Қисмати 767 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 63-68
Қисмати 767 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 63-68
63
یَسْأَلُکَ النَّاسُ عَنِ السَّاعَةِ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِندَ اللَّـهِ وَمَا یُدْرِیکَ لَعَلَّ السَّاعَةَ تَکُونُ قَرِیبًا
"Эй Паёмбар!" мардум дар бораи замони қиёмат аз ту мепурсанд, бигу: илми он танҳо назди Худост ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад.
Кофирон, ки далиле бар адами имкони вуқуъи қиёмат надоштанд, барои эҷоди тардид дар мардум ва суст кардани имони онҳо ба Паёмбари акрам (с), ин саволро матраҳ мекарданд, ки агар ӯ рост мегуяд, бигуяд, ки қиёмат чӣ замоне барпо мешавад?
Лозим ба зикр аст, ки надонистани замони вуқуи як амр, далиле бар адами вуқуи он нест, ҳамаи мо инсонҳо медонем, ки рӯзе мемирем, аммо ҳеч кас намедонад, ки марги ӯ чӣ замоне аст? Оё чун намедонем чӣ замоне мемирем, далил бар ин аст, ки нахоҳем мурд?
Ба илова, агар барфарз Паёмбар (с) мефармуд: Ҳазор соли дигар қиёмат барпо мешавад, оё то ҳазор соли дигар зинда мемонданд то дурустии сухани Паёмбар (с)ро дарк кунанд ва имон биёваранд?
Идомаи оят мефармояд: Замони вуқуи қиёматро фақат Худованд медонад, на он,ки Паёмбар (с) медонад ва махфӣ мекунад. Муҳим ин аст, ки ҳар инсони муъмин замони вуқуи қиёматро наздик бидонад ва муроқиби аъмол ва рафтораш бошад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Надонистани замони вуқуи қиёмат, ба асли вуқуи он зараре намерасонад ва муъминон барасоси имон ба ростгӯйи ва садоқати Паёмбар (с) и Худо, ба вуқуи он имон доранд.
2 – Ҳамвора бояд омодаи фарорасидани марг ва ҳузур дар додгоҳи илоҳӣ бошем, донистани замони марг муҳим нест, омодагӣ барои марг муҳим аст.
64
إِنَّ اللَّـهَ لَعَنَ الْکَافِرِینَ وَأَعَدَّ لَهُمْ سَعِیرًا
Худованд кофиронро лаънат ва барои онон оташи фурӯзон фароҳам кардааст.
65
خَالِدِینَ فِیهَا أَبَدًا لَّا یَجِدُونَ وَلِیًّا وَلَا نَصِیرًا
Ҳамвора дар он ҷовидонанд ва ёр ва ёваре "Барои худ" намеёбанд.
66
یَوْمَ تُقَلَّبُ وُجُوهُهُمْ فِی النَّارِ یَقُولُونَ یَا لَیْتَنَا أَطَعْنَا اللَّـهَ وَأَطَعْنَا الرَّسُولَا
Рӯзе, ки чеҳраҳои онон дар оташ гардонда шавад, "Бо ҳасрат" мегуянд: эй кош аз Худованд ва Паёмбар итоат карда будем.
Дар идомаи ояти қабл, ки саволҳои ташкикофарини кофиронро баён кард, ин оят мефармояд: Касоне, ки дар мақоми тазъифи бовариҳои диннӣ ва суст кардани иртиботи мардум бо Паёмбари Худо (с) ҳастанд, ҳам дар дунё аз раҳмати илоҳӣ маҳрум мешаванд ва ҳам дар охират гирифтори азоб мегарданд.
Он ҳам азобе дарнок, ки орузӯ мекунанд эй кош чунин рафторе бо дини Худо ва Паёмбарар (с) ш надоштанд, аммо чӣ суд, ки дигар замон ҷуброни гузашта ва имкони тавба ва бозгашт вуҷуд надорад ва касе ҳам нест, ки битавонад онҳоро наҷот диҳад ё аз азоби онҳо бикоҳад.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – куфр ва инкор, ки аз инод ва лаҷоҷат бо ҳақ сарчашма мегирад, қаҳр ва лаъни илоҳиро дар дунё ва охират ба дунбол дорад.
2 – бархилофи низоми иҷтимоии мавҷуд дар дунё, дар охират ҳеҷ кас наметавонад ба кумаки дигаре бишитобад ва ӯро аз гирифтор шудан дар азоб бираҳонад
3 – Танҳо роҳи наҷот ва растагорӣ дар дунё ва охират, итоат аз Худо ва расули Ӯст, ғафлат аз ин амр, муҷиби пушаймонӣ дар охират аст.
67
وَقَالُوا رَبَّنَا إِنَّا أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَکُبَرَاءَنَا فَأَضَلُّونَا السَّبِیلَا
Мегуянд: Парвардигоро мо сарон ва бузургонамонро итоат кардем ва онон моро аз роҳ ба дар бурданд.
68
رَبَّنَا آتِهِمْ ضِعْفَیْنِ مِنَ الْعَذَابِ وَالْعَنْهُمْ لَعْنًا کَبِیرًا
Парвардигоро! Ононро азоби дучандон деҳ ва лаънаташон кун, лаънати бузург.
Ҳангоми мушоҳидаи азоб, забони муҷримон боз мешавад ва касонеро, ки боиси гумроҳии онҳо шудаанд, мавриди лаън ва нафрин қарор медиҳанд, дар ҳоле, ки ин суханон наметавонад ҷурми онҳоро тавҷеҳ кунад, зеро онҳо метавонистанд ба ҷойи итоат аз бузургон ва ниёгонашон, аз Паёмбар (с) ва ниёгони худ пайравӣ кунанд то дучори гумроҳӣ нашаванд, илова бар он,ки бузургони қавм, онҳоро маҷбур ба итоат ва пазириш накарда буданд ва метавонистанд ақидаи онҳоро напазиранд.
Табии аст, ки муроди муҷримон аз бузургони қавм, соҳибони қудрат ва сарват аст, ки ин афрод наметавонанд меъёре барои ташхиси ҳақ ва ботил бошанд ва агар ба ҷойи онон, ба суроғи соҳибони илм ва ҳикмат мерафтанд, умеди наҷот барои онон буд.
Ҷолиб аст ин муҷримон, ки худ гирифтоори лаъни илоҳӣ шудаанд, барои бузургони худ азоби музоаф ва лаъни бештар талаб мекунанд, дар ҳоле, ки ин дархост дар сурати пазириш, муҷиби музоаф шудани азоби худи онҳо низ хоҳад шуд. Чунон, ки дар оят 38 сураи Аъроф, Худованд дар посухи касоне, ки азоби музоафро барои бузургони худ дархост мекунанд, мефармояд: Барои ҳарду гурӯҳ азоби музоаф аст барои пешвоёни куфр бар ҷиҳати гумроҳ кардани мардум ва барои пайравонашон, ба ҷиҳати ёри ва кӯмак ба пешвоёни зулм, зеро агар онҳо пайравӣ намекарданд, сарони куфр ва зулм наметавонистанд ба танҳои ба зулми худ идома диҳанд.
Аз иин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Муҷримон дар қиёмат ба дунболи тавҷиҳи иштиботҳои худ ҳастанд ва саъй мекунанд онҳоро ба гардани дигарон бияндозанд.
2 – Пайравии куркурона аз бузургони ҷомеа, аз нигоҳи ақл ва шаръ, қобили пазириш нест ва мояи пушаймони аст.
3 – Касоне, ки бо эҷоди суннатҳои нодуруст, асбоби гумроҳии мардумро фароҳам мекунанд, масъули гумроҳии мардум ва осор ва паёмадҳои он ҳастанд, гарчӣ пас аз марги онҳо бошад.