Қисмати 762 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 43-48
Қисмати 762 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 43-48
43
هُوَ الَّذِی یُصَلِّی عَلَیْکُمْ وَمَلَائِکَتُهُ لِیُخْرِجَکُم مِّنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَکَانَ بِالْمُؤْمِنِینَ رَحِیمًا
Ӯ касе аст, ки бар шумо дуруд мефиристад ва фариштагони Ӯ "Низ бар шумо дуруд мефиристанд" то шуморо аз торикиҳо ба сӯйи нур дароваранд ва Ӯ ба муъминон "Ҳамвора" меҳрубон аст.
44
تَحِیَّتُهُمْ یَوْمَ یَلْقَوْنَهُ سَلَامٌ وَأَعَدَّ لَهُمْ أَجْرًا کَرِیمًا
Таҳияти "Дуруди" онон дар рӯзе, ки Худоро мулоқот кунанд, салом аст ва Худованд барои онон подоши неку фароҳам кардааст.
Дар оятҳои қабл, Қуръони Карим муъминонро ба зикр ва ёди Худованд дар ҳама ҳол супориш кард, ин оятҳо мефармояд: Ҳаргоҳ шумо Худовандро ёд кунед, мутмаин бошед, ки Худованд низ шуморо ёд мекунад ва раҳмати худро бар шумо нозил мефармояд, чунон,ки дар ояти 152 сураи бақара мефармояд: "Фазкуруни азкурукум..." пас маро ёд кунед то шуморо ёд кунам...
Фариштагон низ барои аҳлли имон талаби раҳмат ва мағфират мекунанд ва ин раҳмат ва мағфирати илоҳӣ, мӯҷиби хуруҷи инсон аз торикии гуноҳ ва зулм, ба сӯйи нур ва покӣ мешавад.
Дар воқеъ, истимрори ёди Худо боис мешавад, ки лутф ва инояти илоҳӣ низ ба сурати мустаммар инсонро дарбар гирад ва ӯ машмули ҳидояти вижаи илоҳӣ шавад, ҳидояте, ки дар ин бунбастаҳои зиндагӣ роҳкушои инсон аст ва иҷоза намедиҳад инсон дар туфонҳои сахт ва ҳавлнок, ҳалок шавад.
Дар қиёмат низ чунин афроде машмули дуруди вижаи фариштагони илоҳӣ ҳастанд ва дар оромиш ва амният басар мебаранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Барои раҳои аз зулматҳо ва торикиҳои зиндагӣ, ақл ва илми башар ба танҳои кофӣ нест, лизо ӯ ба имдоди илоҳӣ ниёз дорад то аз торикиҳо наҷот ёбад албатта ёди Худо, заминаи онро фароҳам мекунад.
2 – Имони воқеӣ, калиди раҳмати илоҳӣ аст, раҳмате, ки нури ҳидоятро барои инсон ба армуғон меоварад.
3 – Дуруди биҳиштиён ба якдигар, бо вожаи салом аст, дар дунё низ супориш шуда, ки муъминон ҳангоми мулоқот бо якдигар, аз ин вожаи зебо ва пурмаъно истифода кунанд.
45
یَا أَیُّهَا النَّبِیُّ إِنَّا أَرْسَلْنَاکَ شَاهِدًا وَمُبَشِّرًا وَنَذِیرًا
Эй Паёмбар! Ҳамоно мо туро гувоҳ "Бар мардум" ва башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем.
46
وَدَاعِیًا إِلَى اللَّـهِ بِإِذْنِهِ وَسِرَاجًا مُّنِیرًا
Ва "Низ" даъваткунада ба сӯйи Худо ба фармони Ӯ ва чароғи тобон "Қарор додем".
Дар чанд ояти пеш "Ояти 40 ҳамин сура" сухан аз рисолат ва хотамияти Паёмбари Ислом (с) буд, аммо ин оятҳо хитоб ба он ҳазарат мефармояд:
"Эй расули мо, ту улгӯи комил ва ҷомеъ ҳасти, ки дар миёни мардум ва бо онҳо зиндагӣ мекуни ва мардум туро шоҳид ва нозир бар худ мебинанд, улгӯе, ки шеваи даъвати ӯ ба ду пойяи тарбияти ниҳода шудааст: башорат ва ҳушдор.
Паёмбари акрам (с) мардумро ба парастиши Худои якто даъват мекунад, на курнеш "Сар фуруд овардан" дар баробари худ, зеро асосан паёмбарон ба ин хотир омадаанд то инсон дар баробари ҳеҷкас ҷуз Худованд сар таъзим фуру наёваранд, лизо паёмбарон мардумро ба сӯйи худ ва бандагии худ фаро намехонанд, балки мардумро аз бандагии тоғутҳо ва қудратҳои зургӯ озод карда ва ҳамаро ба бандагии Худованди якто фаро мехонанд.
Вуҷуди паёмбарон дар миёни мардум, ҳамчун хуршеди тобоне аст, ки дар торикии ҷаҳл ва зулум, мардумро ба сӯйи нур ва рӯшноӣ ва адолат даъват мекунанд то имони мардум бар пойяи илм ва маърифат бино шавад на ҷаҳл ва хурофа!
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Паёмбарон, на фақат бо забон балки бо илми худ низ мардумро ба сӯйи Худо даъват мекунанд, лизо беҳтарин улгӯи амалӣ барои мардум ҳастанд.
2 – Паёмбари акрам (с) бар аъмоли уммати худ гувоҳ ва шоҳид аст, пас диққат кунем ва муроқиби амалҳо ва рафтори худ бошем.
3 – Дар тарбият ва ҳидояти инсонҳо, башорат ва анзор дар канори якдигар лозим аст ва ҳар як бидуни дигаре мӯҷиби ғурур ё яъси афрод мешавад.
47
وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِینَ بِأَنَّ لَهُم مِّنَ اللَّـهِ فَضْلًا کَبِیرًا
Ва муъминонро башорат деҳ, ки барои онҳо аз сӯйи Худо фазл "Ва бахшиши" бузурге аст.
48
وَلَا تُطِعِ الْکَافِرِینَ وَالْمُنَافِقِینَ وَدَعْ أَذَاهُمْ وَتَوَکَّلْ عَلَى اللَّـهِ وَکَفَى بِاللَّـهِ وَکِیلًا
Ва аз кофирон ва мунофиқон итоат макун ва озорашонро вогузор ва бар Худо таваккул кун, ки Худо барои ваколат "Ва корсозӣ" кофӣ аст.
Дар оятҳо қаблӣ, "Башорат" ва "Ҳушдор", ба унвони шеваи тарбиятии паёмбар муарифӣ шуд, ин оятҳо дар идома, барои ҳар кадом мисдоқеро зикр мекунад. Башорат, барои муъминоне аст, ки ба дастуроти илоҳӣ амал мекунанд ва ба анҷоми воҷибҳо ва тарки муҳаррамот пойбанд ҳастанд, ин гурӯҳ машмули лутфи хоси илоҳӣ шуда ва подоши бисёр бартар ва боарзиштар аз аъмоли худ дарёфт медоранд.
Аммо ҳушдор, барои мунофиқон ва кофироне аст, ки на фақат худ гирифтори кайфар мешаванд, балки касонеро, ки дунболаравии онон буда ва ба дунболи ҷалби ризоят онҳо ҳастанд, гирифор месозанд, лизо Худованд хитоб ба Паёмбар (с) , ва дар воқеъ ҳамаи муъминон мефармояд: Озор ва азияти онҳоро дар қавл ва амал таҳамул кунед, аммо ҳаргиз аз онҳо пайравӣ накунед, дар баробари мушкилот ва сахтиҳое, ки ба далели истодагӣ дар баробари хостаҳои ин гурӯҳ ба шумо таҳмил мешавад, ба Худо таваккул намоед ва бидонед агар чунин кунед, Худо шуморо кифоят хоҳад кард.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Раҳбари ҷомеаи Исломӣ, бояд покон ва некони ҷомиаро ба лутф ва раҳмати илоҳӣ умедвор созад ва нисбат ба хатар созиш бо душманони Ислом ҳушдор диҳад.
2 – Касе метавонад дар баробари хостаҳои нобачои куфор ва мунофиқон муқовамат кунад, ки бар Худо таваккул намояд.
3 – Мунофиқон гарчӣ дар ҷомиъаи Исломӣ зиндаги мекунанд ва ба зоҳир дар сафи мусалмонон қарор доранд, аммо дар воқеъ дар хатти куффор ва ҳамфикр ва ҳамроҳи онҳо ҳастанд, пас бояд ин гурӯҳро ба хуби шинохт ва муроқиби тавтиаҳои онҳо буд.