Қисмати 755 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 13-17
Қисмати 755 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 13-17
13
وَإِذْ قَالَت طَّائِفَةٌ مِّنْهُمْ یَا أَهْلَ یَثْرِبَ لَا مُقَامَ لَکُمْ فَارْجِعُوا وَیَسْتَأْذِنُ فَرِیقٌ مِّنْهُمُ النَّبِیَّ یَقُولُونَ إِنَّ بُیُوتَنَا عَوْرَةٌ وَمَا هِیَ بِعَوْرَةٍ إِن یُرِیدُونَ إِلَّا فِرَارًا
Ва онгоҳ, ки гурӯҳе аз онон "Мунофиқон" гуфтанд: Эй мардуми Мадина! барои шумо ҷойи мондан нест, пас баргардед, ва гурӯҳе аз онон аз Паёмбар иҷозаи "Бозгашт" мехостанд ва мегуфтанд: ҳамоно хонаи мо беҳифозат аст, дар ҳоле, ки беҳифозат набуд ва онон ҷуз фирор "Аз ҷанг" қасди дигаре надоштанд.
Дар оятҳое, ки дар оятҳои қабл тавзеҳ додем, моҷарои ҷанги аҳзоб оғоз шуд, гуфтем, ки мунофиқон ва бемордилон, ба тазъифи рӯҳияи мардум мепардохтанд ва мегуфтанд: Паёмбар (с) моро фиреб дода ва мо ба пирӯзи нахоҳем расид, ин оят дар идома мефармояд: Гурӯҳи дигаре аз ҳамин мунофиқон, ба касоне, ки барои муқобила бо душман аз шаҳр хориҷ шуда буданд, мегуфтанд: Инҷо ҷойи шумо нест ва коре аз дасти шумо барнамеояд, ба хонаҳои худ бозгардед ва муроқиби хона ва ҳамсар ва фарзанди худ бошед, идае низ ба баҳонаҳои мухталиф назди Паёмбар (с) омада ва иҷозаи бозгашт мехостанд, дар ҳоле, ки қасдашон фирор аз ҷабҳаи ҷанг буд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 - Шоеапароканӣ ва тазъифи рӯҳияи мардум, аз барномаҳои мунофиқон аст, аҳли имон бояд муроқиби ин гуна афрод ва рафторҳои нодурӯсти онҳо дар сатҳи ҷомеа бошанд.
2 – Расули Худо, дар ҳангоми ҷанг, шахсан фармондеҳиро бар уҳда дошт, он ҳазрат дар ҳангоми хатар, дар канори мардум буд ва онҳоро раҳо намекард.
14
وَلَوْ دُخِلَتْ عَلَیْهِم مِّنْ أَقْطَارِهَا ثُمَّ سُئِلُوا الْفِتْنَةَ لَآتَوْهَا وَمَا تَلَبَّثُوا بِهَا إِلَّا یَسِیرًا
Ва агар "Душманон" аз атрофи Мадина бар онон ворид мешуданд ва аз онон тақозои фитнагарӣ "Ва бозгашт ба ширк" мекарданд, ба суръат мепазируфтанд ва ҷуз мудате каме диранг "Таваққуф" намекарданд.
15
وَلَقَدْ کَانُوا عَاهَدُوا اللَّـهَ مِن قَبْلُ لَا یُوَلُّونَ الْأَدْبَارَ وَکَانَ عَهْدُ اللَّـهِ مَسْئُولًا
Дар ҳоле, ки онон пеш аз ин бо Худованд паймон баста буданд, ки "Ба душман" пушт накунанд ва паймони илоҳӣ бозхост шудани аст.
Дар идомаи оятҳои қабл, ин оятҳо мефармояд: Инон, ки имрӯз аз муқобила бо душман фирор мекунанд ва ҳозир ба пазириши хатар нестанд, ба хотири он аст, ки имонашон ба Худост ва нопойдор аст, зеро агар душман вориди шаҳри Мадина шавад ва аз онҳо бихоҳад, ки ба куфр ва ширк бозгарданд, ба суръат мепазиранд ва аз имони худ даст бармедоранд, чунонки онҳо ҳангоми байъат бо расули Худо (с), аҳд бастанд, ки аз Паёмбари Ислом(с) ва мусалмонон дар муқобили душманон ҳимоят кунанд ва ба душман пушт накунанд, аммо бар ин аҳд ва паймон устувор намонданд ва онро нақз карданд, бо он, ки медонистанд дар ин маврид бозхост хоҳанд шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Идае аз афроди сустимон, ки дар ҷомеаи исломӣ ҳузур доранд, ба роҳати аз ҳақ баргашта ва ба душман рӯ мекунанд, онҳо ҳозиранд султаи душманро бипазиранд, аммо ҳозир ба ёрии раҳбарони исломӣ дар баробари душман нестанд.
2 – Имон, навъи аҳд ва паймон бо Худо аст, ки барасоси он бояд то пойи ҷон бо душманони дини Худо муқобила кард, шикасти ин паймон, нишонаи беимонӣ аст.
16
قُل لَّن یَنفَعَکُمُ الْفِرَارُ إِن فَرَرْتُم مِّنَ الْمَوْتِ أَوِ الْقَتْلِ وَإِذًا لَّا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِیلًا
Бигу: Агар аз марг ё кушташудан фирор кунед, ин фирор ҳаргиз барои шумо суде нахоҳад дошт ва "Агар ҳам суд диҳад" дар он сурат, ҷуз баҳраи андаке нахоҳед бурд.
17
قُلْ مَن ذَا الَّذِی یَعْصِمُکُم مِّنَ اللَّـهِ إِنْ أَرَادَ بِکُمْ سُوءًا أَوْ أَرَادَ بِکُمْ رَحْمَةً وَلَا یَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ اللَّـهِ وَلِیًّا وَلَا نَصِیرًا
Бигу: Агар Худованд барои шумо ранҷе ё раҳмате ирода кунад, кист, ки шуморо дар баробари "Иродаи" Худованд нигоҳ дорад? Дар ҳоле, ки онон ғайр аз Худованд, барои корсоз "Ва сарпараст" ва ёваре нахоҳанд ёфт.
Дар ин оятҳо, Худованд ба касе, ки аз мубориза бо душман фирор мекунанд, мефармояд: Гумон накунед агар аз тарси кушташудан, аз ҷабҳаи ҷанг фирор кунед, суде насиби шумо хоҳад шуд, зеро ҳади аксар чанд рӯзе бештар аз ин дунё баҳра хоҳед гирифт, аммо дузахи абадиро барои худ харидаед ва гирифтори қаҳр ва ғазаби илоҳӣ хоҳед шуд.
Ба илова, марг фақат дар ҷабҳаи ҷанг нест ба таври табии ҳар рӯз идае мемиранд ва дасташон аз дунё кутоҳ мешавад, чӣ тазмине вуҷуд дорад, ки агар аз ҷанг фирор кардед, бо марги табии ё дар асари ҳодисаҳои гуногун, ҷони худро аз даст надиҳед? оё Худованд наметавонад ҷони шуморо дар хориҷ аз ҷабҳаи ҷанг бигирад? Оё шумо дар баробари иродаи Худо паноҳгоҳе доред, ки бо паноҳ бурдан ба он, аз таҳти иродаи илоҳӣ хориҷ шавед? Оё ғайр аз Ӯ сарпарасте доред, ки шуморо дар баробари Худо ёрӣ кунад?
Бинобар ин ба ҷойи фирор аз мубориза бо душман, дар саҳнаи мубориза ҳозир шавед ва бо иззат ва сарбаланди биҷангед, ки агар дар ин роҳ шаҳид шавед, бозгашти шумо ба сӯйи Худост.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Марг поёни кори ҳама аст ва аз он роҳи гурезе нест, дер ё зуд бояд рафт, пас чӣ беҳтар, ки марг дар роҳи Худо ва масири анҷоми дастуроти илоҳӣ бошад.
2 – Муроқиб бошем саодати абадиро ба дунёи фонӣ ва комёбиҳои зудгузари он нафурушем.
3 – Ҳастӣ таҳти тадбир ва иродаи Худованд аст, талхиҳо ва шириниҳо, пирӯзиҳо ва шикастҳо, ҳама бар пояи ҳикмати илоҳӣ аст, саодати инсон низ дар гарави ҳаракат дар масири таолим ва дастуроти Худованд аст.