Қисмати 756 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 18-21
Қисмати 756 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 18-21
18
قَدْ یَعْلَمُ اللَّـهُ الْمُعَوِّقِینَ مِنکُمْ وَالْقَائِلِینَ لِإِخْوَانِهِمْ هَلُمَّ إِلَیْنَا وَلَا یَأْتُونَ الْبَأْسَ إِلَّا قَلِیلًا
Бешак Худованд касоне аз шумо, ки мардумро Аз ҷиҳод боз медоштанд ва касонеро, ки ба бародарони худ мегуфтанд: ба сӯйи мо биёед, "Ва ба ҷанг наравед" ба хуби мешиносад, ва онон ҷуз андаке ба корзор "Майдони ҷанг" намераванд.
19
أَشِحَّةً عَلَیْکُمْ فَإِذَا جَاءَ الْخَوْفُ رَأَیْتَهُمْ یَنظُرُونَ إِلَیْکَ تَدُورُ أَعْیُنُهُمْ کَالَّذِی یُغْشَى عَلَیْهِ مِنَ الْمَوْتِ فَإِذَا ذَهَبَ الْخَوْفُ سَلَقُوکُم بِأَلْسِنَةٍ حِدَادٍ أَشِحَّةً عَلَى الْخَیْرِ أُولَـئِکَ لَمْ یُؤْمِنُوا فَأَحْبَطَ اللَّـهُ أَعْمَالَهُمْ وَکَانَ ذَلِکَ عَلَى اللَّـهِ یَسِیرًا
Онон бар шумо бахил ҳастанд, ҳар гоҳ бими "Ҷанг" пеш ояд, ононро мебини чунон ба ту менигаранд, ки чашмонашон "Дар ҳадақа "косахонаи сарашон" мечархад, ҳамчунин касе, ки марг ӯро фаро гирфта, пас ҳангоме, ки тарс аз миён рафт, бо забонҳои тез ва тунд шуморо меозоранд ва нисбат ба хайри "Мол ва ғанимат" бахиланд, онон наёвардаанд ва Худованд аъмолашонро "Маҳв ва" табоҳ карда ва ин кор бар Худованд осон аст.
Дар оятҳои қабл, ба нақши мунофиқони Мадина дар тазъифи рӯҳияи мусалмонон дар ҷанги аҳзоб ишора шуд, ин оятҳо дар идома мефармояд: Гурӯҳе аз ин мунофиқон талош доштанд мардумро аз муқобила бо душман боз доранд ва ба онҳо мегуфтанд: ҳамонанди мо, ки аз ҷанг даст кашидаем, шумо ҳам даст бардоред ва ба ҷамъи мо бипайвандед, онҳо на танҳо дар базли "Бахшидан, додан" ҷон дар миёни ҷиҳод, балки ҳатто аз базли мол низ дар кӯмак ба размандагон ва хонаваодаҳояшон бухл меварзанд ва гирифтори ҳирс ва "Тамаъ" ҳастанд.
Онҳо дар имон ба Худо суст ва заифанд ва ба ҳангоми хатар, чунон тарсон ва ларзон мешаванд, ки гуё мехоҳанд ҷон бидиҳанд, пеш аз он,ки душман ҷони онҳоро бигирад.
Аммо агар фатҳ ва пирӯзи насиби мусалмонон шавад, худро шарик дар ин пирӯзи медонанд ва дар ҷамъоварии ғаниматҳои ҷангӣ ҳарисанд, ҳамчун талабкорон бо забони тунд сухан мегуянд ва саҳми худро аз ғаниматҳо мутолиба мекунанд.
Албатта ончӣ Қуръон дар бораи вижагиҳои мунофиқони асри Паёмбар (с) баён мекунад, ихтисосе ба он замон надорад, дар ҳар замон ва маконе, чунин афроде дар миёни мусалмонон ёфт мешаванд, ки ба ҳангоми хатар, фирор мекунанд ва ба ҳангоми рифоҳ ва роҳат, ба дунболи касбу мол ва қудрат ҳастанд ва худро бар дигарон муқаддам медонанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Дар муқлбила бо душман, бояд муроқиби афроди сустимони дохилӣ буд, ки на танҳо худ аз ҷабҳа фирор мекунанд, балки бо суханони ноумедкунанда дигаронро низ аз ҳузур дар ҷабҳа боз медоранд.
2 – Мунофиқон, дар ҳангоми сахтӣ ва хатар аз кӯмак ба размандагон ва ҳузур дар ҷабҳа бухл меварзанд, ва пас аз рафъи хатар, дар ҷамъоварии амвол ва ғаноим, ҳарис ҳастанд, инҳо аз нишонаҳои мунофиқон аст.
3 – Заъф ва тарс дар баробари душман дар мавқеи сахтӣ ва ҷанг ва тундӣ бо ҳамкешон ва талабкорӣ аз онҳо дар ҳангоми ороиш, аз дигар вижагиҳои аҳли нифоқ аст.
20
یَحْسَبُونَ الْأَحْزَابَ لَمْ یَذْهَبُوا وَإِن یَأْتِ الْأَحْزَابُ یَوَدُّوا لَوْ أَنَّهُم بَادُونَ فِی الْأَعْرَابِ یَسْأَلُونَ عَنْ أَنبَائِکُمْ وَلَوْ کَانُوا فِیکُم مَّا قَاتَلُوا إِلَّا قَلِیلًا
Онҳо гумон мекунад, ки аҳзоб "Ва дастаҳои" душман ҳануз "Аз атрофи Мадина" нарафтаанд ва агар дастаҳои душман дубора бозгарданд, орзу мекунанд кош дар миёни аъроби бодиянишин буданд ва фақат аз ахбори "Марбут ба" шумо ҷӯё мешуданд ва агар онон дар миёни шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд.
Ин оят авҷи тарс ва заъфи мунофиқонро нишон медиҳад ва мефармояд: Бо он, ки сипоҳи душман пароканда шуда ва шаҳри Мадинаро хатаре таҳдид намекунад, аммо мунофиқон гумон мекунанд онҳо ҳануз дар атрофи Мадинаанд, лизо эҳсоси хатар мекунанд ва садои ҳар асп ва шутуреро, ки мешунаванд тасавур мекунанд, ки нерӯҳои душман ба сӯйи онҳо меоянд.
Ба қадре тарс ба онҳо ғалаба кард, ки мехоҳанд сар ба биёбон бигзоранд ва дар миёни бодянишинон зиндагӣ кунанд то ба гумон худ аз хатар бигзаранд ва дар он сурат ахбори шаҳрро аз мусофирон пурс ва ҷӯ кунанд ва ҳангоме, ки амнияти комил барқарор шуд, бозгарданд.
Идомаи оятҳо хитоб ба муъминон мефармояд: Албатта агар онҳо дар шаҳр ҳам бимонанд, аксарашон ба кӯмаки шумо намеоянд ва дар корзор бо душман ҳозир намешаванд пас аз рафтани онҳо нигарон нашавед ва аз монданашон ҳам хушҳол нагардед.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Мунофиқон ва афроди суст имон, ҳамвора душманро қавитар аз мусалмонон мепиндоранд, онҳо гумон мекунад, ки натиҷаи ҳатмии ҳар рӯйё рӯйи, пирӯзии душманон ва шикасти мусалмонон аст ва барасоси он барномарезӣ мекунанд.
2 – Тарс ва худбохтагӣ дар баробари душман, мӯҷиби фирор аз муқобили ӯ мешавад, дар ҳоле, ки ақл ва шаръ ҳукум мекунад, ки инсон дар баробари душман биистад ва заъф ва сустӣ аз худ нишон надиҳад.
21
لَّقَدْ کَانَ لَکُمْ فِی رَسُولِ اللَّـهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن کَانَ یَرْجُو اللَّـهَ وَالْیَوْمَ الْآخِرَ وَذَکَرَ اللَّـهَ کَثِیرًا
Қатъан барои шумо дар "Сираи" расули Худо, улгу ва сармашқи некӯест, барои касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад.
Дар идомаи оятҳои пешин, ки вижагиҳои мунофиқон ва афроди сустимонро баён мекард, ин оят мефармояд: Аммо аҳлли имон ба ҷойи таваҷҷӯҳ ба суханон ва рафторҳои мунофиқон ва кӯтоҳӣ дар анҷоми масулятҳо, ба сухан ва сираи Паёмбар (с) таваҷҷӯҳ мекунанд, онҳо ҳамчун он ҳазрат, маҳкум ва муқовим дар баробари душман меистанд ва дар дифоъ аз шаҳри Мадина ва мусалмонон кӯтоҳӣ намекунанд.
Барасоси ривоятҳои таърихӣ, Паёмбари акрам (с) барои дифоъ аз Мадина, дастур дод дар атрофи шаҳр дар ҳар нуқтае, ки имкони нуфузи душман ҳаст, хандақ ҳифр "Кандан" кунанд, худи он ҳазрат низ монанди дигар мусалмонон, бел ва каланд ба даст гирифт ва машғули ҳифри "Кандани" хандақ шуд, ҳамзамон бо ин талош ва кушиш Паёмбар (с) ёди Худоро дар дилҳо зинда мекард ва ба онон ваъдаи пирӯзӣ аз сӯйи Худо медод.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Паёмбари акрам (с), дар ҳангоми ҷанг ва ҷиҳод, либоси разм мепушид ва фармондеҳии ҷангро бар уҳда мегирифт, дини ӯ аз ҳукумат ҷудо набуд, ҳам саодат ва амнияти динявии мардумро мехост, ҳам саодати абадии онҳоро дар қиёмат.
2 – Пёмбари акрам (с), мисли сойири инсонҳо зиндагии одди дошт, лизо метавонад улгӯйи ҳамаи муъминон бошад, ӯ фарди заминӣ буд ва барои заминиён улгӯи зиндагӣ дар майдони ҷанг низ барасоси илми ғайб амал намекард ва усул ва қавоиди ҷангиро муроот мекард.
3 – Агар мусалмонони ҷаҳон, Паёмбари акрам (с) ро улгӯи худ қарор медоданд, имрӯз дар баробари душманонашон, ин чунин хор ва заиф набуданд ва ҳаргиз иҷоза намедоданд, ки душманон бар онҳо мусаллат шаванд.