Ноябр 23, 2017 08:44 Asia/Dushanbe

Қисмати 776 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 31-33

31

 

وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لَن نُّؤْمِنَ بِهَـذَا الْقُرْآنِ وَلَا بِالَّذِی بَیْنَ یَدَیْهِ وَلَوْ تَرَى إِذِ الظَّالِمُونَ مَوْقُوفُونَ عِندَ رَبِّهِمْ یَرْجِعُ بَعْضُهُمْ إِلَى بَعْضٍ الْقَوْلَ یَقُولُ الَّذِینَ اسْتُضْعِفُوا لِلَّذِینَ اسْتَکْبَرُوا لَوْلَا أَنتُمْ لَکُنَّا مُؤْمِنِینَ                                                                  

 

Ва акасоне, ки кофир шуданд, гуфтанд: мо на ба ин Қуръон ва на ба он "Китобе" – ки пеш аз он будааст, ҳаргиз имон нахоҳем овард, агар бубини ҳангоме, ки ин ситамгарон, дар пешгоҳи Парвардигорашон боздошт шудаанд, "Тааҷуб мекуни" дар ҳоле, ки баъзе бо баъзе дигар ҷадал ва гуфтугӯ мекунанд "Ва гуноҳи худро  ба гардани якдигар меандозанд" мустазъафон ба мустакбирон мегуянд: агар шумо набудед, ҳатман мо муъмин будем.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки ҷойгоҳи муъминон ва кофирон дар қиёматро баён мекард, ин оят мефармояд: кофирон ончиро китобҳои осмонӣ дар заминаи тавҳид ва миод матраҳ кардаанд, инкор мекунанд ва ҳозир ба пазириши он нестанд, дар воқеъ онҳо биноро бар ин гузоштанд, ки ҳақро напазиранд, дуруст монанди касе, ки худро ба хоб зада ва ҳарчӣ ӯро садо занем ё такон диҳем, барнамехезад.

Идомаи оят мефармояд: Аммо ҳамин мункирон, ки дар дунё аз рӯйи лаҷоҷат ва таасуби беҷо, ҳақро зери по мегузоранд, дар Қиёмат ба дунболи тавҷиҳи инкори худ ҳастанд ва саъйи доранд гуноҳи худро ба гардани дигарон бияндозанд, лизо ба бузургони ҷомиаи худ, ки онҳо низ гирифтори дузаханд, мегуянд: шумо моро мунҳариф кардед, вагарна мо имон меовардем ва имрӯз гирифтори кайфар намешудем.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Иннод ва лаҷоҷати бо ҳақ, инсонро ба сӯйи куфр ва иинкор мекашонад, инсоне, ки ингуна бошад, ҳаргиз ҳозир ба имон овардан нест.

 

2 – Ҳамаи китобҳои осмонӣ як ҳадаф ва масирро дунбол мекунанд, лизо куффор ба ҳечяк аз инҳо имон намеоваранд.

 

3 – Куфр ва ширк ва бединӣ, зулми бузурге дар ҳақи худ ва паёмбарон аст.

 

4 – Дар фарҳанги динӣ, зулм ба худ низ аз масодиқи зулм ба шумор меравад.

 

5 – Дар қиёмат, имон омили наҷот ва растагорӣ аст.

 

32

 

قَالَ الَّذِینَ اسْتَکْبَرُوا لِلَّذِینَ اسْتُضْعِفُوا أَنَحْنُ صَدَدْنَاکُمْ عَنِ الْهُدَى بَعْدَ إِذْ جَاءَکُم  بَلْ کُنتُم مُّجْرِمِینَ  

                       

 

"Аммо" мустакбирон ба мустазъафон гуянд: оё мо шуморо аз ҳидояте, ки ба суроғи шумо омад, боздоштем? Балки шумо худ гуноҳкор будед.

 

 

33

 

وَقَالَ الَّذِینَ اسْتُضْعِفُوا لِلَّذِینَ اسْتَکْبَرُوا بَلْ مَکْرُ اللَّیْلِ وَالنَّهَارِ إِذْ تَأْمُرُونَنَا أَن نَّکْفُرَ بِاللَّـهِ وَنَجْعَلَ لَهُ أَندَادًا  وَأَسَرُّوا النَّدَامَةَ لما رَأَوُا الْعَذَابَ وَ جَعَلْنَا الْأَغْلَالَ فِی أَعْنَاقِ الَّذِینَ کَفَرُوا هَلْ یُجْزَوْنَ    إِلَّا مَا کانُوا یَعْمَلُونَ                                          

 

Ва мустазъафон ба мустакбирон гуянд: балки найранги шаб ва рӯзи "Шумо буд" онгоҳ, ки моро амр мекардед ба Худо кофир шавем ва барои Ӯ ҳамтоёне қарор диҳем, онҳо ҳангоме, ки азобро мебинанд пушаймонии худро пинҳон мекунанд ва мо дар гардани касоне, ки кофир шуданд, ғулҳо "Гарданбанд" мениҳем оё ҷуз ба ончӣ амал мекарданд, ҷазо дода мешаванд?

 

Дар ин оятҳо чанд вожаи мустазъаф ва мустакбир ба кор рафтааст, ба назар мерасад мурод аз мустазъаф, касоне ҳастанд, ки чашм ва гӯши баста, дунболарави дигарон ҳастанд ва ақл ва фикри худро ба кор намеандозанд ва мустакбирон касонеанд, ки бо суи истифода аз қудрат ва сарват, дигаронро таҳти султаи худ дароварда ва бар онҳо бузургӣ мекунанд.

Табии аст мустакбирон мардумро маҷбур ба пайравӣ аз худ намекунанд, онҳо бо барномаҳои мухталифи таблиғотӣ ва истифода аз абзорҳои гуногуни фарҳангӣ, тафаккури ширколудаи худро ба гунае таблиғ ва тарвиҷ мекунанд, ки идае аз мардум, омузаҳои паёмбарон ва китобҳои осмониро канор гузошта ва ба дунболи таблиғоти пур зарқ ва барқи мустакбирон меравад, итифоқан ончӣ мустакбирон дар барномаҳо ва таблиғоти худ арза медоранд, бо майлҳои нафсонӣ ва лазоти шаҳвонӣ бисёре аз афрод низ созгортар аст, чаро, ки дар сурати пайравӣ аз мустабирон, ниёзе нест гӯш ва чашм ва забони худро кантрол кунанд.

Ончӣ ин оятҳо аз гуфтугуҳои ин ду гурӯҳ дар қиёмат тарсим мекунад, нишон диҳандаи он аст, ки фиребкории соҳибони кудрат ва сарват, тавҷеҳи қобили қабуле барои фирор аз масъулят нест, ҳар инсоне, ҳарчанд, камсавод ва кам иттилоъ бошад, бояд ба ҷойи пайравӣ аз лаззатҳо ва шаҳватҳо, ба дунболи ақл ва фитрати покӣ биравад, ки Худованд дар вуҷуди ӯ ба вадиа ниҳодааст.

Албатта мустакбирон, ба мизони нақшашон дар инҳирофи мардум, мавриди кайфар қарор мегиранд, аммо мустазъафон наметавонанд фиребкории ононро тавҷеҳе барои иртикоби гуноҳони худ бидонанд ва аз зери бори масулят шона холӣ кунанд.

 

Аз иноятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Бо он, ки ҷомеаи фосид, таъсироти зиёнборе бар инсонҳо дорад, вале онҳоро ба фасод ва инҳироф маҷбур намекунад, бинобар ин касе наметавонад гуноҳон ва хатоҳои худро ба гардани ҷомеа бияндозад.

 

2 – Дар қиёмат наметавон гуноҳи худро ба гардани дигарон андохт, ба иборати дигар, ҳеч кас гуноҳи дигаронро ба душ намекашад.

 

3 – Ҳар кас, ки нидои паёмбарон ва китобҳои осмонӣ ба ӯ бирасад, вале онро напазирад, бояд дар қиёмат посухгӯ бошад.

 

4 – Мустакбирони соҳҳиби қудрат ва сарват, ба сурати шабонарӯзӣ тадбир ва талош мекунанд то афкори худро дар миёни мардум таблиғ кунанд, онҳоро таҳти салтаи худ дароварда ва иҷозаи тафаккур ба онҳо надиҳанд, онҳо бо ин шева, мардумро аз роҳи Худо боз медоранд.

 

5 – Инсонҳои мунҳариф, дигаронро низ ба инҳироф даъват мекунанд ва ба ҷойи он, ки онҳоро аз бадиҳо боз доранд, онҳоро ба корҳои зишт ва нодуруст фаро мехонанд ва аз ин тариқ, ҷомеаро бо худ ҳамроҳ месозанд.