Қисмати 758 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 26-31
Қисмати 758 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 26-31
26
وَأَنزَلَ الَّذِینَ ظَاهَرُوهُم مِّنْ أَهْلِ الْکِتَابِ مِن صَیَاصِیهِمْ وَقَذَفَ فِی قُلُوبِهِمُ الرُّعْبَ فَرِیقًا تَقْتُلُونَ وَتَأْسِرُونَ فَرِیقًا
Худованд касоне аз аҳли китоб "Яҳудиён" – ро, ки аз онон "Мушрикон" пуштибони мекарданд, аз қалъаҳои маҳкамашон пойин кашид ва дар дилҳои онон тарс ва ваҳшат афканд, гурӯҳе аз "Онон" – ро мекуштед ва гурӯҳеро асир мекардед.
27
وَأَوْرَثَکُمْ أَرْضَهُمْ وَدِیَارَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ وَأَرْضًا لَّمْ تَطَئُوهَا وَکَانَ اللَّـهُ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ قَدِیرًا
Ва сарзамини онон ва хонаҳо ва амволашон ва "низ" Заминеро, ки дар он гом наниҳода буданд, дар ихтиёри шумо гузошт ва Худованд бар ҳар коре тавоност.
Дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки дар шаҳри Мадина се тоифае аз қавми яҳуд зиндагӣ мекарданд, банни Қинқоъ, бани Назир ва бани Қурайзаҳ, ки ҳар се бо мусалмонон паймони ҳамзистии масолиматомез доштанд, ду тоифаи аввал дар солҳои дуввум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ, паймони худро шикастанд ва алайҳи мусалмонон иқдомоте карданд, дар натиҷаи он аз Мадина берун ронда шуданд, аммо тоифаи бани Қурайзаҳ, ки ҳануз дар Мадина буданд, дар соли панҷуми ҳиҷрӣ дар ҷараёни ҷанги аҳзоб бо мушрикони Макка ва бархе қабоили атрофи Мадина, ҳампаймон шуданд, дар ин ҷанг, мушрикон ҳам паймони бани Қурайизаҳ шикаст хурданд ва яҳудиён аз тарс ба ночор ба қалъаҳои худ паноҳ бурданд.
Паёмбар (с) аз ҷониби Худованд маъмурят ёфт, ки кори ин ҷамоати паймоншиканро яксара кунад, лизо мусалмонони қалъаи бани Қурайзаҳро муҳосира карданд ва пас аз чанде вориди он шуданд дар ин ҳодиса, иддае аз онон, ки муқовимат карданд кушта шуданд, вале аксари онҳо таслим шуданд ва силоҳ бар замин гузоштанд дар натиҷаи ин ҷанг, яҳудиёни паймоншикан аз шаҳри Мадина берун ронда шуданд, ин ҷанг аз назари иқтисодӣ ғаноими зиёдеро барои мусалмонон ба ҳамроҳ дошт, ки аз ҷумлаи он, боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ буд, ки байни мусалмонон тақсим шуд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Ислом ба ҳамзистии мусолиматомез бо ғайри мусалмонон супориш мекунад, албатта то вақте, ки онҳо низ дар сулҳ ва сафо бо мусалмонон бошанд, на он, ки бо душманони Ислом ҳамкори кунанд.
2 – Дар баробари абзор ва таҷҳизоти пешрафта ва мустаҳками душман, дучори заъф ва сустӣ нашаванд, зеро гоҳе Худованд бо эҷоди рауъб "Тарс" дар дили онҳо шуморо бар он пирӯз мегардонад.
3 –Дар тадбири умури ҷомеаи Исломӣ, илова бар муҳосиботи модӣ, барои имдодҳои илоҳӣ низ ҳисоб боз кунем.
28
یَا أَیُّهَا النَّبِیُّ قُل لِّأَزْوَاجِکَ إِن کُنتُنَّ تُرِدْنَ الْحَیَاةَ الدُّنْیَا وَزِینَتَهَا فَتَعَالَیْنَ أُمَتِّعْکُنَّ وَأُسَرِّحْکُنَّ سَرَاحًا جَمِیلًا
Эй Паёмбар! Ба ҳамсаронат бигу: Агар зиндагии дунё ва зинат "Ва зарқ ва барқи (Ҷилои шафофӣ)" онро мехоҳед, биёед то шуморо "Бо пардохти маҳратон" баҳраманд созам ва ба шеваи неку раҳоятон кунам.
29
وَإِن کُنتُنَّ تُرِدْنَ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ وَالدَّارَ الْآخِرَةَ فَإِنَّ اللَّـهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِنَاتِ مِنکُنَّ أَجْرًا عَظِیمًا
Ва агар Худо ва Паёмбараш ва сарои охиратро мехоҳед, Худованд барои некукороне аз шумо подоши азиме омода сохтааст.
Бо поён ёфтани моҷарои ҷанги аҳзоб, ин оятҳо дубора ба оятҳои нахустин сурае, ки дар бораи ҳамсарони Паёмбар (с) буд, боз мегардад ва хитоб ба онон мефармояд: шумо ҳамсарони Паёмбар, бояд ҳамчун он ҳазрат, улгӯйи хубе барои занон ва духтарони мусалмон бошед, на он, ки интизор дошта бошед ҳамчун ҳамсарони подшоҳон, аз тилло ва таҷамулот ва зарқ ва барқи динёӣ ва либос ва маскани ишрофӣ "Бузургворон" бархурдор бошед.
Ба ҳар ҳол, ҳифзи мавқеияти Паёмбари акрам (с) , ки Худованд ӯро сармашқ ва улгӯйи ҳамаи муъминон қарор додааст, иҷоб "Воҷиб кардан" мекунад, ки масъуляти илоҳӣ худро муҳимтар аз ҳар мавзӯъи дигаре бидонад, лизо бояд ба ҳамсаронаш эълон кунад агар ба ҷиҳати он, ки ҳамсари Паёмбар (с) ҳастед, интизор доред аз зиндагии мураффаҳ "Роҳат ва осуда" ва бартар аз дигар афроди ҷомеа бархурдор шавед, чунин хостае бароварда намешавад ва шумо метавонед аз ман ҷудо шавед, вале агар ҳозиред ҳамчун дигар занони мусалмон, зиндагии одӣ дошта бошед, ба хотири Худованд, сахтиҳои дунёро таҳамул кунед ва ҳарҷо лозим шуд кори нек анҷом диҳед, Худованд подоши шуморо дар қиёмат хоҳад дод.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Хонаводаи раҳбарони низоми Исломӣ, набояд зиндагии пур зарқ ва барқ ва таҷамулоте дошта бошанд, раҳбарон ва афроди наздики онҳо, таҳти назари чашмони муроқиби мардум ҳастанд.
2 – Раҳбари ҷомеаи исломӣ, набояд мавқеият ва ҷойгоҳи хешро фаромуш карда, ба далоиле таҳти таъсири дархостҳои номуносиби хонаводааш қарор гирад.
3 – Дар фарҳанги исломӣ, хостаҳои ҳамсарон аз якдигар, набояд бо омузаҳо ва дастуроти динӣ дар таорӯз бошад, баровардани чунин хостаҳое аз сӯйи тарафи муқобил лозим нест.
30
یَا نِسَاءَ النَّبِیِّ مَن یَأْتِ مِنکُنَّ بِفَاحِشَةٍ مُّبَیِّنَةٍ یُضَاعَفْ لَهَا الْعَذَابُ ضِعْفَیْنِ وَکَانَ ذَلِکَ عَلَى اللَّـهِ یَسِیرًا
Эй ҳамсарони Паёмбар! Ҳар кас аз шумо кори зишти ошкоре анҷом диҳад, азобаш ду чандон хоҳад буд ва ин "кор" бар Худо осон аст.
31
وَمَن یَقْنُتْ مِنکُنَّ لِلَّـهِ وَرَسُولِهِ وَتَعْمَلْ صَالِحًا نُّؤْتِهَا أَجْرَهَا مَرَّتَیْنِ وَأَعْتَدْنَا لَهَا رِزْقًا کَرِیمًا
Ва ҳар кас аз шумо дар баробари Худо ва расулаш фурутанӣ кунад ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши ӯро ду бор "Ду чандон" хоҳем дод ва барояш рӯзии каримона ва пурарзише фароҳам кардаем.
Дар идомаи оятҳои қабл дар бораи нақши улгӯйи ҳамсарони Паёмбар (с) дар ҷомеа, ин оятҳо мефармояд: Корҳои нек ва бади шумо, чун дар маърази диди дигар мусалмонон ва ба вижаи занони мусалмон аст, таъсири бисёр зиёде дар тарвиҷ ва густариши корҳои нек ё бад дорад, лизо подош ва кайфари корҳои шумо, ҳамонанди афроди оддӣ нест, зеро аз як сӯ, шумо дар хонаи ваҳӣ зиндагӣ мекунед ва бо аҳкоми дин ошно ҳастед ва аз сӯйи дигар, корҳои шумо сармашқи дига занон аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Дар кайфар ва подоши илоҳӣ, ҳам мизони огаҳии фард таъсир дорад, ҳам мизони таъсиргузори он дар ҷомеа
2 – Дар низоми илоҳӣ, интисоб ва хешовандӣ бо пешвоёни динӣ ҳатто худи Паёмбар (с), ҳақеро барои фард эҷод намекунад, балки ҳатто кайфари хилофи чунин фарде ду баробар муҳосиба мешавад.
3 – Гуноҳ ва тахаллуфи бузургон бо гуноҳи афроди одӣ тафовут дорад, ба паймони дигар, гоҳ гуноҳи кучаки онҳо, бузургтар аз гуноҳи бузурги афроди одӣ аст, ба ҳар ҳол, авоқиби тахаллуфи онҳо беш аз дигарон аст.