Ноябр 14, 2017 09:53 Asia/Dushanbe

Қисмати 773 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 18-21

18

 

وَجَعَلْنَا بَیْنَهُمْ وَبَیْنَ الْقُرَى الَّتِی بَارَکْنَا فِیهَا قُرًى ظَاهِرَةً وَقَدَّرْنَا فِیهَا السَّیْرَ  سِیرُوا فِیهَا لَیَالِیَ وَأَیَّامًا آمِنِینَ                        

 

Ва миёни онон ва манотиқе, ки дар он баракат ниҳода будем, ободиҳои ошкор "Ва наздик ба ҳам" қарор додем ва сафар дар миёни онҳоро ба таври мутаносиб "Ва ба андоза" муқаррар карда будем, дар он минтақаҳо шабҳо ва рӯзҳо бо эмини сафар кунед.

 

 

19

 

فَقَالُوا رَبَّنَا بَاعِدْ بَیْنَ أَسْفَارِنَا وَظَلَمُوا أَنفُسَهُمْ فَجَعَلْنَاهُمْ أَحَادِیثَ وَمَزَّقْنَاهُمْ کُلَّ مُمَزَّقٍ  إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّکُلِّ صَبَّارٍ شَکُورٍ  

 

Пас "Ба носипосӣ" гуфтанд: Парвардигоро миёни сафарҳои мо фосила бияндоз ва бар хештан ситам карданд, пас мо ононро мавзӯи достонҳо "Барои ибрати дигарон" қарор додем ва ононро ба куллӣ пароканда ва муталошӣ кардем, ҳамоно дар ин "Моҷаро" нишонаҳое "Аз ибрат" барои ҳар сабркунанда шукургузорӣ вуҷуд дорад.

 

Дар оятҳои қабл, ба саргузашти қавми Сабаъ, ки дар Яман зиндагӣ мекарданд, ишораи иҷмолӣ шуд, ин оятҳо ибтидо мефармояд: Худованд чунон барои онон вуфури "Бисёр, фаровон" неъмат фароҳам карда буд, ки дар саросари он минтақаи бузург, рустоҳои обод бо фосилаҳои кам, шакл гирифта буд, замин чунон сарсабз ва пушида аз гул ва гиёҳ ва анвои дарахтон ва зироатҳо буд, ки роҳҳо кӯтоҳ менамуд ва рӯстоҳо наздик ба якдигар, афзун бар вуфури неъмат, амният низ бар он минтақа ҳоким буд ва ба таври куллӣ, муҳити мураффаҳ "Осоиш, роҳат, осуда"  барои зиндагӣ фароҳам шуда буд, ҳама саргарми кор ва талош буданд ва аз неъмати саршор баҳра мебурданд.

Аммо ин вазъият идома наёфт ва ғафлат ва сармастии мардум боис шуд Худоро фаромуш кунанд, онҳо фахрфурушӣ карданд ва саргарми ишқ ва ишрат шуданд то онҷо, ки ба таъбири хеше зери дили онҳо зад, гуё онҳо аз ин рифоҳ ва осоиши зиёд хаста ва дилзада шуданд ва ба забони ҳол мегуфтанд: мехоҳем шароит иваз шавад ва ин миқдор ба ҳам наздик ва ҳамроҳ набошем фосилаҳоямон бештар шавад ва қадре аз ҳам дур шавем.

Ин куфрони неъмат ва дархости табдили он ба нақмат, "Интиқом, кина"  муҷиб шуд садди бузурге, ки омили ободонӣ ва пешрафти он минтақа буд, тахриб гардад, моҷаро аз ин қарор буд, ки барасари авомилӣ, девораи ин садди хокӣ аз дарун суст шуд ва бо ҷорӣ шудани селоби бузург, девораҳ садди шикаст ва сели азиме ҷори, шуд ин ҳодиса муҷиб шуд, ки тамадуни Сабаъ, ки минтақае сарабз ва хурам буд, ба минтақаи пур аз гил ва лой ва манозили махруба табдил шуд, сарнавишти ибратангез, ки то солҳо достони он, мавзӯи гуфтугӯйи мардум буд, ки чигуна он минтақаи обод ва сарсабз ба минтақаи пур аз хор ва хошок табдил шудааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Носипосии неъмат, муҷиби аз даст рафтани он ё табдил шудани он ба нақмат ва бурузи мушкилот мешавад.

 

2 – Кайфари баъзе гуноҳон аз ҷумла носипосӣ, дар дунё гиребонгири инсон мешавад ва зиндагии фардӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоии ӯро таҳти таъсир қарор медиҳад.

 

3 – Тавсияи Қуръон, мутолиаи саргузашти ақвоми гузашта барои пандгирифтан дар зиндагии имрӯза аст.

 

 

20

 

وَلَقَدْ صَدَّقَ عَلَیْهِمْ إِبْلِیسُ ظَنَّهُ فَاتَّبَعُوهُ إِلَّا فَرِیقًا مِّنَ الْمُؤْمِنِینَ   

 

Ва албатта иблис гумони худро дар бораи онон таҳқиқ ёфта дид ва ҷуз гурӯҳе андак аз муъминон, ҳамагӣ аз ӯ пайравӣ карданд.

 

 

21

 

وَمَا کَانَ لَهُ عَلَیْهِم مِّن سُلْطَانٍ إِلَّا لِنَعْلَمَ مَن یُؤْمِنُ بِالْآخِرَةِ مِمَّنْ هُوَ مِنْهَا فِی شَکٍّ  وَرَبُّکَ عَلَى کُلِّ شَیْءٍ حَفِیظٌ                 

 

Албатта иблис ҳечгуна тасаллут ва ғалабае бар онон надошт, ҷуз он, ки касеро, ки ба охират имон дорад аз касе, ки дар бораи он шак дорад, боз шиносем ва Парвардигорат бар ҳамаи чиз нигаҳбон аст.

 

Иблис пас аз он, ки Одам ва Ҳаво (а) – ро гумроҳ кард, аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд, ӯ савганд ёд кард, ки фарзандони Одам (а) – ро  низ гумроҳ кунад ва гумонаш ин буд, ки мувафақ ба чунин коре хоҳад шуд.

Ин оятҳо мефармояд: шайтон дар хусуси мадумони қавми Сабаъ, орзӯйи худро таҳқиқ ёфта дид, зеро аксарияти мардум хостаҳои ӯро амалӣ карданд ва ақаляти бо имон зери бори хостаҳои ӯ нарафтанд.

Дар идома Худованд мефармояд: гумон нашавад, ки шайтон бар мардум тасаллут дорад ва онҳоро маҷбур ба исён  ва гуноҳ мекунад, ҳаргиз чунин нест, балки кори ӯ танҳо васваса кардан аст ва агар Худованд дасти ӯро дар ин кор бозгузошта ва ба ӯ иҷозаи чунин коре додааст, барои он аст, ки заминаи озмаиши мардум фароҳам шавад, яъне мушахас шавад чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва таҳти таъсири васвасаҳои шайтон қарор намегиранд ва чӣ касоне дучори шак ва тардид ҳастанд ва бо андак васвасае ба сӯйи гуноҳ кашида мешаванд ба таври табии афроди суст ирода ва заифул имон хеле зуд таҳти таъсири тамоилоти нафсонӣ ё таҳрикоти берунӣ қарор мегиранд ва тавони истодагӣ ва муқовимат дар баробари онҳоро надоранд.

Шаке нест, ки Худованд ба аъмоли бандагонаш огоҳ аст, аммо бар асоси илми худ, кайфар ва подош намедиҳад то вақте, ки амале аз касе сар назанад, кайфар ё подоши ӯ маъное надорад, дуруст монанди муалиме, ки медонад ин донишомузи боҳуш ва дарсхон аст, аммо то вақте аз ӯ озмун нагиранд ва баргаи озмунро тасҳиҳ накунад, ба ӯ нумраи қабулӣ намедиҳанд, бадеҳи аст илми муалим барои подош додан ба донишомузон кофи нест балки бояд онҳо дар амали дониш ва тавоноии илмӣ худро нишон диҳанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Яке аз заминаҳои нуфузи шайтон дар инсон, куфрони неъматҳои илоҳӣ аст, қавми Сабаъ ба далили он, ки неъматҳои илоҳиро куфрон карданд, шайтон дар онҳо нуфуз кард.

 

2 – Худованд аз як сӯ ба инсон ихтиёр дода ва аз сӯйи дигар бо ақл ва ваҳйи, роҳи дуруст ва нодурустро ба ӯ нишон додааст, паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ мардумро ба сӯйи некиҳо даъват мекунанд ва шайтон ва шайтон сифатон инсонро ба бадиҳо суқ медиҳанд, дар ин миён инсон бояд бо ирода ва ихтиёри худ, роҳ ва масири хешро интихоб кунад.