Қисмати 753 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 6-8
Қисмати 753 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 6-8
6
النَّبِیُّ أَوْلَى بِالْمُؤْمِنِینَ مِنْ أَنفُسِهِمْ وَأَزْوَاجُهُ أُمَّهَاتُهُمْ وَأُولُو الْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَى بِبَعْضٍ فِی کِتَابِ اللَّـهِ مِنَ الْمُؤْمِنِینَ وَالْمُهَاجِرِینَ إِلَّا أَن تَفْعَلُوا إِلَى أَوْلِیَائِکُم مَّعْرُوفًا کَانَ ذَلِکَ فِی الْکِتَابِ مَسْطُورًا
Паёмбар ба муъминон аз худашон сазовортар аст ва ҳамсарони ӯ, модарони онон маҳсуб мешаванд ва дар китоби Худо, хешовандони насабӣ, “Дар ирс бурдан” нисбат ба якдигар бар муъминон ва муҳоҷирон увлавият “Сазовортарӣ” доранд, магар он, ки бихоҳед нисбат ба дӯстонатон некӣ кунед, ин ҳукм дар китоби илоҳӣ навишта шудааст.
Дар оятҳои қабл, эълом шуд, ки бар асоси ҳукми Худованд, ирс бурдани фарзандхонда ва касе, ки ӯро ба фарзандӣ қабул кардааст, аз якдигар муҷоз нест ва ирс фақат марбут ба падар ва фарзанди воқеӣ аст на идаъоӣ, ин оят мефармояд: ҳатто Паёмбар (с) ҳам, ки бар мардум вилоят дорад ва ҳукми падари уматро дорад ва низ ҳамсаронаш, ки ҳукми модарро барои мусалмонон доранд на аз мусалмонон ирс мебаранд ва на касе аз онҳо ирс мебарад. Лозим ба зикр аст, ки Паёмбар (с) дар Мадина миёни муҳоҷирон ва ансор ақди ухуват барқарор кард ва ҳар як аз мусалмонон, бародари дигаре шуд, бо ин ҳол дар низоми ирс, ки миёни бастагони насабӣ барқарор мешавад, бародари динӣ ҷой надорад ва агар касе хост ӯро дар ирси худ шарик кунад, метавонад аз тариқи васият, ин некиро дар ҳақи бародари диниаш анҷом диҳад.
Гарчӣ мавзӯи ин оят бо таваҷҷуҳ ба оятҳои қабл, дар бораи ирс аст, аммо иборати аваляи оят, ба сурати мутлақ аст, яъне Паёмбари акрам (с) дар ҳамаи умури муъминон увлавият дорад ва кулияи ихтиёроте, ки инсон нисбат ба хештан дорад, Паёмбар (с) дар ҳамаи онҳо бар ҳар як аз муъминон увлавият дорад лизо муъминон бояд назари ӯро бар назари хеш муқаддам бидорад ва мутеи ӯ бошанд, ояти 36 ҳамин сура низ бар ин матлаб таъкид дорад, ки ҳаргоҳ Худо ва паёмбараш ҳукме содир кунанд, инсони муъмин дар баробари он, аз худаш ихтиёре надорад.
Табии аст, ки Паёмбар (с) пок ва маъсум аст ва ҷуз хайр ва маслиҳати фард ва ҷомеаро дар назар намегирад, лизо ба дунболи манофеи шахсӣ ё хонаводагӣ ё ҳаво ва ҳавас ва хостаҳои худ нест.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Паёмбар (с) бар тамоми муъминон вилоят дорад ӯ дар ҳамаи умури фардӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоӣ нофиз аст.
2 – Эҳтироми ҳамсарони Паёмбар (с) лозим аст ва ҳар қавл ва феъле, ки навъи беэҳтироме ба онҳо маҳсуб шавад, ҷойиз нест.
3 – Дар фарҳанги исломӣ, барои таҳкими низоми хонавода, насаб ва хешовандӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта аст.
7
وَإِذْ أَخَذْنَا مِنَ النَّبِیِّینَ مِیثَاقَهُمْ وَمِنکَ وَمِن نُّوحٍ وَإِبْرَاهِیمَ وَمُوسَى وَعِیسَى ابْنِ مَرْیَمَ وَأَخَذْنَا مِنْهُم مِّیثَاقًا غَلِیظًا
Ва “Ёд кун” онгоҳ, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва “Низ” аз ту ва аз Нуҳ ва Иброҳим ва Мусо ва Исо писари Марям ва аз онҳо паймони устувор гирифтем.
8
لِّیَسْأَلَ الصَّادِقِینَ عَن صِدْقِهِمْ وَأَعَدَّ لِلْکَافِرِینَ عَذَابًا أَلِیمًا
То “Дар қиёмат, Худованд” ростгуёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон ғазоби дарднок омода кардааст.
Ояти қабл, аз вилояти густардаи Паёмбари акрам (с) бар муъминон сухан гуфт, ин оятҳо ба масуляти сангини Паёмбари Ислом (с) ва ҳамаи паёмбарони пешин ишора карда ва мефармояд: Худованд дар қиболи ҳақе, ки барои паёмбарон қарор додааст, таколифи сангине низ бар души онҳо гузорида ва аз онҳо паймон гирифта, ки дар иблоғи ваҳӣ илоҳӣ ва ҳидояти мардум аз ҳеч кушише фуругузор накунанд ва то пойи ҷон барои даъвати мардум ба Худопарастӣ талош кунанд.
Ин оятҳо ба панҷ паёмбари бузурги илоҳӣ, ки паёмбарони улулъазм шинохта мешаванд, ишора карда ва пас аз Паёмбари Ислом (с) номи ҳазрати Нуҳ (а), ҳазрати Иброҳим (а), ҳазрати Мусо (а) ва ҳазрати Исо (а) - ро зикр кардааст
Идомаи оятҳо мефармояд: Мардум дар баробари даъвати паёмбарон ду даста мешаванд: Содиқон ва Кофирон! Содиқон, касоне ҳастанд, ки дар идаъоӣ имон содиқ ҳастанд ончиро онҳо бар забон меоваранд, дар амал низ нишон медиҳанд, на он, ки ба забон идаъое кунанд, аммо нишонае аз дастуроти илоҳӣ дар аъмоли онҳо дида нашавад.
Дар қиёмат, Худованд, ҳар ду гуруҳро мавриди бозхост қарор дода ва бар асоси фикр ва забон ва амалашон, кайфар ва подош медиҳад.
Дар оятҳои 23 ва 24 ҳамин сура низ Худованд ба муъминони воқеӣ ишора карда ва мефармояд: Касоне, ки дар аҳд ва паймон бо Худо содиқ ҳастанд ва бар сари паймони худ дар дифоъ аз ойини илоҳӣ истодаанд, онҳо содиқин ҳастанд ва ба хотири сидқашон подош дарёфт мекунанд касоне, ки дар арсаи дифоъ аз дини Худо, омодаанд аз ҷон ва мол ва ҳамаи чизи худ бигзаранд ва сидқи идаъои имони худро дар ҳангоми мушкилҳо ва сахтиҳо ба исобат расонанд.
Албатта нуктаи ҷолибе дар ин оятҳо наҳуфтааст, ки мефармояд: Худованд дар қиёмат сидқи содиқинро месанҷад, яъне сарфи амал ҳам кофӣ нест, балки бояд сидқи ният ва холис будани ангезаи амал низ собит шавад, чӣ басо касоне, ки дар арсаи дифоъ ва ҷиҳод низ ҳозир мешаванд, аммо нияти онҳо холис нест ва илова бар анҷоми вазифаи динӣ, ба дунболи ном ва нон низ ҳастанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Ошнои бо таърихи паёмбарон ва ақвоми гузашта барои аҳлли имон лозим аст то аз суннатҳои илоҳӣ дар бораи онон огоҳ шавад ва дар масири дуруст гом бардоранд.
2 – Худованд дар муқобили ҳар ҳақе, таклифе қарор додааст, ҳарқадар мақом ва мавқеияти шахс бартар ва аз ихтиёрҳои бештаре бархурдор бошад, вазифа ва масуляти ӯ сангинтар аст.
3 – Садоқат ва гуфтор ва амал, лозимаи имон аст то онҷо, ки Худованд ба ҷойи вожаи муъминин калимаи содиқинро ба кор бурдааст.
4 – Худованд дар қиёмат, бар асоси ният ва ангеза, аъмоли инсонҳоро месанҷад ва илова бар зоҳир, ботини аъмол низ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.