Қисмати 754 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 9-12
Қисмати 754 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 9-12
9
یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اذْکُرُوا نِعْمَةَ اللَّـهِ عَلَیْکُمْ إِذْ جَاءَتْکُمْ جُنُودٌ فَأَرْسَلْنَا عَلَیْهِمْ رِیحًا وَجُنُودًا لَّمْ تَرَوْهَا وَکَانَ اللَّـهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِیرًا
Эй касоне, ки имон овардаед, неъмати Худоро бар худ ба ёд оваред, онгоҳ, ки лашкариёне ба суроғи шумо омаданд, вале мо тундбоди "Сахт" ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, бар онон фиристодем ва Худованд ба ончӣ анҷом медиҳед, биност.
Ин оят ва шонздаҳ ояти баъд аз он, марбут ба ҷанги аҳзоб аст, ки дар соли панҷуми ҳиҷрӣ иттифоқ афтод, дар ин ҷанг ҳамаи аҳзоб ва гуруҳҳои мухолифи Ислом бо якдигар мутаҳид шуданд, то кори Ислом ва мусалмононро яксара кунанд, яҳудиёни Мадина бо мушрикони Макка ва қабоили мухталиф бо якдигар ҳампаймон шуданд, ки лашкари бузург ташкил диҳанд ва бо тасарруфи Мадина Паёмбар (с)ро бикушанд ва мусалмононро қатли ом кунанд, аммо ба иродаи Худованд, нақшаи онҳо шикаст хурд ва бо пирӯзии мусалмонон, онон дучори заъф ва ноумеди шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар моҷарои ҷанги аҳзоб, пас аз он, ки Паёмбари акрам (с) аз нақшаи душманон барои ҳамла ба Мадина огоҳ шуд, мусалмононро дар масҷид гирд овард ва дар мавриди наҳваи муқобила бо душманон, бо ноҳо машварат ва табодули назар кард, ба пешниҳоди Салмони форсӣ қарор шуд атрофи Мадинаро хандақ бикананд то душман натавонад ба осонӣ вориди шаҳр шавад, лизо ин ҷанг ба ҷанги хандақ низ машҳур шуд.
Ин оят, ки аввалин оят дар бораи ҷанги аҳзоб аст, аз мусалмонон мехоҳад, ки ҳамвора имдодҳои илоҳӣ дар баробари душманонро ба ёд оваранд ва дучори заъф ва тарс ва сустӣ нашаванд, бидонанд, ки дар ҷанги аҳзоб, бо он, ки теъдоди душманон чандин баробари мусалмонон буд, Худованд аз як сӯ бо фиристодани тундбоди сахт, бисоти "Замин, фарш" ононро дар ҳам печид ва руъб "Тарс, ваҳш, бим, хавф" ва ваҳшат дар дили онон афканд ва аз сӯйи дигар, бо нузули фариштагон, рӯҳияи ононро тақвият кард то дучори тарс аз анбуҳи "Бисёр" ҷамъияти душманон нашаванд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Имон ба Худо ва талош ва ҷиҳод, шарти дарёфти имдодҳои илоҳӣ дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ аст.
2 – Ёди неъматҳои Худованд дар гузашта, омили сабр ва истодагӣ дар баробари мушкилоти ҳол ва оянда аст.
3 – Дасти Худованд дар ёрии аҳли имон боз аст, ҳам падидаҳои табии чун бод ва туфон, ҳам умури моварои модӣ, монанди нузули фариштагон.
4 – Имон ба ин, ки Худованд ҳамаи корҳои моро мебинад ва ба он огоҳ аст, ҳам омили кунтрули рофтори мост ва ҳам мойяи дилгарми ва талош ва кушиши бештари мо дар роҳи Худо мешавад.
10
إِذْ جَاءُوکُم مِّن فَوْقِکُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنکُمْ وَإِذْ زَاغَتِ الْأَبْصَارُ وَبَلَغَتِ الْقُلُوبُ الْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِاللَّـهِ الظُّنُونَا
Ҳангоме, ки душманон аз боло ва пойини "Шаҳр" ба суроғи шумо омаданд, ва онгоҳ, ки чашмони шумо "Аз тарс" хира шуда ва ҷонҳо ба ҳанҷараҳо расида буд ва ба Худованд гумонҳо "И баде" мебурдед.
11
«هُنَالِکَ ابْتُلِیَ الْمُؤْمِنُونَ وَزُلْزِلُوا زِلْزَالًا شَدِیدًا
Онҷо буд, ки муъминон озмоиш шуданд ва сахт мутазалзил шуданд.
Ин оятҳо, вазъиятҳои сахти ҷанги аҳзобро тарсим карда ва мефармояд: Теъдоди лашкариёни душман ба андозае зиёд буд, ки Мадинаро аз ҳар сӯ муҳосира карданд ва ҳар лаҳза имкони вуруди онон ба шаҳр ва қатл ва ғоратро ба дунбол дошт.
Ба таври табии,тарси шадиде бар мардуми Мадина ҳоким шуда буд, чашмони онҳо бар ин тарс ва изтироб гувоҳӣ медод, гуё ҷонашон ба лаб расида буд ва ҳар лаҳза интизори маргро мекашиданд.
Дар воқе касоне, ки ба ваъдаҳои илоҳӣ имон надоштанд, эҳсос мекарданд ваъдаҳои Паёмбар (с) дар бораи пирӯзии Ислом бар куфр ва ҳақ бар ботил, ваъдаҳои нодурӯст буда ва бо шикасти онҳо, чароғи Ислом барои ҳамеша хомӯш хоҳад шуд.
Ин шароит, як имтиҳони бузурги илоҳӣ буд то мушахас шавад чӣ касоне ба ваъдаҳои Худо имони росих доранд ва то пойи ҷон меистанд ва чӣ касоне бо дидани ҷамъияти зиёди душманон, дучори тарс ва заъф шуда ва дар имони худ мутазалзил мешаванд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Мусалмонон бояд ҳамвора омодагии худро дар баробари тавтиаҳои душманон ҳифз кунанд, ва муроқиби тамоми марзҳои сарзаминҳои худ дар баробари вуруд ва нуфузи душманон бошанд.
2 – Ҷанг ва ҷиҳод, яке аз саҳнаҳои душвор озмоиши илоҳӣ аст, ки агар муроқибат нашавад, идае дар заъфи имон, дучори тазалзул ва изтироб мешаванд.
3 – Ба ҳангоми сахтиҳо, муъминони воқеӣ аз муъминони зоҳири шинохта мешаванд, зеро истодагӣ дар баробари мушкилот,имони қавӣ ва росих мехоҳад.
12
وَإِذْ یَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِینَ فِی قُلُوبِهِم مَّرَضٌ مَّا وَعَدَنَا اللَّـهُ وَرَسُولُهُ إِلَّا غُرُورًا
Ва онгоҳ, ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон бемори аст, мегуфтанд: Худованд ва паёмбараш, ҷуз ваъдаи фиребанда ба мо надоданд.
Дар яти қабл, Худованд аз тазалзули гурӯҳе аз муъминон дар ҷанги аҳзоб хабар дод, ин оят ба решаҳои ин тазалзул ишора карда ва мефармояд: Гурӯҳе аз инон мунофиқ буданд, ки ба зоҳир идаъои Ислом мекарданд ва дар воқеъ имон надоштанд, гурӯҳи дигар афроди заифулимон буданд, ки дилбастагӣ ба дунё ва тааллифоти дунявӣ, ононро аз ҷиҳод бо душманон боз медошт, онҳо на танҳо худашон ақибнишини карданд, балки дигаронро низ ба ақибнишинӣ тарғиб мекарданд ва ба онҳо мегуфтанд: паёмбаре, ки ба мо ваъдаи пирӯзӣ дод, барои фиреби мо буд то ӯро дар баробари душманонаш ёри кунем.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Хатари нифоқ, хатаре аст, ки ҳамвора ҷомеаҳои исломиро таҳдид мекунад, бояд ин хатарро шинохт ва омодаи муқобила бо он буд.
2 – Мунофиқон,ҷомеаи исломиро аз дарун ба заъф ва ноумеди мубтало мекунанд ва рӯҳияи мардумро дар баробари душман тазъиф менамоянд.
3 – Асҳоб ва ёрони паёмбар (с),яксон набуданд бархе дар имони худ росих "Устувор, собит,пойдор" ва гуруҳе низ гирифтори нифоқ ва дурӯйи буданд.