Қисмати 760 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 35-38
Қисмати 760 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 35-38
35
إِنَّ الْمُسْلِمِینَ وَالْمُسْلِمَاتِ وَالْمُؤْمِنِینَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَالْقَانِتِینَ وَالْقَانِتَاتِ وَالصَّادِقِینَ وَالصَّادِقَاتِ وَالصَّابِرِینَ وَالصَّابِرَاتِ وَالْخَاشِعِینَ وَالْخَاشِعَاتِ وَالْمُتَصَدِّقِینَ وَالْمُتَصَدِّقَاتِ وَالصَّائِمِینَ وَالصَّائِمَاتِ وَالْحَافِظِینَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ وَالذَّاکِرِینَ اللَّـهَ کَثِیرًا وَالذَّاکِرَاتِ أَعَدَّ اللَّـهُ لَهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِیمًا
Ҳамоно мардон ва занони мусалмон ва мардон ва занони бо имон, ва мардон ва занони фармонбардор ва мардон ва занони ростгуфтор, ва мардон ва занони шикебо "Сабур, таҳамул кунанда" ва мардон ва занони фурутан, ва мардон ва занони садақадиҳанда, ва мардон ва занони рузадор ва мардон ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Худоро бисёр ёд мекунанд, Худованд барои "Ҳамаи" онон омурзиш ва подоши бузург омода кардааст.
Дар оятҳои қабл, Худованд дастуротеро ба ҳамсарони паёмбар (с) ва умуми занони мусалмон барои ҳифзи худ аз мардони нопок баён фармуд, ин оят вижагиҳои як инсони комил, чӣ мард ё занро, дар ибъоди мухталифи иътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ баён карда ва так – таки ин вижагиҳоро ба ҳар ду ҷинс нисбат медиҳад то нишон диҳад дар касби камолоти инсонӣ ва илоҳӣ ҳеҷ тафовуте миёни зан ва мард нест, дар мавориде назир имон ба Худо, кантроли забон ва шикам ва шаҳват хидмат ба мардум ва ниёзмандон сабр ва пойдорӣ дар мушкилот фармонбардорӣ аз дастуроти Худо ва Паёмбар, дуо ва муноҷот ва ниёиш бо Худо ва ғайра бар хилофи тасаввури идае аз мардум, имони афрод, танҳо ба намоз ва рузаи онҳо нест ба ҳамин далил ин оят дар канори амал ба фароизи динӣ, ба сабр ва садоқат ва фурутанӣ ишора карда, ки баёнгари вижагиҳои ахлоқӣ ва амалии як мусалмон аст, лизо агар ин вижагиҳо дар касе камранг ва заиф бошад, гуёи заъфи имони ӯст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Тафовути мард ва зан марбут ба ҷисми онҳост ва камолоти инсон марбут ба рӯҳи ӯст, ки ҳеч тафовуте байни зан ва мард дар ин хусус вуҷуд надорад.
2 – Инсони мавриди назари Ислом, инсони ҷомие аст, ки дар ҳамаи ибъод аам "Умумитар" иътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ рушд карда бошад.
3 – Зан ва мард, дар касби камолоти маънавӣ ва дарёфти подош ва бахшиши илоҳӣ яксонанд, тафовути онҳо дар умуре чун ирс ва дия, марбут ба нақш ва ҷойгоҳи онҳо дар низоми хонаводагӣ аст, на дар назди Худованд.
36
وَمَا کَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّـهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَن یَکُونَ لَهُمُ الْخِیَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَن یَعْصِ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُّبِینًا
Ва ҳангоме, ки Худо ва расулаш амреро муқарар кунанд, ҳеч мард ва зани бо имоне ҳақ надорад аз сӯйи худ амри дигареро ихтиёр кунанд ва ҳар кас Худо ва расулашро нофармони кунад, бидуни шак ба гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст.
Дар идомаи ояти қабл, ки фармонбардорӣ аз Худо ба унвони яке аз вижагиҳои инсони муъмин ёд кард, ин оят бо таъкиди бештаре мефармояд: Ҳукми Худо ва расул бар хост ва иродаи муъмин ғолиб аст ва касе, ки худро муъмин медонад, ҳаргиз хости худро бар хости Худо ва расулаш тарҷиҳ намедиҳад, чаро, ки медонад ин амр мӯҷиби инҳироф ва гумроҳии ӯ хоҳад шуд.
Усулан нишонаи имони воқеӣ, таслим будани бе қайд ва шарт дар баробари фармони Худост, лизо агар инсон фақат дастуротеро амали кунал, ки худаш онҳоро дӯст дорад ва хуб мешуморад, ва аз анҷоми дастуроте, ки мутобиқи майлаш нест, ё хубии онро дарк намекунад, сар боз занад, дар воқеъ матбаи майл ва дили худ аст, на хост ва фармони илоҳӣ.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Тааббуд "Ибодат кардан" дар баробари Худо ва расул ва пайравӣ аз дастурҳои дин, нишонаи имони воқеӣ аст.
2 – Озодии инсон дар чорчуби қавонини илоҳӣ қобили пазириш аст, на озодии беҳисоб ва китоб ва лаҷоми гусихта.
3 – Қавонини башарие, ки мухолифи қонунҳои илоҳӣ аст, мӯҷиби гумроҳӣ, инҳироф ва гирифтории инсонҳо мешавад.
37
وَإِذْ تَقُولُ لِلَّذِی أَنْعَمَ اللَّـهُ عَلَیْهِ وَأَنْعَمْتَ عَلَیْهِ أَمْسِکْ عَلَیْکَ زَوْجَکَ وَاتَّقِ اللَّـهَ وَتُخْفِی فِی نَفْسِکَ مَا اللَّـهُ مُبْدِیهِ وَتَخْشَى النَّاسَ وَاللَّـهُ أَحَقُّ أَن تَخْشَاهُ فَلَمَّا قَضَى زَیْدٌ مِّنْهَا وَطَرًا زَوَّجْنَاکَهَا لِکَیْ لَا یَکُونَ عَلَى الْمُؤْمِنِینَ حَرَجٌ فِی أَزْوَاجِ أَدْعِیَائِهِمْ إِذَا قَضَوْا مِنْهُنَّ وَطَرًا وَکَانَ أَمْرُ اللَّـهِ مَفْعُولًا
Ва "Ба ёд овар" ҳангомеро, ки ту ба касе, ки Худо бар ӯ неъмат "Ислом" дода буд ва ту низ ба ӯ неъмат "Озодӣ" дода будӣ, гуфти: ҳамсаратро нигоҳ дор "Ва талоқ мадеҳ" ва аз Худо парво кун ва дар дилат чизеро пинҳон медошти, ки Худо онро ошкор мекунад ва аз "Сарзаниши" мардум метарсиди дар ҳоле, ки Худо сазовортар аст, ки аз Ӯ битарси, пас чун Зайд аз ҳамсараш ком гирифт "Ва ӯро талоқ дод" мо ӯро ба ҳамсари ту даровардем, то дар мавриди издивоҷи муъминон бо ҳамсарони писархондҳояшон, онгоҳ, ки "Ҳоҷати хешро аз онон бароварданд ва" ононро талоқ доданд, мушкиле набошад ва фармони Худо анҷом шуданист.
38
مَّا کَانَ عَلَى النَّبِیِّ مِنْ حَرَجٍ فِیمَا فَرَضَ اللَّـهُ لَهُ سُنَّةَ اللَّـهِ فِی الَّذِینَ خَلَوْا مِن قَبْلُ وَکَانَ أَمْرُ اللَّـهِ قَدَرًا مَّقْدُورًا
Бар Паёмбар дар анҷоми ончӣ Худованд барои ӯ муқаррар карда, маҳзуре нест, ин суннати илоҳӣ аст, ки дар мавриди пешиниён "Паёмбарони қаблӣ" низ "Маъмул" будааст ва фармони Худовад, ҳамвора санҷида ва андозагирӣ шудааст.
Дар ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки ҳазрати Хатиҷа саломуллоҳ алайҳо, бардае ба номи Зайд дошт, ки пас аз издивоҷ бо расули Худо, ӯро ба он ҳазрат бахшид ва Паёмбар (с) низ ибтидо ӯро озод кард ва сипас ба фарзанди гирифт онгоҳ расули Худо аз духтари амааш Зайнаб, барои Зайд хостгорӣ намуд, бо он, ки Паёмбар (с) ҳамвора Зайдро ба ҳифзи ҳамсари худ ва дурӣ аз талоқ суфориш мекард, зиндагии муштараки Зайд ва ҳамсараш мудати зиёде давом наёвард ва мунҷар ба талоқ шуд, барои ҷуброни ин шикаст Паёмбар (с) тасмим гирифт Зайнабро ба ҳамсарии худ интихоб кунад, аммо аз ҳарфи мардум метарсид, ки бигуянд: Ӯ ҳамсари фарзандхондаашро гирифтааст, ин кор дар назди мардуми асри ҷоҳилият амали зишт ва нораво маҳсуб мешуд, лизо Худованд ба ӯ фармуд: Ин корро анҷом бидеҳ то бо ин суннати ҷоҳили мубориза шавад ва аз сухани мардум натарс, зеро ончиро Худованд ба паёмбарон фармон медиҳад дар анҷоми он, набояд мулоҳизаи ҳеч фард ё гуруҳеро бикунад ва ё бихоҳанд ба одоб ва русуми ғалати ҷомеа пойбанд бошанд чаро, ки сунати Худованд дар тули таърих ин будааст, ки паёмбарон суннатҳои нодурустро бишкананд ва дар баробари одоб ва русуми нобаҷо биистанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Замоне, ки байни ҳамсарон, мушкил ва ихтилоф ба вуҷуд меояд, ба фикри талоқ ва ҷудоӣ набошед ва онро ба дигарон низ пешниҳод накунед, дар ҳангоми бурузи ихтилоф байни зан ва шавҳар, ононро ба тақаво супориш кунед то онҳо бо риояти ҳудуди илоҳӣ, даст аз низоъ бардоранд, чаро, ки тақво ва парҳезкорӣ аз авомили таҳкими пайванди хонаводагӣ аст.
2 - Дар анҷоми дастуроти динӣ, нигарони неши забони дигарон набошед ва фақат Худро дар назар бигирем.
3 – Бо одоб ва русуми нодуруст мубориза кунем ва дар шикасти одатҳои ғалат аз дуруғпардози ва ҳайҳуйи мардум наҳаросем.