Қисмати 769 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 1-5
Қисмати 769 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 1-5
بسم الله الرحمن الرحیم
Ин сура дар Макка нозил шуда 54 оят дорад ва ба сабо ном гирифтааст.
1
الْحَمْدُ لِلَّـهِ الَّذِی لَهُ مَا فِی السَّمَاوَاتِ وَمَا فِی الْأَرْضِ وَلَهُ الْحَمْدُ فِی الْآخِرَةِ وَهُوَ الْحَکِیمُ الْخَبِیرُ
Ситоиш махсуси Худое аст, ки ончӣ дар осмонҳо ва ончӣ дар замин аст, аз Ӯст ва дар охират "Низ" ҳамд ва ситоиш аз Ӯст ва Ӯст Ҳакими огоҳ!
2
یَعْلَمُ مَا یَلِجُ فِی الْأَرْضِ وَمَا یَخْرُجُ مِنْهَا وَمَا یَنزِلُ مِنَ السَّمَاءِ وَمَا یَعْرُجُ فِیهَا وَهُوَ الرَّحِیمُ الْغَفُورُ
Ончӣ дар замин фурӯ меравад ва ончӣ аз он хориҷ мешавад ва ончӣ аз осмон нозил мешавад ва ончӣ дар он боло меравад, "Ҳамаро" медонад ва Ӯст меҳрубони омурзанда.
Ҳамаи мо бо дидани расмҳои зебо аз манзараҳои табии, кӯҳҳо, ҷангалҳо, дарёҳо ва анвои ҳайвонҳо, таҳти таъсир қарор гирифта ва бе ихтиёри офаринандаи он осори ҳунариро мавриди таҳсин қарор медиҳем, оё касе, ки ин осмон ва замин ва манозири бисёр зебо ва бадиъро "Аҷиб" офарида, ки расом тасвире аз онҳоро барои мо тарсим кардааст, лоиқи ситоиш ва таҳсин нест?
Панҷ сураи Қуръони Карим, бо ҳамд ва ситоиши Худованд оғоз мешавад, кӯтоҳтарини онҳо сураи ҳамд аст, ки онро дар намозҳо тиловат мекунем, яке дигар аз ин сураҳо, сураи сабаъ аст, ки бо ситоиши Худованд ба хотири офариниши ин ҳастии зебо оғоз шудааст.
Ӯ, ки ҳам Холиқи ҳастӣ аст ва ҳам Олим ба ҳамаи умури он, ҳеч чиз аз илми Ӯ пинҳон нест ва ҷаҳонро бар асоси илм ва ҳикмати худ идора мекунад.
Дар охират низ, биҳиштиён Ӯро мавриди ҳамд ва ситоиш қарор медиҳанд, чаро, ки барасоси адл ва фазлаш бо мардум рафтор карда ва подоши бузург ба некукорон дода аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Ситоиши вақеӣ ва ҳақиқӣ аз Худост ва ҳар соҳиби камолие, ки мавриди ситоиш қарор гирад, дар воқеъ офаринандаи ӯ ситоиш мешавад.
2 – Илми Худованд ба ҷаҳон ва инсон, илми куллӣ нест, балки ӯ ба тамоми ҷузъиёти ҳастӣ ва резакориҳои мавҷудоти олам огоҳ аст.
3
وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لَا تَأْتِینَا السَّاعَةُ قُلْ بَلَى وَرَبِّی لَتَأْتِیَنَّکُمْ عَالِمِ الْغَیْبِ لَا یَعْزُبُ عَنْهُ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ فِی السَّمَاوَاتِ وَلَا فِی الْأَرْضِ وَلَا أَصْغَرُ مِن ذَلِکَ وَلَا أَکْبَرُ إِلَّا فِی کِتَابٍ مُّبِینٍ
Кофирон гуфтанд: "Ҳаргиз" ба суроғи мо нахоҳад омад, бигу чаро, ба Парвардигорам, ки огоҳ аз ғайб аст савганд, ки ба суроғи шумо низ хоҳад омад ба миқдори заррае дар осмонҳо ва замин аз Ӯ пушида нест на хурдтар аз он ва на калонтар аз он нест ҷуз он, ки дар китоби равшан "Сабт" аст.
Касоне, ки Худоро инкор мекунанд ва ҳозир ба пазириш мабдаи мудаббири барои ҳастӣ нестанд, табии аст, ки қиёматро низ инкор кунанд ва ҳозир ба пазириши ҳаёти пас аз марг ва ҳузур дар додгоҳи қиёмат набошанд аммо паёмбар (с) ба сароҳат эълом медорад, ки ин ҳадс ва гумон ва хост ва орзӯйи кофирон аст, ки пас аз марг қиёмате набошад ва онҳо битавонанд ба дилхоҳи худ ва бидуни ҳеҷгуна маҳдудияте дар дунё амал кунанд, аммо барасоси ваҳйи илоҳӣ, ки Паёмбар (с) мустақиман дарёфт мекунад, ҳамаи инсонҳо, аам "Муҳимтар, шомилтар" аз кофир ва муъмин, дар додгоҳи қиёмат ҳозир мешаванд ва бояд посухгӯйи афкор ва кирдори худ дар дунё бошанд.
Додгоҳе, ки дар асоси санадҳои мактуб, ки тавассути фариштагони илоҳӣ дар дунё сабт шудааст, одилона ба ҳисоби афрод расидагӣ мекунад ва ҳеч кори хурд ё калонро аз қалам намеандозад.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Мункирони маод, далиле бар нафӣ он надоранд ва танҳо барасоси илми маҳдуд ва зан ва гумони худ ба инкори он мепардозанд.
2 – Инсон дар воқеъ бо Худои доное тараф аст, ки аз ошкор ва ниҳон ва зоҳир ва ботини башар огоҳ аст ва наметавон чизеро аз Ӯ пинҳон дошт.
3 – Дар низоми модӣ, каммияти "Миқдори" кор бисёр таъсиргузор аст, аммо дар охират, каммият нақши асоси надорад ва муҳим кайфият ва ангезаи кор аст.
4
لِّیَجْزِیَ الَّذِینَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَـئِکَ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ کَرِیمٌ
То касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, подош диҳад, ононанд, ки бар эшон омурзиш ва рӯзии некӯе аст.
5
وَالَّذِینَ سَعَوْا فِی آیَاتِنَا مُعَاجِزِینَ أُولَـئِکَ لَهُمْ عَذَابٌ مِّن رِّجْزٍ أَلِیمٌ
Ва касоне, ки дар "Инкор ва такзиби" ояҳои мо кушидаанд то моро дармонда кунанд, ононанд, ки бар эшон азоби "Сахт" аз уқубати дарднок аст.
Дар идомаи ояти қабл дар хусуси додгоҳи қиёмат, ин оят ба оқибати инсонҳо ишора карда ва мефармояд: Мардум дар қиёмат ду гурӯҳ мешаванд: яке гурӯҳи биҳиштиён ҳастанд, ки бо аъмоли худ дар дунё, лаёқати дарёфти ризқи каримонаи илоҳиро дар охират ба даст овардаанд гурӯҳи дигар, дузахиёне ҳастанд, ки дар роҳи такзиб ва инкори оятҳои Қуръон ва маорифи он, бисёр талош мекарданд, онҳо мепиндоштанд, ки метавонанд аз таҳти қудрати илоҳӣ бигрезанд ва Худоро ба аҷз оваранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Танҳо роҳи дарёфти илоҳӣ дар Қиёмат. Имон ва амали солиҳ аст.
2 – Касе, ки метавонад подоши комил ва воқеии аъмоли инсонро бидиҳад, ки ба ҳамаи корҳои ӯ ва ният ва ангезаи ӯ анҷоми онҳо огоҳии комил дошта бошад.
3 – Аз тавтиаҳо ваталошҳои душманон барои тазъифи Қуръон ва мактаби Исломӣ ғофил нашавем, ки онҳо дар садади дур кардани мардум аз Қуръон ҳастанд.