Қисмати 771 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 10-13
Қисмати 771 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 10-13
10
وَلَقَدْ آتَیْنَا دَاوُودَ مِنَّا فَضْلًا یَا جِبَالُ أَوِّبِی مَعَهُ وَالطَّیْرَ وَأَلَنَّا لَهُ الْحَدِیدَ
Ва мо ба Довуд аз сӯйи худ фазилате додем, "Ва гуфт" эй кӯҳҳо ва эй парандагон! бо ӯ "Дар тасбиҳи Худо" ҳамнаво шавед ва оҳанро барои ӯ нарм кунед.
11
أَنِ اعْمَلْ سَابِغَاتٍ وَقَدِّرْ فِی السَّرْدِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا إِنِّی بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِیرٌ
"Эй Довуд!" зиреҳҳои комил ва фарох бисоз ва дар бофти он, "Ҳалқаҳоро" дуруст андозагири кун ва кори шоиста анҷом диҳед, ки ман ба он чӣ анҷом медиҳед, бино ҳастам.
Дар оятҳои қабл, дар поёни ояти 9 ба "Абди муниб" яъне бандаи аҳлли аноба ва нола ба даргоҳи илоҳӣ ишора шуд, "Дар ояти 24 сураи Сод ба ин мавзӯъ ишора шуда, ки ҳазрати Довуд (а) ба даргоҳи Худованд тавба ва аноба мекард, ин оятҳо, гушае аз зиндагии ҳазрати Довуд (а) ва фарзандаш ҳазрати Сулаймон (а) – ро бозгу мекунад.
Ибтидо мефармояд: Худованд ба ҳазрати Довуд (а) муваҳиби вижае атто кард, муҳитҳои маънавӣ ва модӣ, ки дар сураи Намл низ ишораи кӯтоҳе ба онҳо шудааст, аввалини онҳо ҳамроҳи ҷамодоте чун кӯҳ ва ҳайвоноте чун парандагон, дар ниёйиш ва муноҷоти Довуд (а) буд, ба гунае, ки ҳаргоҳ он ҳазрат ба зикри Худо машғул мешуд, ашёи пиромунаш бо ӯ ҳамнаво мешуданд ва замзамаи онҳо фазоро пур мекард, дар ривоятҳо ҳамчунин дар мавриди Паёмбари Ислом (с) низ омадааст, ки нағмаи тасбиҳи сангрезаҳо дар дастони мубораки Паёмбар (с) баланд шуд ва асҳоб онро шуниданд.
Оятҳо дар идома, ба як тавоноии вижаи ҳазрати Довуд (а) ишора карда ва мефармояд: Мо оҳанро барои Довуд нарм кардем то зиреҳ бисозад ва аз ин тариқ худ ва ёронашро аз душманон маҳфуз бидорад, зоҳиран пеш аз Довуд (а), ҷангҷуён барои ҳифзи худ аз тираҳо ва найзаҳо ва шамшерҳои душман, аз сафаҳоти оҳанӣ истифода мекарданд, ки сангин ва озордиҳанда буд, аммо ба иродаи илоҳӣ, Довуд (а) тавонист оҳанро чун риштаҳои нахи нозук кунад ва онҳоро ба сурати ҳалқа- ҳадқа дароварда ва сипас ҳалқаҳоро ба шакли либос бибофад то размандагон ин зиреҳҳоро бар тан кунанд ва аз тирҳо ва шамшерҳои душман маҳфуз бимонанд.
Ин оятҳо дар поён хитоб ба Довуд (а) ва қавмаш мефармояд: Дар истифода аз ин абзорҳо, онҳоро дар роҳи дуруст ва писандида ба кор баред, ки Худованд бар ҳамаи умур огоҳ аст.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Онон, ки аҳлли тавба ва аноба ба даргоҳи Худованд бошанд, аз алтоф ва инояти вижаи илоҳӣ баҳраманд мешаванд.
2 – Ҳамаи мавҷудоти ҳастӣ, аз ҷамодот ва наботот ва ҳайвонот шуур доранд ва мутии фармони илоҳӣ ҳастанд, "чунон, ки дар ин оятҳо, кӯҳҳо ва парандагон мавриди хитоб қарор гирифтаанд."
3 – Баҳрагири аз маодани зерзаминӣ ва манобии рӯйи замин, дар ҷиҳати манофии башар, мавриди таъкиди Худованд аст.
4 – Санъат бояд бо диққат ва кайфият ҳамроҳ бошад ва дар ҷиҳати масолеҳи башар ба кор гирифта шавад.
12
وَلِسُلَیْمَانَ الرِّیحَ غُدُوُّهَا شَهْرٌ وَرَوَاحُهَا شَهْرٌ وَأَسَلْنَا لَهُ عَیْنَ الْقِطْرِ وَمِنَ الْجِنِّ مَن یَعْمَلُ بَیْنَ یَدَیْهِ بِإِذْنِ رَبِّهِ وَمَن یَزِغْ مِنْهُمْ عَنْ أَمْرِنَا نُذِقْهُ مِنْ عَذَابِ السَّعِیرِ
Ва барои Сулаймон бодро "Мусахар кардем", ки субҳгоҳон массири як моҳро мепаймуд ва асргоҳон "Низ" масири як моҳро ва чашмаи миси "Гудохта" – ро барои ӯ равон сохтем ва гуруҳе аз ҷин пеши рӯйи ӯ ба изни Парвардигораш кор мекарданд ва ҳар кадом аз онҳо, ки аз фармони мо сарпечӣ мекард, ӯро аз азоби сузон мечашонидем.
13
یَعْمَلُونَ لَهُ مَا یَشَاءُ مِن مَّحَارِیبَ وَتَمَاثِیلَ وَجِفَانٍ کَالْجَوَابِ وَقُدُورٍ رَّاسِیَاتٍ اعْمَلُوا آلَ دَاوُودَ شُکْرًا وَقَلِیلٌ مِّنْ عِبَادِیَ الشَّک
Онҳо ҳарчиро Сулаймон мехост, аз меҳробҳо ва тамсолиҳо "Муҷасамаҳо" ва зуруфи бузург монанди ҳавзчаҳо ва дегҳои собит, барояш месохтанд, эй хонадони Довуд! "Шукри ин ҳамаи неъматро" ба ҷой оваред, аммо андеке аз бандагони Ман сипосгузоранд.
Пас аз ишораи кӯтоҳ ба мавоҳиби илоҳӣ ба ҳазрати Довуд (а), ин оятҳо, се маврид аз алтофи Худованд ба фарзандаш, Сулаймонро зикр мекунад:
Аввалин маврид, мракаби ҳавоӣ аст "Шабиҳи ончӣ, ки имрӯза балонҳо анҷом медиҳанд" пас аз он, ки маркаб аз замин бармехост, бояд Сулаймон (а) – ро ба ҳар нуқтае, ки ӯ ирода мекард мебурд, Сулаймон (а) бо ин маркаб масофатеро, ки дар он замон дар тули як моҳ тай мекарданд, дар як ним рӯз тай мекард ва баъд аз зуҳур боз мегашт.
Дуввумин муҳаббат, зуби мисси аст барои сохтани анвои абзор ва васоили мавриди ниёз, ҳамчун зуруфи кучак ва бузург ва дегҳои собит ва саёр, агар оҳан ба дасти Довуд (а) нарм шуд, мис дар замони Сулаймон (а) зуб гардид.
Саввумин муҳаббат низ, тасхири гурӯҳе аз ҷинниён барои хидмат ба Сулаймон (а) ва дастгоҳи ҳукуматии ӯ буд, ки корҳои сахт ва сангинро ба дастури ӯ анҷом медоданд ва дар сурати тахаллуф, ба сахти танбеҳ мешуданд.
Дар хусуси мавриди дуввум, равшан аст, ки башар ба тавоноии зуби мисси даст ёфта, аммо мавридҳои аввал ва севвум аз умуре аст, ки барои башар ношинохта ва маҷҳул аст ва чӣ басо афроди модӣ онро хурофа бидонанд, аммо инсонҳои бо имон, ки нерӯҳо ва авомили ғайри модӣ ва ғайбӣ эътиқод доранд, мепазиранд, ки илова бар илали модӣ шинохта шуда, илали модӣ ва ғайри модии ношинохтае низ дар ин олам вуҷуд дорад, ки бархе авлиёи илоҳӣ ба изни Худованд ба онҳо дастрасӣ дошта ва аз онҳо баҳра бурдаанд.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ, қудрати тасарруф дар умури таквиниро доранд.
2 – Инсон метавонад ҷиннеро ба тасхири худ дароварад, аммо ҷуз дар мавориде, ки Худованд бихоҳад, ин кор тавсия нашудааст.
3 – Сохти ашёи санъатӣ ва ҳунарӣ ва баҳрагирӣ аз маодан ва филезот аз омузишҳои илоҳӣ ба баъзе аз паёмбарон будааст то роҳи пешрафт ва тавсиаи башар ҳамвор шавад.
4 – Зуби мис ва санъат рехтагарӣ, собиқаи тулонӣ дорад ва ба замони ҳазрати Сулаймон (а) боз мегардад "Чунонон, ки дар замони ҳазрати Сулаймон (а) аз мисси гудохта, зуруфи миссии кучак ва бузург таҳия мекарданд."