Қисмати 770 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 6-9
Қисмати 770 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 6-9
6
وَیَرَى الَّذِینَ أُوتُوا الْعِلْمَ الَّذِی أُنزِلَ إِلَیْکَ مِن رَّبِّکَ هُوَ الْحَقَّ وَیَهْدِی إِلَى صِرَاطِ الْعَزِیزِ الْحَمِیدِ
Касоне, ки ба онҳо илм дода шуда, ончиро аз ҷониби Парвардигорат ба ту нозил шуда, ҳақ мебинанд, ки ба роҳи Худои азиз ва сутуда ҳидоят мекунад.
7
وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا هَلْ نَدُلُّکُمْ عَلَى رَجُلٍ یُنَبِّئُکُمْ إِذَا مُزِّقْتُمْ کُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّکُمْ لَفِی خَلْقٍ جَدِیدٍ
Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: Оё шуморо ба марде роҳнамои кунем, ки ба шумо хабар медиҳад онгоҳ, ки "Дар қабр" комилан муталоши шудед, офариниши тозае хоҳед ёфт?
Дар ёятҳои пешин сухан аз касоне буд, ки маодро "Бозгашт" инкор мекарданд ва кушиш дар гумроҳи кардани мардум бо такзиби оятҳои илоҳӣ доштанд, ин оятҳо мефармояд: Соҳибони илм ва андеша дар оятҳое, ки бар ту нозил шуда тафаккур ва тадаббур карда ва ба ҳақонияти он пай мебаранд, онҳо ба ин натиҷа мерасанд, ки роҳи дурусти расидан ба ҳидояти илоҳӣ, таваҷҷуҳ ба оятҳои Қуръони Карим аст.
Дар замони расули Худо, бархе олимони аҳли китоб бо канорагузоридани таассуб ва пешдоварӣ, ба Паёмбари акрам (с) имон оварданд ва мусалмон шуданд, дар тули таърих низ донишмандони бисёре бо мутолиаи оятҳои Қуръон, ба ҳақоният ва азаммати он гувоҳи дода ва худро пайрави ин китоб ва мактаб қаламдод кардаанд.
Дар муқобили ин гурӯҳ, ҳамвора касоне буда ва ҳастанд, ки барои такзиби Қуръон ва рисолати Паёмбари акрам (с), мавзӯи маодро матраҳ мекунанд, онҳо аз рӯйи таҳқир ва истиҳзоъ мегуянд: Ин касе аст, ки идаъо мекунад инсонҳо пас аз он.ки дар гур пусиданд ва хок шуданд, дубора аз дили хок сарбар меоваранд ва зиндагии ҷадидеро оғоз мекунанд.
Ин гурӯҳ чун наметавонанд мункири мабдае барои ҷаҳон ва инсон шаванд, ба инкори маод мепардозанд, онҳо бо ин кор дар сададе ҳастанд мардум ба Паёмбар (с) имон наёваранд ва дастурҳои динро напазиранд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Бар хилофи дидгоҳи касоне, ки динро зойидаи ҷаҳли мардум медонанд, олимон ва андешамандони бисёре дар тули таърих, ба ҳақонияти Ислом пай бурда ва ба он изъон кардаанд.
2 – Роҳи паёмбарон, мояи иззат ва сарафрозии аҳли имон дар дунё мешавад.
3 –Мухолифони роҳи паёмбарон, ба ҷойи баҳрагирӣ аз ақл ва мантиқ, кушиш доранд бо таҳқир ва истиҳзоъ, шахсияти паёмбаронро назди мардум тахриб кунанд то касе ба суроғи онҳо наравад.
8
أَفْتَرَى عَلَى اللَّـهِ کَذِبًا أَم بِهِ جِنَّةٌ بَلِ الَّذِینَ لَا یُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ فِی الْعَذَابِ وَالضَّلَالِ الْبَعِیدِ
Оё ӯ ба Худо дуруғе баста ё ҷунуне дар ӯст? "Чунин нест" балки касоне, ки ба охират имон надоранд, дар азоб ва гумроҳии дуре ҳастанд.
9
أَفَلَمْ یَرَوْا إِلَى مَا بَیْنَ أَیْدِیهِمْ وَمَا خَلْفَهُم مِّنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِن نَّشَأْ نَخْسِفْ بِهِمُ الْأَرْضَ أَوْ نُسْقِطْ عَلَیْهِمْ کِسَفًا مِّنَ السَّمَاءِ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَةً لِّکُلِّ عَبْدٍ مُّنِیبٍ
Оё ба ончӣ аз осмон ва замин, пеши рӯ ва пушти сарашон аст, нигоҳ накарданд? Агар бихоҳем ононро дар замин фурӯ мебарем ё қитъаҳое аз "Сангҳои" осмонро бар сарашон фурӯд меоварем, ҳамоно дар ин амр, барои ҳар бандае тавба кори ибрат аст.
Мухолифони Паёмбар, ки ҳаёти пас аз маргро инкор мекарданд, мегуфтанд: Ин идаъо дуруғе аст, ки ин мард бар Худо баста ва ӯ гирифтори ҷунун шуда, ки чунин ҳарфҳоеро мезанад, вагарна инсони оқил чигуна метавонад чунин идаъое дошта бошад?!
Худованд дар посух ба чунин афроде мефармояд: Паёмбар (с) на дуругӯст ва на маҷнун! Ин шумо ҳастед, ки гирифтори гумроҳии амиқе шудаед, ки ҳозир ба пазириши суханони ҳақ нестед ва гумон мекунед бо инкори қиёмат, аз азобе, ки ӯ хабар медиҳад, наҷот хоҳед ёфт.
Дар идома Худованд ба чунин кофирони лаҷуҷе мефармояд: Оё ба осмон ва замин наменигаред, ки бо чӣ қудрате офарида шудаанд? Оё Худое, ки қодир аст чунин азамматеро дар осмон ва замин биёфаринад, аз офаридани дубораи шумо инсонҳо оҷиз аст? Оё ҳақиқатан дар қудрати Ӯ шак ва тардид доред, ки чунин инкор мекунед? Оё Ӯ қудрат надорад бо эҷоди заминларзаи бузург, ҳамаи шуморо ба замин фурӯ барад? Ё он, ки бо фиристодани сангҳои осмонӣ, шумо ва хона ва кошанаатонро нобуд созад?
Ҳар инсони оқиле ин амрҳоро мумкин медонад ва аз вуқуи онҳо дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон мутталаъ "Огоҳ" аст, пас чигуна аст, ки бархе афрод бидуни таваҷҷуҳ ба гузашта ва оянда, фақат имрӯз худро мебинанд ва қиёматро инкор мекунанд?
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Баъзе инсонҳо Худоро ба унвони холиқ ва мабдаи ҳастӣ қабул доранд, аммо ҳозир ба пазириши маод нестанд то зери бори дастуроти илоҳӣ ва масъулятҳои ношӣ аз он нараванд.
2 – Имон надоштан ба охират, маншаи анвои инҳирофот ва муҷиби фурӯ рафтан дар гумроҳии бештар аст.
3 – Тафаккур дар азаммати офариниш, ҳам имон ба мадаи ҳастиро тақвият мекунад, ҳам сарчашмаи имон ба маод аст.
4 – Инсоне, ки дар баробари ҳодисаҳои табии чун зилзила, нотавон аст, чигуна мехоҳад аз азоби бузурги илоҳӣ фирор кунад ва худро наҷот диҳад.
5 – Тафаккур дар олами ҳастӣ, инсонро ба тааббуд ва бандагии Парвардигор суқ медиҳад, ӯро аз вабастагӣ ба дигарон озод мекунад ва сарчашмаи бандагӣ ба даргоҳи Худованд аст.