Ноябр 22, 2017 11:49 Asia/Dushanbe

Қисмати 774 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 22-24

22

 

قُلِ ادْعُوا الَّذِینَ زَعَمْتُم مِّن دُونِ اللَّـهِ  لَا یَمْلِکُونَ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ فِی السَّمَاوَاتِ وَلَا فِی الْأَرْضِ وَمَا لَهُمْ فِیهِمَا مِن شِرْکٍ وَمَا لَهُ مِنْهُم مِن ظَهِیرٍ 

 

Бигу: касонеро, ки ғайр аз Худо "Маъбуди худ" пиндоштаед, бихонед, онҳо ба андозаи заррае молики чизе  дар осмонҳо ва замин нестанд ва барои онҳо "Барои маъбудҳои хаёлии шумо" дар "Идора ва офариниши" осмон ва замин ҳеч шарокате нест ва аз миёни онон ҳеч пуштибоне барои Худо нест.

 

 

23

 

وَلَا تَنفَعُ الشَّفَاعَةُ عِندَهُ إِلَّا لِمَنْ أَذِنَ لَهُ  حَتَّى إِذَا فُزِّعَ عَن قُلُوبِهِمْ قَالُوا مَاذَا قَالَ رَبُّکُمْ  قَالُوا الْحَقَّ وَهُوَ الْعَلِیُّ الْکَبِیرُ 

Ва шафоат назди Худованд суде надорад магар барои касе, ки Ӯ иҷоза диҳад то замоне, ки ҳарос ва изтироб аз дилҳои онон бартараф шавад, аз онон пурсанд: Парвардигоратон чӣ гуфт? Посух медиҳанд: ҳақ, ва Ӯ баландмартаба ва бузург аст.

 

Ин ояҳо, ки хитоб ба мушрикон ва бутпарастони Макка аст, бо тарҳи саволҳои мантиқӣ, ақоиди бе пояи ононро ба чолиш мекашад, ибтидо мефармояд: шумо барои Худованд шариконе қоил ҳастед ва муътақидед бархе амрҳои ҳастӣ ба дасти онҳост, агар чунин  аст онҳоро бихонед ва аз онон бихоҳед гиреҳе аз коратон бикшоянд ва мушкилоти шуморо бартараф кунанд, онҳо ё бояд молики бахше аз осмон  ва замин бошанд, ё шарики Худованд дар офариниш ва идораи ҳастӣ ва ё лоақал муовин ва ёвари Ӯ дар корҳо бошанд, то битавонанд дар кори ин олам нақше дошта бошанд.

Аз ин ҷо, ки яке аз эътиқодҳои мусалмонон, шафоати паёмбарон ва авлиёи Худост, дар посух ба ин савол, ки чӣ тафовуте миёни бутҳо ва шафион аст, ояти баъд мефармояд: паёмбарон ва авлиёи хосӣ Худо низ махлуқи Худо ҳастанд ва ҳамчун дигар махлуқот аз худ қудрате надоранд, аммо Худованд ба онҳо иҷоза додааст аз бархе афрод шафоат кунанд.

Ҳама медонем, ки Худованд паёмбаронро ба унвони воситаҳое барои ҳидояти мардум фиристода ва дастуроти худро ба онҳо ваҳӣ кардааст, онҳо низ ин таолимро ба мардум мерасонанд, дар шафоат низ, он ида аз муъминон, ки дар анҷоми вазифаҳои дини кӯтоҳи кардаанд, назди анбиёи илоҳӣ рафта ва аз онҳо мехоҳанд, ки миёни онҳо ва Худованд восита шаванд, то Худованд тавбаи онҳоро бипазирад, ин кор муҷиб мешавад ҳамон тавре, ки тавба роҳе барои бозгашт ба даргоҳи Худованд аст, онҳо ба сӯйи авлиёи Худо рафта ва бо ҷалби ризояти онҳо, заминаи ризоят ва хушнудии Худовандро фароҳам кунанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Тасавури молик ва офаридгори ғайри Худо, ки битавонад маъбуди инсони воқеи шавад, тасавури комилан мавҳум ва хаёлӣ аст.

 

2 – Ҷаҳл ва аҷз ва нотавании инсон, иқтизо мекунад, ки дар корҳо шарик бигирад ва аз дигарон ёрӣ биталабад, аммо Худованди олими қодир ба ҳеч ваҷҳ ниёзманди шарик ва ёвар нест.

 

3 – Шафоат ба ин маъно нест, ки шафоат кунандагон аз Худованд меҳрубонтаранд, зеро ин Худованд аст, ки ба авлиёи хоси худ иҷозаи шафоат медиҳад.

 

4 – Инсонҳои кофир ва муҷрим, билахира рӯзе ба ҳақонияти роҳи паёмбарон ва сухани Худованд иқрор хаҳанд кард, аммо чӣ суд?

 

 

24

 

قُلْ مَن یَرْزُقُکُم مِّنَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ  قُلِ اللَّـهُ  وَإِنَّا أَوْ إِیَّاکُمْ لَعَلَى هُدًى أَوْ فِی ضَلَالٍ مُّبِینٍ                                      

 

Бигу: чӣ касе шуморо аз осмонҳо ва замин рӯзӣ медиҳад? Бигу: Аллоҳ! Ва албатта "Яке аз" мо ё шумо бар ҳидоят ё дар гумроҳии ошкоро ҳастем.

 

Пас аз мавзӯи холиқият дар ояти қабл, ин мавзӯъ розиқиятро матраҳ карда ва мефармояд: Чӣ касе асбоби рӯзии шуморо фароҳам кардааст? Чӣ касе абр ва бодро мефиристад то борон нозил шавад ва замини хушк, омодаи кишт ва заръ гардад? Чӣ касе донаро дар даруни хок парвариш медиҳад то анвои маҳсулот барои шумо фароҳам шавад? Чӣ касе хуршедро маъмури таъмини нур ва гармои мавриди ниёзи шумо ва гиёҳон ва ҳайвоноти шумо кардааст? Осмон ва замин ба фармони чӣ касе, ин гуна асбоби ҳаётро барои инсон фароҳам каардааст?

Шумо дар тамоми ин корҳо барои Худо шарик қоилед, дар ҳоле, ки мо ҳамаи ин муҳабатҳоро аз ҷониби Худои воҳид бидуни шарик медонем. Бидуни шак ду ақида бо ҳам дар тазод аст, шумо фикр кунед ва бубинед агар ҳарфи мо дурӯст аст, бипазиред ва агар нодурустаст напазиред.

Дар воқеъ паёмбар, аз сӯйи худ қазоват намекунад ва намегуяд, ки мо бар ҳақ ҳастем ва шумо бар ботил, балки бо шеваи инсироф бархурд карда ва мефармояд: яке аз ду гурӯҳ машмули ҳидоят ҳастанд ва гурӯҳи дигар, гирифтори залолат, ҳар кадом аз мо бояд бо ақл ва мантиқ барррасӣ кунем ва бубинем кадом унвон бар ақидаи мо сидқ мекунад: ҳидоят ё залолат?

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Дар таълим ва тарбият, ба ҷойи илқоъ як савия ва талқинвор матолиб, бояд бештар аз шеваи савол истифода кунем то виҷдони мухотабон бедор шавад ва худ дар бораи мавзӯот бияндешанд.

 

2 – Гарчӣ инсон бо талош ва кушиши худ, анвои маҳсулотро тавлид мекунад, аммо асбоби онҳо ба дасти Худост. Об, хок ва дамо, аз авомиле ҳастад, ки дар кишоварзӣ ва домдорӣ нақши муҳиме доранд ва аз муҳабатҳои илоҳӣ ба инсон ба шумор меравад.

 

3 – Рӯзии осмон, нур ва ҳарорат ва абр ва бод ва борон аст ва рӯзии замин, ҳамаи меваҳо ва баракоти замин аст.

 

4 – Дар баҳс ва гуфтугӯ бо мухолифон, адаб ва инсонфро риоят кунем, на он, ки бигуем: мо бар ҳақ ҳастем ва шумо бар ботил!