Июл 19, 2017 07:18 Asia/Dushanbe

Қисмати 759 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 32-34

32

 

یَا نِسَاءَ النَّبِیِّ لَسْتُنَّ کَأَحَدٍ مِّنَ النِّسَاءِ  إِنِ اتَّقَیْتُنَّ فَلَا تَخْضَعْنَ بِالْقَوْلِ فَیَطْمَعَ الَّذِی فِی قَلْبِهِ مَرَضٌ وَقُلْنَ قَوْلًا مَّعْرُوفًا                     

 

Эй ҳамсарони Паёмбар! Шумо мисли яке аз занони "Маъмули" нестед, агар тақвопеша ҳастед, пас ба нармӣ ва карашма сухан нагуед то "Мабодо" он, ки дар дилаш бемори аст, тамаъ кунад ва шоиста сухан бигуяд.

 

Дар оятҳои қабл, оятҳое дар бораи ҳамсарони Паёмбар (с) баён шуд, ки баёнгари ҷойгоҳи таъсиргузори онҳо дар миёни мардум буд, ин оят ба сироҳат ба ин амр ишора карда ва мефармояд: Ҳамсарони Паёмбар (с) ба хотири нисбаташон ба расули Худо (с), масуляти сангине бар уҳда доранд ва набояд худро бо дигар занон муқоиса кунанд зеро онон чӣ бихоҳанд ва чӣ нахоҳанд улгӯ ва сармашқи дигар занони ҷомеа ҳастанд ва корҳои нек ва бади онҳо дар ҷомеа таъсиргузор аст.

Сипас ба яке аз масодиқи рафторҳои иҷтимоии занон ишора карда ва мефармояд: Лозимаи тақво он аст, ки дар гуфтугӯ бо афроди номаҳрам, лаҳни гуфтори шумо ба гунае набошад, ки мардони нопок ва бемор дилро ба сӯйи шумо бикшоянд, балки бо лаҳни муносиб ва дар шаъни занони покдоман сухан бигуед.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Мавқеият ва ҷойгоҳи афрод дар мизони масъуляти онон таъсиргузор аст, ба ҳамин далил афроде, ки аз мавқеияти болотари иҷтимоӣ ё хонаводагӣ бархурдоранд, "Назири хонаводаи раҳбарони динӣ" бояд пеш аз дигарон муроқиби гуфтор ва рафтори худ бошанд.

2 – Илова бар шеваи пушиш, наҳваи сухан гуфтан низ аз аҳмияти болое бархурдор аст, лизо Худованд бар риояти тақво дар ҳамаи умур аз ҷумла наҳваи сухан гуфтан ва муҳтавои он таъкид дорад.

 

3 – Дар ҳар ҷомеае афроди олуда ва бемори дил вуҷуд доранд ва занон бояд барои ҳифзи худ аз ингуна афрод, муроқиби гуфтор ва таомулоти иҷтимоии худ бошанд.

 

 

33

 

وَقَرْنَ فِی بُیُوتِکُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ الْجَاهِلِیَّةِ الْأُولَى وَأَقِمْنَ الصَّلَاةَ وَآتِینَ الزَّکَاةَ وَأَطِعْنَ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ إِنَّمَا یُرِیدُ اللَّـهُ لِیُذْهِبَ عَنکُمُ  الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَیْتِ وَیُطَهِّرَکُمْ تطْهِیرًا                                

 

Ва дар хонаҳои худ қарор гиред ва ҳамчун даврони ҷоҳиолияти нахустин бо худороӣ зоҳир нашавед "Ва зинатҳои худро ошкор накунед" ва намозро барпо доред ва закот бидиҳед, ва аз Худо ва расулаш итоат кунед, ҳамоно Худо ирода кардааст, ки палидиро аз шумо аҳли байт дур кунад ва шуморо комилан пок созад.

 

 

34

 

وَاذْکُرْنَ مَا یُتْلَى فِی بُیُوتِکُنَّ مِنْ آیَاتِ اللَّـهِ وَالْحِکْمَةِ  إِنَّ اللَّـهَ کَانَ لَطِیفًا خَبِیرًا                                                          

 

Ва ончиро, ки аз оятҳои Худо ва ҳикмат дар хонаҳоятон тиловат мешавад, ёд кунед, ҳамоно Худованд латиф ва огоҳ аст.

 

Дар идомаи оятҳои пешин, ин оятҳо низ хитоб ба ҳамсарони Паёмбар (с) мефармояд: Бар хилофи даврони пеш аз Ислом, ки занон бо пушиши номуносиб ва истифода аз анвои зевар олот дар ҷомеа зоҳир мешуданд, шумо занони бо имон то вақти зарури пеш наёмад, аз хона хориҷ нашавед агар ҳам ҳузури шумо дар ҷомеа лозим буд, бо пушиши муносиб зоҳир шавед ва аз нишон додани зинатҳо ва андоми худ иҷтиноб кунед.

Таъбире, ки Қуръон дар ин оят ба кор бурда, ҷоҳилияти нахустин аст, гуё  Қуръон пешбини карда, ки ҷоҳиляти дигаре низ дар роҳ аст, ки худороӣ ва худнамоӣ дар миёни занон ривоҷ меёбад, амре, ки дунёи имрӯз таҳти ановини мухталиф ва бо таблиғоти густарда, занонро ба бараҳнагӣ кашонда ва бозори лавозими ороиши аз бузургтарин бозорҳои тиҷории дунё маҳсуб мешавад.

Оятҳо дар идома, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба анҷом ва иҷобати динӣ чун намоз ва закот ва дигар дастуроти Худо ва Паёмбар (с) ро ёдовари мешавад то гумон нашавад диндории бонувон маҳдуд ба риояти пушиш ва дурӣ аз ихтилот бо номаҳрамон аст, ё тасавур нашавад дастуроти пешин ихтисос ба ҳамсарони Паёмбар (с) дорад ва дигар занон мулзам ба риояти онҳо нестанд.

Ояти 34 низ дар иддомаи ин дастурҳои илоҳӣ, хитоб ба занон мефармояд: Ҳузур дар хона, ки барои занон амри табии аст набояд монеи рушд ва таолии динӣ ва маънавии онон шавад, балки бояд бо тиловати Қуръон ва фарогирии маорифи баланд ва ҳикматомӯзи он, ҳамвора худро машғул доранд ва аз ин амр ғофил набошанд.

Аммо дар миёни ин дастурҳо, ки ибтидо ҳамсарони Паёмбар (с) ва дар ниҳоят ҳамаи занони бо имон мухотаби он ҳастанд, иборате аст, ки замоири он музакар аст ва онро аз иборатҳои қабл ва баъд мутамоиз месозад.

Ин иборат, ки бо вожаи "Иннамо" оғоз шуда, нишон медиҳад, ки иродаи Худованд бар ин таалуқ гирифта, ки "Аҳли байти" паёмбар (с) аз навъи исмат бархурдор бошанд, исмате, ки онҳоро аз ҳаргуна нопокӣ ва палидӣ маҳфуз дорад то битавонанд улгӯ ва сармашқи ҳамаи муъминон бошанд.

Ин исмат Маън кардан, нигоҳдории нафс аз гуноҳ"  ба шакли иҷбори нест, ки қудрати анҷоми гуноҳонро аз аҳли байт салб кунад, балки онон бо аъмоли шоистаи худ, лаёқати дарёфти ин лутфи илоҳиро ёфтаанд, ки дар айни доштани қудрат ва ихтиёр барои иртикоби гуноҳ, ба суроғи он наравнд ва масун "Маҳфуз"  аз гуноҳ бимонанд, албатта дар ин,ки мурод аз "Аҳли байт" чӣ касоне ҳастанд, миёни муфасирон ихтилофи назар аст, бархе онро ба ҳамсарони Паёмбар (с) татбиқ кардаанд ва бархе барасоси ривоятҳои мутаададе, ки аз расули Худо (с) дар ин замина нақл шудааст, муътақиданд ин оят фақат шомили панч тан мешавад: Паёмбари акрам, Фотима духтараш, Али ибн Абутолиб домодаш, ва Ҳасан ва Ҳусайн, ду набераҳои Паёмбар (с).

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Худнамоӣ ва ҷилвагарии занон дар арсаи иҷтимо, нишонаи тамадун нест, балки ба таъбири Қуръон, нишонаи ҷоҳилят аст.

 

2 – Лузуми пардохти закот ва бахшиши бахше аз амвол ба ниёзмандон, ихтисосе ба мардон надорад, балки занонро низ шомил мешавад.

 

3 – Хонаводаи раҳбарони динӣ, ки масуляти ҳидояти ҷомеаро баруҳда доранд. бояд аз зиштиҳо ва нопокиҳо дури кунанд.