Қисмати 752 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 1-5
Қисмати 752 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 1-5
بسم الله الرحمن الرحیم
Сураи Аҳзоб дар Мадина нозил шуда ва ҳафтоду се оят дорад, ҳудуди бист оят аз ин сура дар бораи ҷанги аҳзоб аст, ки ба далили кандани хандақ дар атрофи Мадина, ба ҷанги хандақ низ машҳур аст.
1
یَا أَیُّهَا النَّبِیُّ اتَّقِ اللَّـهَ وَلَا تُطِعِ الْکَافِرِینَ وَالْمُنَافِقِینَ إِنَّ اللَّـهَ کَانَ عَلِیمًا حَکِیمًا
Эй Паёмбар! Аз Худо парво “Тарс, ҳарос, бим” кун ва аз кофирон ва мунофиқон итоат макун, ки Худованд доно ва ҳаким аст.
2
وَاتَّبِعْ مَا یُوحَى إِلَیْکَ مِن رَّبِّکَ إِنَّ اللَّـهَ کَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِیرًا
Ва аз сӯйи Парвардигорат ба ту ваҳӣ мешавад пайравӣ кун, ки Худованд ба ончӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.
3
وَتَوَکَّلْ عَلَى اللَّـهِ وَکَفَى بِاللَّـهِ وَکِیلًا
Ва бар Худованд таваккул кун ва ҳамин пас, ки Худованд вакил ва нигҳбони “Ту” бошад.
Чунон, ки дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, бархе аз сарони мушрикон ҳамчун Абусуфиён ба Паёмбар (с) гуфтанд, ки агар аз худоёни мо даст бардори, мо ҳам аз ту даст бармедорем ва иҷоза медиҳем динатро дар миёни мардум таблиғ куни.
Худованд дар ин оятҳо паёмбарашро мавъиза мекунад, ки муроқиби ингуна пешниҳодҳои созишкорона бошад ва ба хотири таблиғи ойини худ бо душманони Ислом созиш накунад ва аз муқобила бо куфр ва ширк даст бардорад, албатта табии аст, ки душманон низ даст аз тавтиа барнамедоранд, лизо бояд ҳамвора ба Худованд таваккул намуд ва аз Ӯ кӯмак хост, ки барои корҳо ба Ӯ кофӣ аст.
Аз ин оятҳо мермӯзем, ки:
1 – Ҳаргуна созиш бо душманони дин, ки ба итоат аз хостаҳои онҳо биянҷомад, бо тақвои илоҳӣ созгор нест.
2 – Мунофиқони дохилӣ бо душманони хориҷӣ, ҳамфикр ва ҳамхат ҳастанд, бояд муроқиби онҳо буд.
3 – Ба ҷойи талош барои ҷалби ризояти кофирон, дар садади пайравӣ аз таълимҳои дин бошем, гарчӣ барои онҳо нохушоянд бошад.
4 – Адами итоат аз кофирон ва мунофиқон ва пайравӣ аз роҳи ваҳӣ, мушкилотеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт дар ин робита, қавитарин пуштувона “Пуштибон” барои сабр ва истодагӣ дар баробари мухолифон, таваккул ба Худост, ки беҳтарин вакили муъминон аст.
4
مَّا جَعَلَ اللَّـهُ لِرَجُلٍ مِّن قَلْبَیْنِ فِی جَوْفِهِ وَمَا جَعَلَ أَزْوَاجَکُمُ اللَّائِی تُظَاهِرُونَ مِنْهُنَّ أُمَّهَاتِکُمْ وَمَا جَعَلَ أَدْعِیَاءَکُمْ أَبْنَاءَکُمْ ذَلِکُمْ قَوْلُکُم بِأَفْوَاهِکُمْ وَاللَّـهُ یَقُولُ الْحَقَّ وَهُوَ یَهْدِی السَّبِیلَ
Худованд барои ҳеч марде дар дарунаш ду дил наниҳода ва ҳаргиз ҳамсаронатонро, ки зиҳор “Яъне чунон, ки модар барои ман ҳаром аст ту низ аз ин пас чунони” накунед, модарони шумо қарор надода ва фарзандхондаҳои шуморо писарони “Воқеии” шумо қарор надодааст, ин сухани шумост, ки ба забон мегуед ва Худованд ҳақро мегуяд ва Ӯст, ки ба роҳи “рост” ҳидоят мекунад.
Оятҳои қабл, паёмбар (с) ва муъминонро аз пайравии кофирон наҳӣ мекард ин оят ба чанд намуна аз хурофот ва инҳирофоти мушрикон ишора карда мефармояд: Худованд чунин корҳои ботилеро таъйид намекунад, пас аз онҳо дури кунед зеро дар як дил, ду дӯсти ҷамъ намешавад, дӯстии Худо бо дӯстии мушрикон ва кофирон қобили ҷамъ нест, агар Худоро дӯст доред бояд тобеи Ӯ бошед ва аз душманони дин дурӣ кунед.
Яке аз рафторҳои нодуруст дар асри ҷоҳилят ин буд, ки ҳаргоҳ мард аз ҳамсараш нороҳат ё хашмгин мешуд, ба ӯ мегуфт: ту аз ин бабаъд монанди модарам ҳастӣ ва пас аз он, робитаи заношуӣ бо ӯ барқарор намекард, дар ҳоле, ки ҳамсар ҳечгоҳ модари фард намешавад, ин сухани норавое буд, ки онҳо ба қасди ибрози танафур аз ҳамсари худ баён мекарданд.
Аз дигар бовариҳои хурофии он даврон ин буд, ки ҳаргоҳ кудакеро ба унвони фарзанди худ интихоб мекарданд ӯро писари воқеии худ мешумурданд ва тамоми ҳуқуқеро, ки як писар аз падар дошт, барои ӯ қойил мешуданд, ӯ аз падархонда ирс мебурд ва падархонда низ аз ӯ ирс мебурд, ҳамчунин агар яке аз онҳо аз дунё мерафт, ё аз ҳамсараш талоқ мегирифт, издивоҷ бо ҳамсари ӯ бардигаре ҳаром буд.
Ислом, бо ин тафаккури ҷоҳили мубориза кард ва миёни фарзанди хондагӣ ва фарзанди воқеӣ тафовут қойил шуд, ба унвони намуна пас аз талоқи Зайд бини Ҳориса фарзандхондаи Паёмбар (с) аз ҳамсараш, Худованд ба Паёмбар (с) фармон дод бо ҳамсари ӯ издивоҷ кунад, то ба таври куллӣ ин суннати ғалати ҷоҳилӣ дар ҷомеа мансух шавад.
Идомаи оят ба як асли куллӣ ишора карда ва мефармояд: Бо лафз ва сухан, наметавон умури воқеиро таъғир дод ва барасоси он аҳкомеро ҷаъл “Сохтан, офаридан, халқ кардан, қарор додан, тақалуб кардан” кард, масалан бо гуфтани ин, ки ҳамсарам мисли модарам аст, ҳеч таъғире дар воқеият эҷод намекунад, чунон, ки бо қабули фарзандхондагӣ, касе фарзанди инсон намешавад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Дар як дил, ду дӯстӣ мутазод ҷамъ намешавад, дӯстӣ ҳамроҳӣ ва пайравиро ба дунбол дорад, наметавон муъмин ба Худо буд, вале дар амал роҳ ва равиши кофиронро дунбол кард, магар он, ки инсон дар дил гирифтори нифоқ бошад.
2 – Робитаи волидайн бо фарзанд, робитаи ҳақиқӣ ва табии аст, на қарордодӣ ва ташрифотӣ лизо ҳатто пас аз марг ҳам ин робита қатъ намешавад.
3 – Меъёри ҳақ ва ботил дар қавонини иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, омузаҳои ваҳӣ аст лизо одоб ва русуме, ки бо таолими ваҳӣ созгор нест, бояд канор гузошта шавад.
5
ادْعُوهُمْ لِآبَائِهِمْ هُوَ أَقْسَطُ عِندَ اللَّـهِ فَإِن لَّمْ تَعْلَمُوا آبَاءَهُمْ فَإِخْوَانُکُمْ فِی الدِّینِ وَمَوَالِیکُمْ وَلَیْسَ عَلَیْکُمْ جُنَاحٌ فِیمَا أَخْطَأْتُم بِهِ وَلَـکِن مَّاتَعَمَّدَتْ قُلُوبُکُمْ وَکَانَ اللَّـهُ غَفُورًا رَّحِیمًا
Онон “Писархондагон”- ро ба номи падаронашон бихонед, ки ин назди Худо одилонатар аст, пас агар падаронашонро намешиносед онон бародарони диннӣ ва дӯстони шумо ҳастанд ва дар ончӣ “Пеш азин” хато мекардед “Ва ононро фарзанди худ медонистед” гуноҳе бар шумо нест, вале “Дар” ончӣ дилҳоятон қасд доштааст “Гунаҳкоред” ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.
Дар идомаи ояти қабл, ин оят мефармояд: рафторҳои хонаводагӣ ва иҷтимоӣ, ба гунае рафтор накунед, ки гуё фарзандхонда, фарзанди воқеии шумост, агар номи падари ӯро медонед, ӯро ба номи падараш бихонед ва агар намедонед, ӯро ба унвони бародари динӣ ё дӯсти худ муаррифӣ кунед то исолати ҳар фард ҳифз шавад ва худи фард ва дигарон фикр накунанд, ки ӯ воқеан фарзанди шумост.
Оят сипас як қоидаи куллиро мефармояд,ки ҳар коре агар аз рӯйи хато ва иштибоҳ сурат гирад, Худованд онро мебахшад аммо агар аз рӯйи қасд бошад мавриди кайфар ва муҷозот қарор мегирад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Робитаи насбӣ афродро бо падарони воқеии онҳо ҳифз кунед ва ба ангезаҳои мухталиф аз ҷумла фарзандхондагӣ, онро таъғир надиҳед.
2 – Ҳатто бо афроде, ки падарашон мушахас нест, бояд муҳтарамона ва бародарона рафтор кунем ва ҳақи таҳқир ва тавҳини дигаронро надорем.
3- Дар иртикоби ҷурм ва навъи муҷозоти он, гоҳе қасд ва ангезаи фард ва огоҳии ӯ аз қонун, муасир аст.