Июл 05, 2017 09:51 Asia/Dushanbe

Қисмати 757 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 22-25

22

 

وَلَمَّا رَأَى الْمُؤْمِنُونَ الْأَحْزَابَ قَالُوا هَـذَا مَا وَعَدَنَا اللَّـهُ وَرَسُولُهُ وَصَدَقَ اللَّـهُ وَرَسُولُهُ  وَمَا زَادَهُمْ إِلَّا إِیمَانًا وَتَسْلِیمًا              

 

Ва чун муъминон,   дастаҳо "И душман" – ро диданд, гуфтанд: ин ҳамон аст, ки Худо ва Расулаш ба мо ваъда доданд ва Худо ва Расулаш рост гуфтанд ва "Дидани лашкари душман" ҷуз бар имон ва таслими онон наяфзуд.

 

Дар оятҳои қабл, дар бораи рафтори мунофиқон дар ҷанги аҳзоб сухан гуфтем, ин оят мефармояд: Аммо муъминони воқеие, ки ба Худо ва Расулаш (с) ва суханони онон имон доранд, ҳангоме, ки бо лашкариёни душман рӯ ба рӯ шуданд гуфтанд: Пеш аз ин Худованд дар оятҳои Қуръон ба мо хабар дода буд, ки шумо низ ҳамонанди имтиҳои пешин дар баробари ҳаводиси сахт ва ҳуҷуми душманон қарор хоҳед гирифт, расули Худо (с) низ қаблан фармуда буд, ки қабоили мухталифи араб ва душманонатон барои нобудии шумо бо ҳам мутаҳид мешаванд, лизо ҳангоме, ки ин шароитро диданд, ба ҷойи фирор, ки шеваи мунофиқин аст, устувор ва по барҷо дар баробари душман истодаанд ва нишон доданд, ки таслими фармони Худо ва паёмбар ҳастанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Муъмин медонад, ки душмани золим ӯро раҳо нахоҳад кард, лизо ҳамвора омодагии худро барои рӯйё рӯй бо душман ҳифз мекунад.

 

2 – Куфор бо ҳамаи ихтилофоте, ки бо якдигар доранд, барои нобудии Ислом ва муслимин мутаҳид мешаванд ва барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҳамаи нерӯҳо ва имконоти худ баҳра мегиранд.

 

3 – Муъминон, ҳатто агар андак бошанд, дар баробари душман, агарчӣ теъдодашон хеле зиёд ҳам бошад, меистанд ва худро таслими Худо мекунанд на душман.

 

 

23

 

مِّنَ الْمُؤْمِنِینَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّـهَ عَلَیْهِ  فَمِنْهُم مَّن قَضَى نَحْبَهُ وَمِنْهُم مَّن یَنتَظِرُ  وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِیلًا                             

 

Аз миёни муъминон, мардоне ҳастанд, ки ончиро бо Худо паймон баста буданд, содиқона вафо карданд, бархе аз онҳо паймони хешро ба анҷом расонданд "Ва ба шаҳодат расиданд" ва бархе "Дигар" дар интизори "Шаҳодат" ҳастанд ва ба ҳеҷ рӯй "Аҳд ва паймони худро" таъғир надоданд.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки истодагӣ ва истиқомати муъминони воқеиро баён намуд, ин оят мефармояд: Аҳлли имон бо Худо паймон бастаанд, ки дар ёрии дини Худо кӯтоҳӣ накунанд ва то пойи ҷон биистанд, лизо бархе аз онҳо дар ҷангҳои бадр ва уҳуд ба шаҳодат расиданд, гурӯҳе аз онон низ дар интизори мавқеияте ҳастанд то ба аҳди худ вафо карда, ҷони худро дар роҳи Худо тақдим кунанд ва дар анҷоми ин аҳд ва паймон, ҳеҷ заъф ва сустӣ дар онҳо эҷод нашудааст, бархилофи афроди сустимон, ки агар ҳам дар ҷанг ширкат кунанд ва ҷони солим бадар баранд, хушҳоланд, агар ҷанги дигаре ҳам пеш биёяд, ин афрод омодагии ҳузур дар ҷабҳаро надоранд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 - Мусалмонон аз назари имон дар як сатҳ нестанд ва аз дараҷоти мухталифе бархурдоранд, гурӯҳе ба дунболи зиндагии ором ва мураффаҳ "Роҳат ва осуда"  ҳастанд ва гурӯҳе дар интизори шаҳодат дар роҳи Худо омодаги барои дифоъ аз дин то пойи ҷон, нишонаи садоқат дар имон ва вафо кардан ба паймони илоҳӣ аст.

 

2 – Муъминони воқеӣ, бо дидани шаҳодати дӯстон ва азизонаш, худро набохта, ақабнишинӣ намекунад ва аз ҷиҳод намегӯрезад, балки худ низ дар интизори шаҳодат аст.

 

 

24

 

لِّیَجْزِیَ اللَّـهُ الصَّادِقِینَ بِصِدْقِهِمْ وَیُعَذِّبَ الْمُنَافِقِینَ إِن شَاءَ أَوْ یَتُوبَ عَلَیْهِمْ  إِنَّ اللَّـهَ کَانَ غَفُورًا رَّحِیمًا                                   

 

То Худованд, содиқонро ба хотири садоқаташон подош диҳад ва мунофиқонро агар бихоҳед азоб кунад, ё "Агар тавба кунанд" лутфи худро бар онон бозгардонад, зеро Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст.

 

 

25

 

وَرَدَّ اللَّـهُ الَّذِینَ کَفَرُوا بِغَیْظِهِمْ لَمْ یَنَالُوا خَیْرًا  وَکَفَى اللَّـهُ الْمُؤْمِنِینَ الْقِتَالَ  وَکَانَ اللَّـهُ قَوِیًّا عَزِیزًا                                        

 

Ва Худованд касонеро, ки куфр варзиданд, бо дили пур аз хашм бозгардонад, бе он, ки ба натиҷае даст ёфта бошад ва Худованд муъминонро аз ҷанг кифоят кард "Онҳоро аз ҷанг бениёз сохт ва пирӯз кард" ва Худованд, тавоноӣ шикастнопазир аст.

 

 

Ин оятҳо натиҷаи ҷанги аҳзобро чунин баён мекунад: муъминони содиқе, ки барои муқобила бо душман, либоси разми пушиданд ва барои фидокорӣ дар роҳи Ислом, омода дар канори Паёмбар (с) истоданд, подоши худро аз Худованд дарёфт мекунанд, гарчӣ ҷанге миёни ду гурӯҳ итифоқ наяфтод ва муъминон на ҷангиданд ва на шаҳид шуданд.

Аммо мунофиқоне, ки ҳам худ рӯҳияи мутазалзил доштанд ва ҳам асбоби тазалзули дигаронро фароҳам мекарданд, мустаҳақи кайфари илоҳӣ ҳастанд, магар он, ки Худо ба воситаи тавбаи онҳо ё  лутфи хеш, ононро бибахшад ва аз гуноҳонашон даргузарад.

Мушрикон ва кофироне ҳам, ки гумон мекарданд, метавонанд бо чунин тавтиае решаи Исломро бихушконанд ва кори Паёмбар (с) ва мусалмононро яксара кунад, беон, ки ба пирӯзӣ ё ғанимате даст ёбанд, бозгаштанд.

Дар ин воқеа, Худованд ба мусалмонон омӯхт, ки ҳеҷгоҳ аз душман наҳаросанд ва душманон низ бидонанд тавтиаҳои онон дар баробари тадбири илоҳӣ беасар аст ва наметавонанд бар қудрати илоҳӣ чира "Пирӯз"  шаванд, лизо душманоне, барои решакании Ислом бо ҳам мутаҳид шуда ва ба майдони ҷанг омада буданд, хашимгин ва ғамгин ба диёри худ бозгаштанд ва дар расидан ба орзӯи худ ноком монданд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Садоқат фақат дар гуфтор нест, дар амал низ бояд ба аҳд ва паймони худ бо Худо содиқ бошем ва дар ёрии дини Худо сустӣ ва кутоҳӣ накунем.

 

2 – Лутфи Худованд аз ҳеҷкас дур нест, ҳатто мунофиқон паймоншикан низ умед аст бо тавба ё хости ҳакимонаи илоҳӣ, мавриди омурзиш ва бахшиш қарор гиранд.

 

3 – Дар умури мухталифи зиндагӣ, танҳо ба муҳосиботи модӣ басанда накунем ва аз имдодҳои ғайбӣ ва умури хориҷ аз муҳосаботи модӣ, ғофил нашавем.