Июл 23, 2017 07:54 Asia/Dushanbe

Қисмати 761 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 39-42

39

 

الَّذِینَ یُبَلِّغُونَ رِسَالَاتِ اللَّـهِ وَیَخْشَوْنَهُ وَلَا یَخْشَوْنَ أَحَدًا إِلَّا اللَّـهَ وَکَفَى بِاللَّـهِ حَسِیبًا                                                

 

Касоне, ки паёмҳои илоҳиро иблоғ мекунанд ва аз Худо метарсанд ва аз ҳеч кас ҷуз Худо бим надоранд ва Худованд барои ҳисобрасӣ кофи аст.

 

Дар ояҳои қабл, моҷарои издивоҷи Паёмбар (с) бо ҳамсари муталлақаи писархондааш матраҳ шуд ва дар поёни он Худованд фармуд: Паёмбари Ислом(с) ва паёмбарони пеш аз ӯ набояд дар иҷрои фармонҳои илоҳӣ мулоҳизакорӣ кунанд ва аз тарси дурӯғпардозии мардум, дар анҷоми дастурот кӯтоҳӣ намоянд.

Ин оят мефармояд: Вазифаи асосии паёмбарони илоҳӣ, иблоғи рисолати илоҳӣ бидуни ҳар гуна тарс ва воҳимае аст, онҳо фақат аз Худо парво мекунанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Ӯ тарсе ба дил роҳ намедиҳанд.

Табиӣ аст истодан дар баробари одоб ва русуми ғалати иҷтимоӣ ва ё хостаҳои нобаҷои мардум, инсонро дар маърази таҳдид ва таҳқири онон қарор медиҳад, лизо бисёре аз афрод бо он,ки мефаҳманд коре, анҷом медиҳанд, нодурӯст аст, аммо аз тарси ҳарфи мардум, бар хилофи ақл ва фаҳми худ амал карда ва он кори ғалатро анҷом медиҳанд, дар ҳоле, ки авлиёи илоҳӣ ва муъминони ростин, фақат Худоро дар назар мегиранд ва аз неши забони ҳеҷ кас воҳимае надоранд, зеро медонанд Худо барои онҳо кофӣ аст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Таблиғи дин, ниёз ба тақво, таваккул, шаҳомат ва қотеият дорад ва касе, ки аз ин вижагиҳо бархӯрдор набошад, наметавонад дар кори таблиғ муваффақ шавад.

 

2 – Ҳисоби сахтиҳое, ки аҳли имон дар роҳи ҳифзи дин ва таблиғ ва нашри он таҳаммул мекунанд, дар назди Худованд маҳфуз аст.

 

 

40

 

مَّا کَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِکُمْ وَلَـکِن رَّسُولَ اللَّـهِ وَخَاتَمَ النَّبِیِّینَ  وَکَانَ اللَّـهُ بِکُلِّ شَیْءٍ عَلِیمًا                                           

 

Муҳаммад (с) падари ҳеҷ яке аз мардони шумо нест, балки фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон аст ва Худованд ба ҳар чизе доност.

 

Дар идомаи ояти қаблӣ, ин оят ибтидо бар нафии суннати ҷоҳили ишора карда ва мефармояд: Ҳазрати Муҳаммад (с) падари воқеии Зайд набуд, балки ӯ писархондааш буд ва аз назари шариати илоҳӣ, издивоҷи Паёмбар (с) бо ҳамсари муталлақаи писархонадааш айбе  надорад, гарчӣ дар суннати ҷоҳилӣ бад шумурда шавад.

Ин оят хитоб ба муъминон мефармояд: Паёмбар (с) ро ҳамчун яке аз худатон набинед, ки дорои фарзандоне ҳастед ва вазифаи аслии худро баровардани ниёзҳои онҳо мебинед ва ба ҷиҳати алоиқи падар ва фарзандӣ, мулоҳизоти мухталифе дар зиндагӣ доред, дар ҳоле, ки ӯ падари як уммат аст ва бояд дар ҷиҳати масолеҳи як уммат гом бардорад то ин уммат ҳамвора "То қиёмат" барпо бошад ва дастуроти илоҳиро иҷро кунад.

Оят дар идома ба як мавзӯи куллӣ ва асосие, ки хотимияти Паёмбари Ислом (с) аст, ишора карда ва мефармояд: Ҷойгоҳи ҳазрати Муҳаммад (с) дар майдони паёмбарон, ҷойгоҳи вижае аст, ӯ ҳам расули Худост ва ҳам хотами паёмбарон аст, Худованд ӯро охирин паёмбар қарор дод ва ӯ ҷомеъитарин ва комилтарин таолим ва барномаҳои диниро барои башарият ба армуғон овард.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Ислом охирин дини осмонӣ ва Қуръон, охирин китоби илоҳӣ аст, ки Худованд барои ҳидояти башар фиристодааст.

 

2 – Хотамияти Паёмбари Ислом (с), барасоси илми бепоёни илоҳӣ аст, ки медонад бо рисолати ӯ ниёзи башар ба шинохти роҳи саодат "Дар дунё ва охират" бароварда мешавад.

 

 

 

41

 

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اذْکُرُوا اللَّـهَ ذِکْرًا کَثِیرًا            

 

Эй ксоне, ки имон овардаед, Худоро бисёр ёд кунед.

 

 

42

 

وَسَبِّحُوهُ بُکْرَةً وَأَصِیلًا                     

 

Ва Ӯро дар ҳар субҳ ва шом ба покӣ биситоед.

 

Ин оятҳо, аҳли имонро ба зикр ва тасбиҳи Худованд дар ҳамаи ҳол супориш мефармояд, зеро авомиле, ки мӯҷиби ғафлати инсон мешаванд дар тули шабонарӯзи бисёранд, чӣ авомили дарунӣ чун ҳавои нафс ва чӣ авомили берунӣ чун васвасаҳои шайтонӣ ва инсонҳои фосид ва нобоб, табиии аст барои мубориза бо авомили мутаададе, ки инсонро муҳосира кардаанд, роҳе ҷуз ин нест, ки ҳамвора ба ёди Худо бошем.

Иқомаи намозҳои панҷгона дар субҳ ва зуҳр ва шом, танҳо бахше аз ин сафориши илоҳӣ аст, аммо дар тули рӯз, инсон бояд пайваста Худоро ёд кунад ва дар ҳар тасмим ё иқдоме инро дар назар бигирад, ки оё Худованд аз анҷоми он рози аст ё на? Агар Худо рози аст, иқдом кунад ва агар ризояти Худоро ба дунбол надорад, он корро тарк кунад, гарчӣ муғоир бо хостаҳои нафсонии ӯ ва ё дархости мардум бошад.

Ёди Худо дар ҳама ҳол иқтизо мекунад, ки инсон бархурд бо неъматҳо шукургузор ва дар мавоҷеҳ бо мушкилот ва сахтиҳо, сабур ва шикебоҳ бошад, ба ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо гуноҳ, аз Худо парво кунад ва дар сурати иртикоби гуноҳ, бо тавба ва талаби бахшиш ба сӯйи Худо бозгардад.

Албатта илова бар таваҷҷӯҳи қалбӣ ба Худо, зикри забонӣ низ дар ҳолатҳои мухталиф супориш шудааст, чунон,ки расули Худо ба духтараш Фотимаи Заҳро саломулоҳ алайҳо , зикре омухтан, ки хондани он пас аз ҳар намоз супориш шудааст: 34 мартаба алоҳу акбар, баъд 33 мартаба алҳамдулиллоҳ сипас 33 мартаба субҳоналлоҳ!

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Ёди Худо танҳо ба забон ва гуфтор нест, балки инсон бояд дар ҳар фикр ва ҳаракате, хушунати Худоро дар назар дошта бошад.

 

2 – Ёди Худо дар сурате дар инсон муасир ва созанда аст, ки пайваста ва мудовим бошад, на мусамо ва мақтаи.

3 – Дар миёни азкори илоҳӣ, тасбиҳ ва танзияи Худованд, бештар мавриди супориш қарор гирифтааст.