Қисмати 772 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 14-17
Қисмати 772 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 14-17
14
فَلَمَّا قَضَیْنَا عَلَیْهِ الْمَوْتَ مَا دَلَّهُمْ عَلَى مَوْتِهِ إِلَّا دَابَّةُ الْأَرْضِ تَأْکُلُ مِنسَأَتَهُ فَلَمَّا خَرَّ تَبَیَّنَتِ الْجِنُّ أَن لَّوْ کَانُوا یَعْلَمُونَ الْغَیْبَ مَا لَبِثُوا فِی الْعَذَابِ الْمُهِینِ
Пас чун маргро бар Сулаймон муқаррар кардем, касе онон "Ҷиниёнро" – ро бар марги ӯ огоҳ насохт, магар ҷунбандаи замин "Муриёна", ки асояшро мехурд, пас чун "Пайкари" Сулаймон ба замин афтод, ҷиниён дарёфтанд, ки агар ғайб медонистанд, дар он азоби хор кунанда "Боқи" намемонданд.
Дар ояти қабл, ба чанд намуна аз санойии даврони ҳукумати Сулаймон (а) ва тамадуни он даврон ишора шуд, ин оят мефармояд: Сулаймон (а) бо ҳамаи шавкат ва азаматаш, ҳангоме, ки Худованд марги вайро муқаррар кард, дар ҳоле, ки ба асояш такя дода буд,фариштаи марг ҷони ӯро гирфт, ӯ дар ҳамон ҳол монд то он, ки муриёнае пойёни асои ӯро хурд ва ӯ бар замин афтод, онгоҳ мардум аз марги Сулаймон (а) хабардор шудан.
Ҷинниёне, ки дар дастгоҳи Сулаймон (а) кор мекарданд, ҳамонанди инсонҳои коргар, аз ин мавзӯъ хабар надоштанд, онҳо пас аз он, ки пайкари Сулаймон (а) бар замин афтод аз ӯ огоҳ шуданд дарҳоле, ки агар илми ғайб доштанд ва зудтар хабардор мешуданд, аз корҳои сахт ва сангин ва пурзаҳмате, ки бар уҳдаи онон буд, даст бар медоштанд.
Ҳазрати Али (а) дар хутбаи 182 наҳҷул балоға мефармояд: Агар касе метавонист аз марг раҳои ёбад ва барои ҳамеша дар дунё зиндаги кунад, Сулаймон (а) паёмбар буд, ки ҷин ва инс дар тасхири ӯ буданд ва дороии мақоми набувват буд ва "Дар даргоҳи илоҳӣ" қурб ва манзалати бузург дошт.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Агар инсон ба мақоми набувват ва салтанат ҳам бирасад, аз марг дар амон нест, пас ҳечгоҳ ба мақом ва ҷойгоҳ ё имконот ва дорониҳои хеш мағрур нашавем, ки рӯзе бояд ҳамаи инҳоро бигзорем ва танҳо аз ин ҷаҳон биравем.
2 – Сулаймон (а) бо он ҳамаи иқтидор ва шавкат ва азаммат, тавассути муриёнае бар замин афтод ва то он мавқеъ, сипоҳиён ва лашкариёнаш аз марги вай хабар надоштанд.
15
لَقَدْ کَانَ لِسَبَإٍ فِی مَسْکَنِهِمْ آیَةٌ جَنَّتَانِ عَن یَمِینٍ وَشِمَالٍ کُلُوا مِن رِّزْقِ رَبِّکُمْ وَاشْکُرُوا لَهُ بَلْدَةٌ طَیِّبَةٌ وَرَبٌّ غَفُورٌ
Барои қавми Сабаъ дар маҳали сукунаташон нишонае "Аз қудрат ва раҳмати илоҳӣ" буд, ду боғи "Бузург" аз рост ва чап аз рӯзии Парвардигоратон бихуред ва шукри Ӯро ба ҷой оваред, шаҳри пок ва покиза ва Парвардигори омурзанда.
Дар ояти қабл, ба саргузашти ду паёмбари илоҳӣ, яъне ҳазрати Довуд (а) ва ҳазрати Сулаймон (а) ишора кардем, ки дар авҷи қудрат ва азамат, шукургузори неъматҳои илоҳӣ буданд ва аз он неъматҳо дар ҷиҳати хидмат ба мардум ва ҳифзи амният истифода мекарданд, аммо ин оят ва оятҳои баъд ба саргузашти қавми Сабаъ мепардозад, ки дар неъматҳои илоҳӣ ғутавар буданд, аммо куфрони неъмат кардан ва ба кайфаре гирифтор шуданд, ки мояи ибрати ҳамагон шуд.
Қавми Сабаъ дар минтақаи хушоб ва ҳаво аз Яман зиндагӣ мекарданд, онҳо бо сохтани садди бузург ва мустаҳкам, тавониста буданд обро дар пушти он захира кунанд, ба ҳамин лиҳоз аз назари кишоварзӣ ва домдорӣ қави буданд ва кишвари обод доштанд
Наҳри ариз ва тавил, ки минтақаро сероб мекард, аз пойи садди ҷори буд ва ду тарафи он боғҳо ва бустонҳое қарор дошт, ки дар тули сол маҳсулоти мутанавие медод.
Минтақаи ҳосилхез бо ҳавои пок ва дарахтони пурбор, ки нишонгари лутф ва инояти Худованд ба ин қавм буд, илова бар ин неъматҳо, раҳмат ва мағфирати илоҳӣ низ шомили ҳоли онон буд, Худованд аз хатоҳо ва гуноҳони онҳо дармегузашт ва аз рӯзии фаровони онон намекост.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Табиати зебо, манозири шигифтангези табии ва дарахтон ва маҳсулоти мутанавеи онҳо, ҳамагӣ аз оятҳо ва нишонаҳои азамати офаридгори ҷаҳон ҳастанд.
2 – Ободии замин аз тариқи кишоварзӣ ва зироат, бастари ҷалби лутф ва раҳмати илоҳӣ аст ва манофоте бо охират гарои надорад.
16
فَأَعْرَضُوا فَأَرْسَلْنَا عَلَیْهِمْ سَیْلَ الْعَرِمِ وَبَدَّلْنَاهُم بِجَنَّتَیْهِمْ جَنَّتَیْنِ ذَوَاتَیْ أُکُلٍ خَمْطٍ وَأَثْلٍ وَشَیْءٍ مِّن سِدْرٍ قَلِیلٍ
Аммо онҳо "Аз Худо" рӯй гардонданд ва мо сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду боғи "Пурмаҳсули" онҳоро ба ду боғ бо меваҳои талх ва дарахтони шурагаз ва андаке аз дарахти садр, мубадал сохтем.
17
ذَلِکَ جَزَیْنَاهُم بِمَا کَفَرُوا وَهَلْ نُجَازِی إِلَّا الْکَفُورَ
Инро ба хотири куфронашон ба онҳо ҷазо додем ва оё ҷуз куфронкунанда "Ва носипос" – ро кайфар медиҳем?
Мардум дар баробари неъматҳои илоҳӣ, чӣ модӣ ва чӣ маънавӣ ду дастаанд: гурӯҳи сипосгузор ва гурӯҳи носипос, гурӯҳе аз мардум бо мушоҳидаи неъматҳо, ба ёди Худо меафтад ва аз неъматҳо дар масире, ки муҷиби хушнудии Ӯст, истифода мекунанд, гурӯҳе низ аз ёди Худо ғофиланд ва дар баҳрабардорӣ аз неъматҳо, танҳо ба дунболи лаззоти худ ва ирзои хостаҳои нафсонии хеш ҳастанд, гарчӣ мӯҷиби нохушнудии Худованд шавад.
Эъроз аз ёди Худо низ гоҳе дар баробари оятҳо таквин дар табиат аст ва гоҳе дар баробари оятҳои ташриъ ва дастуроти илоҳӣ қавми Сабаъ, бо он, ки аз анвои неъматҳои илоҳӣ бархурдор буданд, аз Худо рӯй гардонданд ва хостаҳои худро мелок ва меъёри ҳамаи чиз қарор доданд, онҳо тамоилоти инсониро бар хости Худованд тарҷиҳ доданд ва қиёматро ба фаромушӣ супурданд.
Онҳо қадри неъматҳои илоҳиро надонистанд ва носипосӣ карданд, сарватмандон бар ниёзмандон ва маҳрумон фахр фурухтанд ва онҳоро фаромуш карданд, умуми мардум низ ба зиндагии дунё дил бастанд ва аз охират ва ёди Худо ғофил шуданд, онҳо фаромуш карданд, ки ончӣ доранд аз ҷониби Худост ва бояд бандаи Ӯ бошанд.
Ин куфрони неъмат, кайфари бузург ба ҳамроҳ дошт ва сели азим, шаҳр ва боғҳо ва бустонҳои онҳоро зер ва рӯ кард, он хоки ҳозилхез дар асари селоб аз байн рафт ва дарахтон бесамар шуданд то онҷо, ки дигар аз он маҳсулоти ҷаҳор фасл хабаре набуд ва ба ҷойи он дарахтони беҳосил ё бо меваҳои талх ва бадмазза мерӯйид.
Аз ин оятҳо меомғзем, ки:
1 – Носипосӣ бо забон ва куфрони неъмат дар амал, кайфари динявиро ба дунбол дорад ва ин бахше аз низоми кайфар ва подоши илоҳӣ аст.
2 - Сарнавишти афрод ва ақвом ба дасти худи онҳост ва ин суннати илоҳӣ дар бораи пешиниён ва ояндагон аст.
3 – Исрор бар гуноҳ ва истимрори он, заминаи нузули азобро фароҳам мекунад, вале агар инсон исрор бар гуноҳ надошта боашад, Худованд бахшанда ва омурзанда аст.