ба ин тартиб, ки абрҳо бо ҷараёни бод ба ҳаракат дармеоянд ва баррӯйи нуқтаҳои хушки замин ба шакли борон сарозер мешаванд.
Ба илова, дар фароянди табхири об, талхӣ ва шӯрии оби дарё гирифта мешавад ва оби зулол ва ширин ва қобили шарб “Нушидан” дар ихтиёри сокинони замин қарор мегирад, ин неъмати бузург аст, ки ҳамаи онро мушоҳида мекунанд, аммо ба азамати “Бузургӣ” он таваҷҷуҳ надоранд, дар ҳоле, ки ҷараёни ҳисобшудаи гардиши об дар табиат, нақши калидӣ дар идомаи ҳаёти мавҷудоти рӯйи замин дорад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Табиати сарсабз ва муҳити зисти инсон ва ҳайвон, беҳтарин дарси Худошиносӣ аст, албатта агар донишомузони ин дарс дар талаби шинохт ва маърифат бошанд.
2 – Ҳаракати абрҳо ва бориши борон дар минтақаҳои дур аз дарёҳо ва уқёнусҳо, тасодуфӣ нест, балки бо иродаи ҳакимонаи Парвардигор аст.
3 – Низоми бориши борон ва рӯйиши гиёҳон, аз оятҳо ва нишонаҳои илоҳӣ аст ва набояд сода аз канори он бигзарем.
28
وَیَقُولُونَ مَتَى هَـذَا الْفَتْحُ إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ
Ва онон мегуянд: Агар шумо рост мегуед, ин пирӯзӣ “ки ваъда медиҳед” чӣ замоне хоҳад буд?
29
قُلْ یَوْمَ الْفَتْحِ لَا یَنفَعُ الَّذِینَ کَفَرُوا إِیمَانُهُمْ وَلَا هُمْ یُنظَرُونَ
Бигу: “Дар” рӯзи пирӯзи, имон овардани касоне, ки куфр варзиданд, суде ба ҳолашон нахоҳад дошт ва ба онон муҳлат дода нахоҳад шуд.
30
فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ وَانتَظِرْ إِنَّهُم مُّنتَظِرُونَ
Пас, аз онон рӯй бигардон ва мунтазир бош, ки онон низ мунтазиранд.
Ин оятҳо, ки оятҳои охири сураи Саҷда аст, дар идомаи оятҳои қабл мефармояд: Кофирон ва мушрикон ҳамвора аз Паёмбар (с) мешуниданд, ки ҳақ бар ботил пирӯз мешавад ва Худованд чунин ваъдаеро ба аҳлли имон додааст лизо аз рӯйи истиҳзоъ ва тамасхур ба паёмбар (с) ва муъминон мегуфтанд: Ин ваъдае, ки шумо медиҳед ва мегуед: Худованд аз маҳрумон интиқом мегирад ва пас аз итмоми ҳуҷҷат онҳоро ҳалок мекунад, чӣ замоне хоҳад буд? Ин кайфаре, ки шумо ваъда медиҳед дар дунё моро фаро хоҳад гирифт, чӣ замоне муҳақақ хоҳад шуд?
Худованд дар посухи онҳо мефармояд: Он рӯз хоҳад омад, аммо гумон накунед, ки дар он рӯз имон овардани шумо пазируфта шуда ва ба шумо муҳлат дода хоҳад шуд, дар он рӯз фурсате барои бозгашт ва ҷуброн нахоҳад буд.
Ояти поёнии сура дастур медиҳад аз чунин афроди лаҷбозе, ки ҳақро мефаҳманд, вале қасди тамасхараи онро доранд, дурӣ кунед ва ба онҳо бигуед: мунтазир бошед то Худованд миёни мо ва шумо доварӣ кунад.
Аз ин оятҳо меомғзем,ки:
1 – Гоҳе тарҳи савол барои дарки ҳақиқат нест, балки барои тамасхара ва истиҳзои он аст.
2 – Имон дар лаҳзаи изтирор арзише надорад, зеро ихтиёр ва ирода аз инсон салб мешавад.
3 – Ҳангоме, ки истидлол ва мавъиза корсоз нест, бояд аз мунҳарифон дурӣ ва эъроз кард.