Октябр 07, 2017 07:52 Asia/Dushanbe

Қисмати 766 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 59-62

59

 

یَا أَیُّهَا النَّبِیُّ قُل لِّأَزْوَاجِکَ وَبَنَاتِکَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِینَ یُدْنِینَ عَلَیْهِنَّ مِن جَلَابِیبِهِنَّ ذَلِکَ أَدْنَى أَن یُعْرَفْنَ فَلَا یُؤْذَیْنَ وَکَانَ اللَّـهُ غَفُورًا رَّحِیمًا                                               

 

Эй Паёмбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва занони муъминон бигу: пушишҳои худро бар худ фурутар гиранд, "Рӯсариҳои баланди худро бар хеш фуру афкананд" ин барои он,ки шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд, беҳтар аст ва Худо омурзандаи меҳрубон аст.

 

Дар оятҳои қабл, ба мавзӯи пушиш ва ҳиҷоб аз назари оятҳои Қуръони карим ишора шуд, ин оят дар идома мефармояд:

Сарфи пушидани ҷодур ё рӯймоли баланд кофӣ нест, балки духтарон ва занони муъмин, бояд ба гунае аз пушишҳои худ истифода кунанд, ки тамоми бадан ва мӯйи сари онҳоро бипушонад, на он,ки гӯшаҳое аз бадан ва мӯй пайдо бошад.

Идомаи оят таъкид мекунад, ки ин пушиши комил ва фарогир боис мешавад шумо ба покдоманӣ шинохта шавед ва аз сӯйи афроди нопок мавриди озор ва бе ҳурматӣ қарор нагиред, чӣ озори забонӣ ва чӣ  рафторҳои ношоист, ки муҷиби ранҷиш ва озори рӯҳии шумо мешавад.

 

Аз иин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Фалсафаи ҳиҷоб, ҳифзи занон аз нигоҳҳои нопок, суханони нораво ва рафторҳои осебрасонанда аст, бинобар ин ҳиҷоб барои зан омили масуният аст гарчӣ маҳдудиятҳоеро низ ба дунбол дорад.

 

2 – Ҳифзи иффати умуми дар ҷомеаи Исломӣ мавриди таъкиди Қуръон ва расули Худост ва бахше аз ин амр, марбут ба занон аст, ки бояд ҳангоми рафт ва омад дар хориҷ аз манзил аз пушиши муносиб истифода кунанд.

 

3 – Бинои Ислом, бар хонанишинии занон нест, лизо ҳузури онҳо дар ҷомеа, бо ҳифзи ифоф, ва покдоманӣ монее надорад.

 

 

60

 

    لَّئِن لَّمْ یَنتَهِ الْمُنَافِقُونَ وَالَّذِینَ فِی قُلُوبِهِم مَّرَضٌ وَالْمُرْجِفُونَ فِی الْمَدِینَةِ لَنُغْرِیَنَّکَ بِهِمْ ثُمَّ لَا یُجَاوِرُونَکَ فِیهَا إِلَّا قَلِیلًا       

 

Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморие аст ва онон, ки дар Мадина шойеа парокани мекунанд, "Аз корашон" даст барнадоран, туро алайҳи онон мешуронем ва ҷуз мудати кӯтоҳе наметавонанд дар канори ту дар ин шаҳр бимонанд.

 

61

 

            مَّلْعُونِینَ أَیْنَمَا ثُقِفُوا أُخِذُوا وَقُتِّلُوا تَقْتِیلًا                

 

Онон нафрин шудагонанд, ҳар куҷо ёфт шаванд бояд дастгир шуда ва ба сахти ба қатл бирасанд.

 

 

62

 

سُنَّةَ اللَّـهِ فِی الَّذِینَ خَلَوْا مِن قَبْلُ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّـهِ تَبْدِیلًا   

 

Ин суннати Худованд дар бораи касоне аст, ки пеш аз ин будаанд ва ҳаргиз барои суннати Худо тағире нахоҳи ёфт.

 

Ин оятҳо дар бораи касоне аст, ки дар асри Паёмбар (с) дар Мадина зиндагӣ мекарданд, аммо ба ишколи мухталиф, асбоби ноамнӣ ҷомеарро фароҳам мекарданд, бемордилон барои занон ва духтарони Мадина эҷоди музоҳимат мекарданд аз тарафи мунофиқон, ки аз ҷанг бо душманони Ислом ба баҳонаҳои мухталиф сарбоз мезаданд, бо шойеасозӣ, дар миёни мардум, тарс ва дилҳурра эҷод мекарданд, онҳо бо бузург нишон додан тавони душман ё шойеаи пароканӣ дар мавриди заъф ва шикасти нерӯҳои муъмин, муҷиби тазъифи рӯҳияи мардум ва размандагон мешуданд.

Аз ончо, ки барои ҳар ҷомеае, ҳифзи амният аз ҳар амри дигаре ҳатто иқтисод ва маъсияти мардум, муҳимтар аст, Худованд ба паёмбараш мефармояд: бо чунин афроде, ки муҷиби салби амнияти рӯҳӣ ва равонии мардум мешаванд, ба сахтарин шакл бархурдор кунед. Гуруҳе аз Мадина ихроҷ шаванд ва гуруҳе ба дор муҷозот овехта шаванд то мояи ибрати дигарон гарданд ва касе ҷуръат накунад ба ҳар баҳонае амнияти мардумро ба ҳам бизанад.

Поёни ин оятҳо, бар таъғири нопазир будани суннатҳои илоҳӣ ишора карда ва мефармояд: Решакан кардани авомили фасод ва ноамнӣ яке аз сунатҳои илоҳӣ аст, ки Худованд аз паёмбараш мехоҳад ҳам дар замони  худаш онро иҷро кунад а ҳам дар оянда тавассути ҳокимони Исломӣ амал шавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Дар баробари ихлолгарон ва омилони ноамнӣ дар ҷомеа, аз худ заъф ва сустӣ нишон надиҳем, ки ноамнӣ ҳамчун бемории хатарнок, ҳаёти ҷомеаро ба мухотара меандозад.

2 – онон, ки омили фитнаангезӣ ва ноамнӣ дар ҷомеа ҳастанд, набояд дар ҳечҷо эҳсоси амният кунанд, бояд чунин афроде дасгир шаванд ва тибқи назари ҳокими Исломӣ бо ашадди муҷозот бо онҳо бархурд шавад.

 

3 – Шойеаафканӣ яке аз роҳҳои  нуфузи душман дар ҷомеаи Исломӣ аст ҳам бар масъулон лозим аст бо баёни воқеиятҳо эътимоди мардумро ҷалб кунанд ва ҳам бар мардум лозим аст ба ҳар сухане таваҷҷӯҳ накунанд ва худ василае барои интишори шоеот нашаванд.

 

4 – Дар иҷрои ҳукми Худо дар бораи ихлолгарони амнияти ҷомеа ва фитнаангезон, набояд маслиҳат кард, балки бояд ҳукми Худоро бо қотеият ба иҷро даровард.