Қисмати 764 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 51-54
Қисмати 764 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 51-54
51
تُرْجِی مَن تَشَاءُ مِنْهُنَّ وَتُؤْوِی إِلَیْکَ مَن تَشَاءُ وَمَنِ ابْتَغَیْتَ مِمَّنْ عَزَلْتَ فَلَا جُنَاحَ عَلَیْکَ ذَلِکَ أَدْنَى أَن تَقَرَّ أَعْیُنُهُنَّ وَلَا یَحْزَنَّ وَیَرْضَیْنَ بِمَا آتَیْتَهُنَّ کُلُّهُنَّ وَاللَّـهُ یَعْلَمُ مَا فِی قُلُوبِکُمْ
وَکَانَ اللَّـهُ عَلِیمًا حَلِیمًا
"Эй Паёмбар!" навбати ҳар яке аз ҳамсаронатро, ки бихоҳи ба таъхир андози ва ҳар кадомро, ки мехоҳи назди худ ҷой деҳ ва ҳар кадомро, ки тарк кардаи агар "Ду бора" биталаби бар ту боке нест ин барои он,ки чашмонашон равшан шавад ва андуҳгин нашванд ва ҳамагӣ ба ончӣ ба онон додаи хушнуд шаванд наздиктар аст ва Худо ончиро дар дилҳои шумост медонад ва Худованд доно ва бурдбор аст.
Дар ояти қабл гуфтем, Паёмбари акрам (с) баъди вафоти ҳазрати Хатиҷа (с,а), дар шароите, ки сини он ҳазрат беш аз 53 сол буд, бо чунин зан издивоҷ кард. Бархе аз ин издивоҷҳо ба дархости баъзе аз қабилаҳо буд то Паёмбар (с) ҳамсаре аз онон бигирад ва аз ин тариқ онҳо ба ифтихори хешовандӣ бо Паёмбар (с) ноил шаванд, баъзе аз ин издивоҷҳо низ барои сарпарастии занони бева буд. Лозим ба зикр аст, ки дар миёни ҳамсарони Паёмбар (с) ҷуз як нафар, ҳамаги бева буданд ба далили паёмбар (с) фарзандони мутаададе аз онҳо надошт.
Аз онҷо, ки умуми ин издивоҷҳо ба дархости Паёмбар (с) набуд, бархе занон ҳозир буданд бидуни дарёфти маҳрия ба ҳамсарии расули Худо (с) дароянд ва танҳо номи Паёмбар (с) болои сари онҳо бошад, лизо Худованд дар ин оят ба Паёмбар (с) иҷоза медиҳад дар тақсими вақтҳо миёни ҳамсарон, ба наҳвае, ки худ салоҳ медонад ва асбоби ризоят ва хушнудии онҳоро фароҳам месозад, амал кунад.
Албатта табии аст ҳар як аз ҳамсарон, тавақуот ва интизороте доранд, ки аз уҳдаи Паёмбар (с) хориҷ аст ва бо вуҷуди масуляти сангини рисолат, имкон баровардани ҳамаи онҳо нест, аммо то ҷойе, ки имконпазир аст ва Паёмбар (с) низ салоҳ бидонад, бароварда мешавад зеро хушнуди ҳамсар, нақши муҳиме дар ороиши зиндагии инсон дорад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Анҷоми вазифаҳои сангини диннӣ ва иҷтимоӣ, набояд муҷиби тарки масулятҳои хонаводагӣ шавад.
2 – Аъзои хонавода ба вижаи ҳамсар, бояд ҳангме, ки мард масулятҳои сангини иҷтимои бар уҳда дорад, шароити ӯро дарк карда ва бо ӯ ҳамроҳӣ намояд.
3 – Эҷоди муҳити амн ва ором, ки заминаи нишот, хушунуди ва дурӣ аз ғам ва андуҳро барои ҳамсар фароҳам созад, аз вазифаҳои марди хонавода аст.
52
لَّا یَحِلُّ لَکَ النِّسَاءُ مِن بَعْدُ وَلَا أَن تَبَدَّلَ بِهِنَّ مِنْ أَزْوَاجٍ وَلَوْ أَعْجَبَکَ حُسْنُهُنَّ إِلَّا مَا مَلَکَتْ یَمِینُکَ وَکَانَ اللَّـهُ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ رَّقِیبًا
"Эй Паёмбар" аз ин пас, ҳеч зане бар ту ҳалол нест ва набояд ҳамсаронатро ба ҳамсарони дигаре табдил куни, гарчӣ ҷамоли онҳо туро ба шигефт оварад, магар канизеро, ки молик шави ва Худо бар ҳар чизе муроқиб аст.
Дар идомаи баҳс дар мавриди ҳамсарони Паёмбар (с) ин оят дар хусуси қатъи дархостҳои занон барои ҳамсарии Паёсбар (с) мефармояд: эй Паёмбар! Дигар ба ҳеч тақозои барои издивоҷ посухи мусбат надеҳ ва бигу Худованд маро аз гирифтани ҳамсари ҷадид боздоштааст, агар ҳам дархост карданд, ки бархе ҳамсарони феълиро талоқ бидеҳ ва ба ҷойи онҳо бо ҳамсари ҷадид издивоҷ кун, боз ҳамин хостаро напазир, ҳатто агар тақозо кунанда зани ҷавон ва соҳибҷамол бошад, ки маъмулан майл ва ангезаи инсон дар ингуна маворид барои издивоҷ бештар аст.
Бар асоси ривоятҳои таърихӣ низ, расули Худо (с) ҳеч як аз он занони беваро талоқ надодааст то бо занони ҷавон мутақозии ҳамсарии он ҳазрат издивоҷ кунад ва ҳамсари ҷадиде низ нагирифтааст.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Яке аз далоили ҳаққонияти Паёмбар (с) ва илоҳӣ будани Қуръон, оёте аст, ки маҳдудиятҳоеро барои Паёмбар (с) қоил шудааст, агар Қуръон, сохта ва пардохтаи Паёмбар (с) буд, ингуна оятҳо, ки маҳдудкунандаи ишон буд, дар он ёфт намешуд.
2 – Барои эътинои ба ҳамсари феъли ё талоқи ӯ, ба қасди издивоҷ бо зани ҷавон ва зебо, мавриди наҳӣ Худованд воқеъ шудааст.
53
یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُیُوتَ النَّبِیِّ إِلَّا أَن یُؤْذَنَ لَکُمْ إِلَى طَعَامٍ غَیْرَ نَاظِرِینَ إِنَاهُ وَلَـکِنْ إِذَا دُعِیتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَانتَشِرُوا وَلَا مُسْتَأْنِسِینَ لِحَدِیثٍ إِنَّ ذَلِکُمْ کَانَ یُؤْذِی النَّبِیَّ فَیَسْتَحْیِی مِنکُمْ وَاللَّـهُ لَا یَسْتَحْیِی مِنَ الْحَقِّ وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِن وَرَاءِ حِجَابٍ ذَلِکُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِکُمْ وَقُلُوبِهِنَّ وَمَا کَانَ لَکُمْ أَن تُؤْذُوا رَسُولَ اللَّـهِ وَلَا أَن تَنکِحُوا أَزْوَاجَهُ مِن بَعْدِهِ أَبَدًا إِنَّ ذَلِکُمْ کَانَ عِندَ اللَّـهِ عَظِیمًا
Эй касоне, ки имон овардаед! Ба хонаи Паёмбар ворид нашавед, магар он, ки барои хурдани ғазо ба шумо иҷоза дода шавад. "Ба шарти он,ки пеш аз мавъид наёед ва" дар интизори вақти ғазо набошед, аммо ҳангоме,ки даъват шудед ворид шавед ва чун ғазо хурдед пароканда шавед ва ба гуфтугӯ напардозед, ин "Гуфтугӯи пас аз ғазо" Паёмбар (с)ро озор медиҳад, вале аз шумо шарм мекунад "Ва чизе ба шумо намегуяд" вале Худованд аз "Баён" ҳаққи шарм надорад ва ҳаргоҳ аз ҳамсарони Паёмбар (с) чизе хостед аз пушти парда аз онон бихоҳед, ин кор барои дилҳои шумо ва дилҳои онон покизатар аст ва барои шумо раво нест, ки расули Худо (с) ро озор диҳед ва ҳаргиз набояд бо ҳамсарони ӯ пас аз ӯ издивоҷ кунед, ки ин кор назди Худо бузург аст.
54
إِن تُبْدُوا شَیْئًا أَوْ تُخْفُوهُ فَإِنَّ اللَّـهَ کَانَ بِکُلِّ شَیْءٍ عَلِیمًا
Агар чизеро ошкор кунед ё онро пинҳон доред, бешак Худованд ба ҳар чизе доност.
Ин оят бархе аз одоби иҷтимоӣ ва меҳмониро баён карда ва хитоб ба аҳлли имон мефармояд:
А: сарзада ба хонаи касе ворид нашавед.
Б: агар шуморо ба ханаи касе даъват кардаанд, дар ин сурат ба ҳангоме биёед "Пеш аз муваъид наёед" ва пас аз сарфи ғазо хонаро тарк кунед.
Ҷ: агар шуморо ба хонаи касе даъват накардаанд, вале коре доред ва ногузиред ба дар хонаи ӯ биравед дар ин сурат. Аз пушти дар дархости худро баён ва ҳарими бонувони аҳлли хонаро ҳифз кунед ба гунае рафтор накунед, ки саволи барангез буда ва ботақво созгоре надошта бошад.
Ин одоб ва дастурҳо ба вижа дар мавриди хона ва хонаводаи Паёмбар (с) бояд ба наҳви аҳсан риоят шавад ва аз ҳаргуна коре, ки сабаби озор ва ранҷиши Паёмбар (с) шавад, худдорӣ гардад.
Албатта инҳо бархе аз одоби меҳмонӣ аст дар оятҳои дигаре аз Қуръон, ба нуқтаҳои дигаре дар ин робита ишора шудааст.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Лозимаи имон, риояти ахлоқ ва одоби иҷтимоӣ аст ва анҷоми корҳои ибодӣ, ба танҳои кофи нест.
2 – Хона ҳарим дорад ва касе ҳақ надорад бидуни иҷозаи соҳибхона вориди ҳарими хусусии ӯ шавад.
3 – Меҳмони кардан ва пазироӣ аз меҳмон, мавриди тавсияи Ислом ва пешвоёни дин аст аммо меҳмон набояд муҷиби озори соҳибхона ва музоҳимат барои ӯ шавад.
4 – Фалсафаи ҳиҷоб ва таъйини ҳудуд дар равобити иҷтимоии мардон ва занон, ҳифзи покӣ ва покдомании онҳо ва дурӣ аз авомили осеб соз аст.