Қисмати 768 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 69-73
Қисмати 768 сураи муборакаи " Аҳзоб ", ояи 69-73
69
یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لَا تَکُونُوا کَالَّذِینَ آذَوْا مُوسَى فَبَرَّأَهُ اللَّـهُ مِمَّا قَالُوا وَکَانَ عِندَ اللَّـهِ وَجِیهًا
Эй касоне, ки имон овардаед, монанди касоне набошед, ки Мусоро озор доданд, пас Худованд ӯро аз ончӣ дар борааш мегуфтанд, мубарро сохт ва ӯро назди Худованд обрӯманд буд.
Дар оятҳои пешин, дар ояти 57 ҳамин сура, масалаи озор ва азияти Паёмбари Ислом (с) тавассути мунофиқон матраҳ шуд, аз онҷо, ки яҳудиён дар шаҳри Мадина зиндагӣ мекарданд ва бо мусалмонон таомул доштанд, бархе аз туҳматҳо ва суханони норавое, ки дар замони ҳазрати Мусо ба он ҳазрат задашуд ва Қорун ва Фиръавн ва дигар мухолифон дар он нақш доштанд, ба гӯши мусалмонон мерасид.
Ин оят хитоб ба аҳлли имон мефармояд: муроқиб бошед ончиро аз яҳудиён дар бораи ҳазрати Мусо (а) мешунавед, барои дигарон нақл накунед ва ба шоеот доман назанед, зеро Худованд бар дӯстӣ ва покӣ ва саломати паёмбараш гувоҳи медиҳад ва касеро, ки назди Худованд обруманд аст, ба беобрӯйи нисбат надиҳед.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – яке аз тарфандаҳои душманон, тазъифи раҳбарони динӣ аз тариқи шоеапароканӣ, туҳмат задан ба онҳо ва зери савол бурдани саломати ҷисмӣ ва равонии онҳост.
2 – Лозимаи имон ба Худо, имон ба Паёмбари илоҳӣ ва покӣ ва исмати "Боз доштан, нигоҳ доштан" онҳо ва парҳез аз ҳаргуна туҳмат ва ифтиро ба онҳост
3 – Худованд аз инсонҳои пок "Ба вижа анбиё" дар баробари туҳматҳои норавои душманон дифоъ мекунанад ва аз онҳо таҷлил ба амал меоварад, мо низ бояд ингуна бошем.
70
یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّـهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِیدًا
Эй касоне, ки имон овардаед, тақвои илоҳӣ пеша кунед ва сухани дурӯст ва устувор бигуед.
71
یُصْلِحْ لَکُمْ أَعْمَالَکُمْ وَیَغْفِرْ لَکُمْ ذُنُوبَکُمْ وَمَن یُطِعِ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِیمًا
То Худо аъмолатонро барои шумо ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро бар шумо биёмурзад, ва ҳар кас Худо ва Паёмбаарашро итоат кунад, бетардид ба растагории бузурге ноил шуда аст.
Дар идомаи ояти қабл, ки муъминонро аз нақли суханони нораво ва озордиҳанда наҳӣ фармуд, ин оят мефармояд: Бояд муроқиб буд ва аз гуфтани ҳар матлабе, ки дурустии он равшан нашуда парҳез кард, сухане бигуед, ки мувофиқи ҳақ ва воқеи бошад, на он,ки битавон дар он хатша "Шак, шубҳа"ворид намуд, сухане, ки ҳамчун садди, маҳкам ва устуувор ва халалнопазир бошад ва мӯҷиби бурузи мушкилоти хонаводагӣ ва иҷтимои нашавад.
Табии аст агар ҳамаи аҳлли имон дар сухан гуфтани худ, усул ва мавозини онро риоят кунанд ва ба худ иҷоза надиҳанд барасоси ҳадс ва гумонҳои бепоя ё бадбинӣ ва суи зан, дар бораи дигарон қазоват кунанд, ҷомеа рӯ ба ислоҳ меравад, ҳам мушкилҳои гузашта ба мурур ҳал мешавад ва ҳам аз бурузи мушкилҳои оянда ҷилавгири мегардад.
Худованд низ гуноҳони гузаштаи касонеро, ки аз суханони нораво даст бардоранд, меомурзад ва корҳои ононро ислоҳ менамояд. Дар воқеъ, аз натиҷаҳои тақво, дурӣ аз суханони нораво ва рӯй овардан ба суханони ҳақ ва дуруст аст, ҳамин сабаби ислоҳи амалҳо ва омурзиши гуноҳон мешавад.
Дар тамсили зебо аз имом Саҷод (а) омадааст, ки ҳар рӯз субҳ, забон аз аъзои дигар бадан аҳволпурсӣ мекунад ва ҳамаи онҳо дар ҷавоб мегуянд: ҳоли мо хуб аст, агар ту бигзорӣ!
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Лозимаи имон, доштани тақво ва лозимати тақво, сухани ҳақ ва устувор аст.
2 – Зебо будани лафзҳо ва калимаҳо кофӣ нест, балки муҳтавои сухан низ бояд маҳкам ва мустанад бошад.
3 – Агар инсон дар ҳаде, ки тавонои дорад, тақворо муроот куанд, Худованд лағзишҳои ӯро мебахшад ва масири ӯро ислоҳ мекунад.
72
إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَیْنَ أَن یَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَ73لَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ کَانَ ظَلُومًا جَهُولًا
Мо амонати "Илоҳӣ" – ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза кардаем, пас онҳо аз ҳамли он сарбоз заданд, ва аз он тарсиданд вале ин онсон онро бар душ гирифт, бетардид ӯ "Ба ҷиҳати адами риояти амонат" бисёр ситамкор ва нодон аст.
73
لِّیُعَذِّبَ اللَّـهُ الْمُنَافِقِینَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِکِینَ وَالْمُشْرِکَاتِ وَیَتُوبَ اللَّـهُ عَلَى الْمُؤْمِنِینَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَکَانَ اللَّـهُ غَفُورًا رَّحِیمًا
То Худованд мардон ва занони мунофиқ ва мардон ва занони мушрикро "Ба сабаби хиёнат дар амонат" азоб кунат ва тавбаи мардон ва занони муъминро "Дар лағзиш дар адои амонат" бипазирад ва Худованд ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст.
Ин отяҳо, ки поёни сураи аҳзоб аст, ба мавзӯи муҳим ишора ва аз имтиёзи муҳими инсон бар дигар мавҷудот ба амонат таъбир кардааст, амонате, ки дигар мавҷудоти ҳастӣ тавони дарёфт ва баҳрагирӣ аз онро надоранд ва фақат мавҷуде ба номи инсон, машмули лутфи илоҳӣ шуда ва аз он бархурдор шудааст.
Равшан аст, ки мурод аз амонати илоҳӣ, ҳамон рӯҳ аст, ки Худованд ба инсон атто карда ва ӯро дигар мавҷудот мутамоиз сохта аст, рӯҳе, ки маншаи ақл ва шуури башар ва ба дунболи он интихоб ва ихтиёри ӯст ва ҳамаи камолоти инсонӣ дар партави он ҳосил мешавад.
Дигар маҷудот аз ҷимод ва набот ва ҳайвон, зарфияти дарёфти ин неъмати бузурги илоҳиро надорад ва аз он маҳруманд, аммо инсон барасоси лутфи бузурги Худованд ба ӯ, соҳиби чунин неъмати азиме шудааст, албатта ҳамчун дигар неъматҳо, ин неъмат низ амонати илоҳӣ аст, на он, ки башар, офаринанда ва молики он ва гумон кунад ҳаргуна, ки дилхоҳи ӯст, метавонад аз он истифода кунад.
Худованд, ки ин неъматро дар ниҳоди башар ба амонат ниҳода, аз ӯ хоста аз ин амонат дар масири дуруст ва дар ҷиҳати салоҳ ва саодати худ ва ҷомеа баҳра бубарад, аммо мутаасифона инсонҳои биссёре гирифтори куфр ва куфрон, ё нифоқ ва дурӯйи шуда ва бо рафтор ва аъмоли ношоисти худ дар ин амонати илоҳӣ хиёнат кардаанд.
Муъминон низ, ки худро пойбанди ин амонат медонанд, дар мавориде дучори лағзиш шуда ва бар хилофи назари соҳиби амонат "Худо" дар он тасаруф кардаанд, натиҷаи он, ки гуруҳе аз сариҷаҳл ва нодонӣ ва гуруҳе аз сари зулум ва беадолатӣ, аз амонати илоҳӣ дар масири нодуруст истифода карда ва гуруҳе аз сари қусур ва тақсир дар ҳифзи амонат кӯтоҳӣ кардаанд.
Табии аст, ки золимон ба кайфари хиёнат дар амонат гирифтор мешаванд ва қосирон дар сурати тавба, машмули лутфи дубораи илоҳӣ мегарданд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – инсон амини Худо дар ҳастӣ аст, Худованд имтиёзоти хосе ба башар додааст, ки ҳечяк аз мавҷудоти дигар аз он бархурдор нестанд ин имтиёзот, амонати илоҳӣ аст, ки бояд ба наҳви дуруст аз он истифода кунад.
2 – Аз дидгоҳи Ислом, калимаи зулум танҳо ба дигарон ихтисос надорад, агар аз неъматҳои илоҳӣ, ки мояи рушд ва камоли инсон аст, дар масири нодурусти баҳрабардорӣ шавад, бузургтарин зулум ба худ аст.
3 – Амонати илоҳӣ масъулятовар аст, ҳар кас дар анҷоми масъулят ва адои амонат хиёнат кунад, ба таври табии гирифтори қаҳри илоҳӣ мешавад.
4 – Зан ва мард дар сууд ба калимот ё суқут дар пастиҳо, яксонанд ва аз лиҳози инсонӣ, ҳеч тафовуте миёни зан ва мард нест.