Қисмати 775 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 25-30
Қисмати 775 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 25-30
25
قُل لَّا تُسْأَلُونَ عَمَّا أَجْرَمْنَا وَلَا نُسْأَلُ عَمَّا تَعْمَلُونَ
"Эй Паёмбар!" бигу: Шумо аз ончӣ мо муртакиб шудаем бозхост намешавед ва мо "Низ" аз ончӣ шумо анҷом медиҳед, бозхост нахоҳем шуд.
26
قُلْ یَجْمَعُ بَیْنَنَا رَبُّنَا ثُمَّ یَفْتَحُ بَیْنَنَا بِالْحَقِّ وَهُوَ الْفَتَّاحُ الْعَلِیمُ
Бигу: Парвардигори мо, мо ва шуморо "Дар қиёмат" гирд меоварад, сипас миёни мо ва шумо ба ҳақ доварӣ хоҳад кард ва Ӯст довари доно.
27
قُلْ أَرُونِیَ الَّذِینَ أَلْحَقْتُم بِهِ شُرَکَاءَ کَلَّا بَلْ هُوَ اللَّـهُ الْعَزِیزُ الْحَکِیمُ
Бигу: Касонеро, ки ба унвони шарик ба Худо мулҳақ кардаед, ба ман нишон диҳед, ҳаргиз чунин нест, балки Ӯст Худои нуфузнопазири ҳаким.
Дар сураи қабл гуфтем, ки расули Худо (с) дар даъвати мардум ба сӯйи ҳақ, аз онҳо мехоҳад, ки худ бияндешанд ва роҳи ҳақро интихоб кунанд ва табии аст ҳар кас масъули интихоби хеш ва аъмол ва рафтори худ хоҳад буд, ин оятҳо мефармояд: Дар Қиёмат низ ҳар кас барасоси интихоби хеш мавриди бозхост қарор мегирад, албатта доварӣ миёни мардум, ба уҳдаи Худованде аст, ки холиқи осмон ва замин аст ва ба аҳволи ҳамаи инсонҳо огоҳ аст, Ӯ бар асоси ҳақ ва ҳақиқат доварӣ хоҳад кард ва ҳар касро ба сазои аъмолаш хоҳад расонд.
Дар дунё ҳамаи мардум мудаи ҳастанд, ки фикр ва амал ва роҳи онҳо дуруст аст ва ташхиси ҳақ аз ботил кори осоне нест, аммо дар қиёмат, ҷойе барои идаъоҳо нест балки Худованд барасоси илми худ, ҳақ ва ботилро мушахас карда ва миёни онҳо ҷудоӣ хоҳад андохт.
Ояти баъд, бори дигар хитоб ба мушрикон мефармояд: Ончиро шумо шарики Худованд мепиндоред, воқеият надорад ва танҳо гумон ва пиндори шумост, ин чизе нест, ки қобили ироа ва исбот бошад, онҳо танҳо муште чуб ва санг ҳастанд, ки лаёқат надоранд шарики холиқ дар офариниш ё тадбири умури ҳастӣ бошанд.
Аз иноятҳо меомӯзем, ки:
1 – Дар қиёмат, меъёри санҷиши корҳо, ҳақ ва ботил аст, на нисбатҳои фомилӣ, забонӣ ё нажодӣ, лизо аъмоли ҳар кас танҳо бо мизони ҳақ санҷида мешавад, на умури дигар.
2 – Дар гуфтугу бо мухолифон, ононро муҷрим ва гунаҳкор қаламдор накунем, расули Худо ба мушрикон фармуд: Худованд моро ба хотири гуноҳонамон бозхост мекунад ва шуморо ба хотири корҳоятон.
3 - Ҳечяке аз маъбудҳои хаёлии башар "Аам аз бутҳо вафариштагон" худашонро шарики Худо намедонанд, ин инсони ҷоҳил аст, ки онҳоро ба худо мулҳақ карда ва шарики Ӯ мепиндоранд.
28
وَمَا أَرْسَلْنَاکَ إِلَّا کَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِیرًا وَنَذِیرًا وَلَـکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَعْلَمُونَ
Ва мо туро ҷуз башоратдиҳанда ва бимдиҳанда барои ҳамаи мардум нафиристодем, вале бештари мардум намедонанд.
Пас аз баҳс дар мавриди тавҳид ва ширк, ин оят дар бораи ҷаҳоншумули ва фарогирии рисолати Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) суҳбат мекунад, гарчӣ мухотаби аввалияи ӯ мардумони арабзабони минтақаи ҳиҷоз буданд ва китоби ӯ ба забони арабӣ нозил шуд, аммо паёми ӯ ихтисосе ба қавм ва забони хос ё аср ва замони он ҳазрат надорад, балки ин паём ҳамаи мардуми ҷаҳон аз ҳар қавм ва нажодро то поёни таърих дарбар мегирад, чунон, ки ояти аввали сураи Фурқон низ, даъвати Паёмбарро барои ҳамаи ҷаҳониён медонад.
Дар ин оят, ҳамчунин шеваи тарбиятии он ҳазрат дар анҷоми рисолаташ баён шуда ва мефармояд: ӯ касонеро, ки ба сӯйи ҳақ гироиш пайдо карда ва ҳақро бипазирад, ба саодати дунё ва охират башорат медиҳад ва касонеро, ки аз ҳақ рӯй гардонанд ва дар баробари ҳақ, иннод ва лаҷоҷат варзанд, ба кайфари сахт ҳушдор медиҳад.
Аммо мутаасифона бисёре аз мардум, аз нақши имон ва куфр дар саодати худ бехабаранд ва ба ин башоратҳо ва ҳушдорҳо камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
Аз ин оят меомӯзем, ки:
1 – Рисолати паёмбари Ислом(с) ҷаҳонӣ аст ва ин баҳона, ки ӯ аз қавм ва нажоди мо набудааст, ҳамонанди он аст, ки касе бигуяд: инҳо мардуми Шом ва Фаластин бояд масиҳӣ бошанд, зеро ҳазрати Исо (а) дар он сарзамин мутаваллид шуда ва дар онҷо рисолати худро ба анҷом расондааст.
2 – Паёмбарон маъмури иблоғоти даъвати илоҳӣ будаанд, на иҷбори мардум ба пазириши дини ҳақ, лизо шеваи даъвати онҳо бар пояи ҳушдор ва башорат будааст, на икроҳ ва илзом ва иҷбори инсонҳо.
29
وَیَقُولُونَ مَتَى هَـذَا الْوَعْدُ إِن کُنتُمْ صَادِقِینَ
Мегуянд: агар рост мегуед: ин ваъдаи "Қиёмат" кай хоҳад буд?
30
قُل لَّکُم مِّیعَادُ یَوْمٍ لَّا تَسْتَأْخِرُونَ عَنْهُ سَاعَةً وَلَا تَسْتَقْدِمُونَ
Бигу: Ваъдаи шумо рӯзе хоҳад буд, ки на соате аз он таъхир мекунад ва на бар он пеши хоҳад гирифт.
Пас аз ишора ба тавҳид ва набувват, ин оятҳо, ба мавзӯи миод мепардозад ва мефармояд: Мункирони миод, далиле бар адами имкони миод надоранд, балки фақат номушахас будани замони онро баҳона карда ва дар пайи нафе ва инкори он ҳастанд, чунон, ки ҳамаи мардум ба марги худ яқин доранд, вале ҳеч кас замони марги худро намедонад.
Қуръон дар ин оятҳо мефармояд: Вуқуи қиёмат амри қатъӣ аст, ки фарохоҳад расид ва аз ончӣ Худованд муқаррар кардааст, лаҳзае зудтар ё дертар нахоҳад шуд ва шумо бо дидани осори Қиёмат, наметавонед аз он фарор кунед ё онро ба таъхир бияндозед, пас ба фикри он бошед, ки бояд дар он рӯз посухгӯйи аъмоли худ бошед, на фикри инкори он.
Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:
1 – Замони вуқуи қиёматро фақат Худо медонад, паёмбарон ҳам аз он огоҳи надоранд.
2 – Баҷойи баҳонагири барои замони вуқуи қиёмат, ё наҳваи кайфар ва подоши инсон дар он, ба фикри ислоҳи афкор ва рафтори худ бошем то дар он замон, дасти холи вориди саҳнаи Қиёмат нашавем.