Август 30, 2017 04:37 Asia/Dushanbe

Қисмати 763 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 49-50

49

 

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِذَا نَکَحْتُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ثُمَّ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِن قَبْلِ أَن تَمَسُّوهُنَّ فَمَا لَکُمْ عَلَیْهِنَّ مِنْ عِدَّةٍ تَعْتَدُّونَهَا فَمَتِّعُوهُنَّ وَسَرِّحُوهُنَّ سَرَاحًا جَمِیلًا                                                       

 

Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме, ки бо занони бо имон издивоҷ кардед ва қабл аз он,ки бо онон омезиш кунед, талоқашон додед, барои шумо ба уҳдаи онон иддае нест то ҳисобашро нигаҳдоред, пас онҳоро баҳраманд созед ва  ба тарзи шоистае роҳояшон кунед.

 

Чунон, ки дар оғози сура гуфтем, умдаи ояҳои сураи аҳзоб, дар бораи масалаҳои хонаводагӣ аст, ин оят хитоб ба умуми муъминон, дар хусуси яке аз аҳкоми заношӯйи мефармояд: Агар баъд аз ақди издивоҷ, пеш аз он, ки омезише сурат гирад, мард ва зан бихоҳанд аз якдигар ҷудо шаванд, лозим нест зан идда нигаҳ дорад  ва метавон билофосила баъд аз талоқ, бо марди дигаре издивоҷ кунад.

Иддаи талоқ, тай шудани се давраи одати моҳиёна аст, ки дар ҳолати одии занон бояд ин мудатро сабр кунанд то вазъияти бордории онҳо мушахас шавад.

Дар идомаи оят мефармояд: Гарчӣ байни зан ва мард омезише сурат нагирифтааст, аммо ҳангоми талоқ, мард бояд ҳадяи муносиб ба ҳамсараш бидиҳад, ки барасоси ояти 237 сураи бақара, мард бояд ниме аз маҳрияи таъиншуда дар ақдро ба зан пардохт кунад. Афзун ба ин амр, талоқ ва ҷудоӣ набояд бо рафторҳо ва гуфторҳои нописанд ҳамроҳ бошад. Балки зан ва мард бояд бо эҳтиром ба якдигар ва дур аз ҳаргуна хушунат ва бадрафторӣ, аз ҳам ҷудо шаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем ки:

 

1 – Ислом дини ҷомеъ аст ва барои масоили хонаводагӣ ва умури ахлоқи зиндагӣ, таолими созанда ва мушахасе дорад.

 

2 – Талоқ, осор ва табаоти манфии руҳӣ барои ҳамсар дорад, ки бояд бо бархурди муносиб ва пардохти ниме аз маҳрия, то ҳади ҷуброн шавад

 

3 – Дар фарҳанги Қуръонӣ, ҳатто дар ҳоли талоқ  ва ҷудоӣ, набояд рӯҳияи кина ва хушунат байни зан ва шавҳар  ҳоким бошад, чӣ расад ба шароите, ки мард ва зан дар канори якдигар зиндагӣ мекунанд.

 

 

50

 

 یَا أَیُّهَا النَّبِیُّ إِنَّا أَحْلَلْنَا لَکَ أَزْوَاجَکَ اللَّاتِی آتَیْتَ أُجُورَهُنَّ وَمَا مَلَکَتْ یَمِینُکَ مِمَّا أَفَاءَ اللَّـهُ عَلَیْکَ وَبَنَاتِ عَمِّکَ وَبَنَاتِ عَمَّاتِکَ وَبَنَاتِ خَالِکَ وَبَنَاتِ خَالَاتِکَ اللَّاتِی هَاجَرْنَ مَعَکَ وَامْرَأَةً مُّؤْمِنَةً إِن وَهَبَتْ نَفْسَهَا لِلنَّبِیِّ إِنْ أَرَادَ النَّبِیُّ أَن یَسْتَنکِحَهَا خَالِصَةً لَّکَ مِن دُونِ الْمُؤْمِنِینَ  قَدْ عَلِمْنَا مَا فَرَضْنَا عَلَیْهِمْ فِی أَزْوَاجِهِمْ وَمَا مَلَکَتْ أَیْمَانُهُمْ لِکَیْلَا یَکُونَ عَلَیْکَ حَرَجٌ  وَکَانَ اللَّـهُ غَفُورًا رَّحِیمًا

 

Эй Паёмбар! Мо барои ту ҳамсароне, ки маҳрашонро пардохтаи, ҳалол кардем, ҳамчунин канизоне, ки аз тариқи ғаноими Худо ба ту бахшида ва молик шудаи ва низ духтарони амуят ва духтарони амаҳоят  ва духтарони холаҳоят, ки бо ту муҳоҷират кардаанд "Иҷдивоҷи онҳо бар ту ҳалол аст" ва зани бо имоне, ки худро ба Паёмбар бубахшад "Ва маҳрияе аз паёмбар нахоҳад" агар Паёмбар бихоҳад метавонад ба ӯ издивоҷ кунад, албатта ин издивоҷ махсуси туст, на дигар муъминон, мо медонем барои онҳо дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чӣ ҳукме муқарар доштаем, ин ба хотири он аст, ки "Дар адои рисолат" мушкиле барои ту набошад ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст.

 

Ин оят хитоб ба расули Худо (с)  ва дар хусуси заноне аст, ки метавон бо онҳо издивоҷ кард ва ҷуз як маврид, ки ихтисоси Паёмбар  (с) аст, дар боқи маворид тафовуте миёни Паёмбар  (с) ва дигар муъминон вуҷуд надорад, аз хешовандон бо духтарони аму ва амма ва хола  ва дои метавон издивоҷ кард ва аз ғайри хешовандон имкони издивоҷ бо ҳар зани муъмине вуҷуд дорад ва дар мавриди ҳар ду гурӯҳ, таъини маҳрия аз лавозими ақд аст, ки бо дар ҳангоми ақд пардохт мешвад ё мард ба уҳда мегирад, ки баъдан пардохт намояд.

Дар хусуси канизон, зикри ин нукта лозим аст, ки Ислом низоми бардадориро вазъ накардааст дар он замон, бардадорӣ дар саросари дунё амри мутадовил ва марсум будааст, ба ин шакл, ки дар ҷангҳо духтарон ва заноне, ки ба асорат дармеомаданд, каниз мешуданд ва табиатан ислом наметавонист ин қонуни ҷангиро як тарафа лағв кунад, бо ин ҳол, Ислом бо вазъи як саре қавонин ва бо истифода аз мушаввақҳои ( Ташвиқкунандаҳои) гуногун дар садади лағви низоми бардадорӣ баромад. Аз барномаҳои Ислом, тарғиби мардум ба озодии бардагон ва такрими онон буд ба ҳамин хотир, озод кардани бардаҳо аз беҳтарин аъмол ва каффораи теъдоде аз гуноҳон маҳсуб мешавад ин нигариш, мӯҷиб шуд, ки мусалмонон бо дар садади харид ва озод кардани бардагон бароянд ё бо издивоҷ бо онон ва овардани фарзанд, дигаронро аз бадрафторӣ ва беҳурматӣ нисбат ба бардагон боз доранд.

Ин оят ҳамчунин ба як мавриди хос аз издивоҷ ишора мекунад, ки фақат Паёмбар (с)  муҷоз ба анҷоми он аст ва он издивоҷ бо зане аст, ки моил аст бидуни дарёфти маҳрия ба ҳамсари Паёмбар (с) дарояд то маҳрами ишон бишавад ва ифтихори ҳамнишинӣ бо Пёмбар (с) ро дошта бошад, дар ин маврид агар Паёмбар (с) низ тамоил дошта бошад, метавонад он занро аз тариқи ақд ба ҳамсарии худ дароварад

Муносиб аст дар инҷо ба мавзӯи тааддуд издивоҷҳои Паёмбар(с) ишора карда ва бархе таҳамулҳои душманон ё саволҳои дӯсттони ноогоҳро посух диҳем, дар таърих омадааст, ки Паёмбари Ислом (с) дар сини 25 солагӣ бо ҳазрати Хатиҷа, ки аз назари синнӣ бузургтар  аз Паёмбар (с) буд, издивоҷ кард ба гувоҳи таърих, то ҳангоме, ки Хатиҷа зинда буд, Паёмбар (с) бо зани дигар издивоҷ накард, дар ҳоле, ки дар миёни арабҳо, ин амр марсум буда ва ҳаст, ки дар замон ҳаёти ҳамсари аввал, ҳамсарони дигаре низ мегиранд.

Ҳангоми вафоти ҳазрати Хатиҷа, сини Паёмбар (с) 53 сол буд, ин бадон маъност, ки Паёмбар (с) аз 25 солагӣ то 53 солагӣ фақат бо Хатиҷа зиндагӣ кард, пас дигар издивоҷҳои Паёмбар (с) баъд аз вафоти ҳазрати Хатиҷа будааст, агар Паёмбар (с) марди ҳавасрон буд, барасоси сунати араб ҳеч маъное вуҷуд надошт, ки дар ҳамон синини ҷавонӣ издивоҷҳои муҷадад дошта бошд.

Нуктаи дуввум он,ки ҳамсароне, ки Паёмбар (с) пас аз вафоти ҳазрати Хатиҷа интихоб кард. Ҷуз Оиша ҳамагӣ бева буданд ин худ нишондиҳандаи он аст, ки Паёмбар (с) ба дунболи занони ҷавон ва бокира набудааст, балки издивоҷҳои он ҳазрат бо ҳадафи сарпарастии занони бева ва умуман бо дархости худи онҳо сурат мегирифтааст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Дар масалаи издивоҷ, таъйини ҳалол ва ҳаром ба дасти Худост ва ризояти тарафайн ба танҳои кофӣ нест.

 

2 – Хамаи Инсонҳо ниёз ба издивоҷ доранд ва наметавон ҳеч фардеро аз издивоҷ ва пайванди заношӯйи маҳрум сохт. Ҳатто агар асири ҷангӣ бошад.

 

3 – Ислом маҳрияро тазмине барои издивоҷ қарор дода то ҳуқуқи молии онҳо ҳифз шавад,