Қисмати 765 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 55-58
Қисмати 765 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 55-58
55
«لَّا جُنَاحَ عَلَیْهِنَّ فِی آبَائِهِنَّ وَلَا أَبْنَائِهِنَّ وَلَا إِخْوَانِهِنَّ وَلَا أَبْنَاءِ إِخْوَانِهِنَّ وَلَا أَبْنَاءِ أَخَوَاتِهِنَّ وَلَا نِسَائِهِنَّ وَلَا مَا مَلَکَتْ أَیْمَانُهُنَّ وَاتَّقِینَ اللَّـهَ إِنَّ اللَّـهَ کَانَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ شَهِیدًا»
Бар онон "Занон" гуноҳе нест, ки дар назди падаронашон ва писаронашон ва бародаронашон ва писарони бародаронашон ва писарони хоҳаронашон ва занонашон ва канизонашон "Ҳиҷобро фурӯ гузоранд" ва аз Худованд битарсед, ки Худованд бар ҳар чизе гувоҳ аст.
Дар оят қабл, ба ҳукми ҳиҷоб дар баробари номаҳрам ишора шуд ин оят бастагони нисбиро, ки ба ҳам маҳрам ҳастанд, зикр карда ва мефармояд: Аъзои хонавода монанди падар ва бародар ва писар, бар духтар ва хоҳар ва модари худ маҳрам ҳастанд. Дар мартабаи баъди фарзандони бародар ва хоҳар бар аму ва холаи худ маҳраманд, то духтарон ва занон дар равобити даруни хонавода, дучори мазиқа ва сахтӣ набошанд.
Зани мусалмон, илова бар мардони бегона, бояд дар баробари бархе занон монанди занони куффор ё занони хидматкор низ пушиши муносиб интихоб кунанд, зеро мумкин аст ончиро онҳо аз ӯ мебинанд, назди шавҳарони худ ё дигар мардони бегона нақл кунанд.
Албатта ҳамаи ин аҳком барои ҳифзи занон аз олудагиҳои ахлоқӣ аст, илова бар кунтрули рафторҳои зоҳирӣ, бояд тақвои дарунӣ низ дар инсон тақвият шавад то заминае барои олудашудан ба гуноҳ фароҳам нашавад.
1 –Дар дини Ислом аҳкоме,ки фардро ба тангно ва сахтӣ биандозад вуҷуд надорад, афроди хонавода, ки бо якдигар зиндагӣ мекунанд, ба ҳам маҳрам ҳастанд ва ҳиҷоб дар баробари афроди бенгона воҷиб аст.
2 – Дар равобити хонаводагӣ ва иҷтимоӣ, чӣ бо афроди маҳрам ё номаҳрам, ҳамачиз бояд бар тақво ва покӣ ва покдоманӣ мабни бошад, ҳукми ҳиҷоб низ бар ҳамин асос бино ниҳода шудааст.
56
إِنَّ اللَّـهَ وَمَلَائِکَتَهُ یُصَلُّونَ عَلَى النَّبِیِّ یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَیْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِیمًا
Ҳамоно Худованд ва фариштагон бар Паёмбар дуруд мефиристанд, эй касоне, ки имон овардаед! Шумо "Низ" бар ӯ дуруд фиристед ва салом гуед ва таслими "Фармони ӯ" бошед.
Ин оят ва ду ояти пас аз он, бар ҳифзи ҳурмати Паёмбар (с) ва муъминон таъкид карда ва аз аҳлли имон хостааст ҳамвора бар расули Худо, (с) ки омили ҳидоят ва саодати онҳо буда, дуруд фиристанд ва таслими дастурҳои ӯ бошанд.
Аммо пеш аз баёни чунин дастуре, Худованд мефармояд: Ман ва фариштагонам низ бар Паёмбар (с) дуруд мефиристем ва заҳматҳо ва талошҳои ӯро дар анҷоми рисолат қадр медонем, ӯ бар ҳидояти шумо ҳарис буд ва бедуни ҳаргуна чашмдоште аз шумо, тамоми кушиш ва тавони хешро дар ин роҳ ба кор гирифт, пас шумо низ номи ӯро гироми бидоред ва ба ҳангоми зикри номаш, бар ӯ дуруд фиристед.
Дар ривоятҳо омадааст, ки ёрони расули Худо (с) аз эшон дар бораи наҳваи фиристодани салавот бар он ҳазрат пурсиданд, Паёмбар (с) фармуд: Ин гуна бар ман дуруд фиристед: "Аллаҳума сали ало Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад камо салайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид, Аллоҳума борик ало Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад камо боракта ало Иброҳим ва ало оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид".
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Ҷойе, ки Худо ва фариштагон ба поси заҳматҳои расули Худо, (с) ба ӯ дуруд мефиристанд, мо, ки пайрави он ҳазрат ҳастем, бояд муҷоҳидатҳо ва фидокориҳои он шахсияти бузургро қадр бидонем ва бо дуруди забонӣ ва итоати амалӣ, ба вазифаи хеш амал кунем.
2 – Муҳаббат ва муваддати қалбӣ, ба танҳои кофӣ нест, бояд алоқа ба бузургон ва неконро дар ҷомеа ба сурати аланӣ изҳор кунем.
57
إِنَّ الَّذِینَ یُؤْذُونَ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّـهُ فِی الدُّنْیَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُّهِینًا
Касоне, ки Худо ва расулашро озор медиҳанд, Худованд онҳоро дар дунё ва охират лаънат мекунад ва барои онон азоби хоркунандае омода карадаст.
58
وَالَّذِینَ یُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِینَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَیْرِ مَا اکْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُّبِینًا
Ва касоне, ки мардон ва занони бо имонро бидуни он, ки коре карда бошанд, озор медиҳанд, бидуни шак буҳтон ва гуноҳи ошкорро бар душ кашидаанд.
Дар ояти қабл, аҳлли имонро ба қадрдонӣ аз заҳматҳои расули Худо(с) ва дуруд ва саломи ҳамешагӣ бар он ҳазрат тавсия кард, ин оятҳо мефармояд: Аммо касоне, ки бо гуфтор ва рафтори худ, Худо ва расули Ӯро озор диҳанд, Худованд ононро дар дунё ва охират кайфари сахт медиҳад ва аз лутф ва раҳмати худ маҳрум месозад.
Озори Худованд, яъне анҷоми коре бар хилофи хост ва ризои Ӯ, ки ба ҷойи ҷалби раҳмати илоҳӣ, ғазаб ва лаънати Худоро ба дунбол дорад, барасоси ривоятҳо, ҳаргуна азият ва озор расондан ба бандагони Худо, дар ҳукми озори Худост, чунон, ки дар қуръон, қарз додан ва кумак ба бандагони Худо, дар ҳукми қарз додан ба Худо хонда шудааст.
Касе, ки сухани ҳақи Паёмбар (с) ро намепазирад ва онро инкор ва такзиб мекунад, ё ба он ҳазрат туҳмат мезанад ва бархурди беадабона бо эшон дорад. Ҳам Худоро ба хашм оварда, ҳам расули Худо (с)ро озурда аст, бетардид озори аҳлли байти Пёмбар (с) низ, сабаби озори рассули Худо (с) мешавад ва дар ривоёте, ки аз Паёмбар (с) расида бар ин мавзӯъ таъкид шудааст
Идомаи оятҳо мефармояд: На фақат расули Худо, балки ҳамаи муъминон ва муъминот, бояд мавриди эҳтиром бошанд ва касе ҳақ надорад бар асоси суъи зан ва бадбинӣ, бидуни доштани далил ва мадрак, ба касе туҳмат бизанад ва обрӯйи муъминеро бибарад, зеро ин кор дар назди Худованд гуноҳи бузурге аст, ки кайфари сахте дар пай дорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Бо гуфтор ва рафтори худ, дигаронро мавриди азият ва озор қарор надиҳем, ки Худованд моро аз лутф ва раҳмати худ маҳрум месозад.
2 – Тавҳин ва таҳқир ва тамасхара, осор ва табаоте дорад, ки бахше аз он дар ҳамин дунё зоҳир шуда ва инсонро гирифтор месозад.