Ноябр 29, 2017 10:06 Asia/Dushanbe

Қисмати 777 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 34-37

34

 

وَمَا أَرْسَلْنَا فِی قَرْیَةٍ مِّن نَّذِیرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُم بِهِ  کَافِرُونَ                                                                     

 

Ва мо дар ҳеч диёре ҳушдордиҳандае нафиристодем, магар он, ки мураффаҳони "Рифоҳ"  онон гуфтанд: Мо ба ончӣ шумо бадон фиристодашудаед, кофирем.

 

 

35

 

وَقَالُوا نَحْنُ أَکْثَرُ أَمْوَالًا وَأَوْلَادًا وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِینَ   

 

Ва гуфтанд: Амвол ва фарзандони мо "Аз шумо" бештар аст ва мо азоб нахоҳем шуд.

 

Дар ояти қабл, ба гуфтугӯйи мустакбирон ва мустазъафон дар қиёмат ишора шуд, ин оятҳо мефармояд: Мустакбирон, ки сармасти неъматҳои илоҳӣ ҳастанд ва дар хушкгузарони ва айш ва ишрат ғарқ шудаанд, гумон мекунанд аз дигарон бартаранд ва нишонаи он, касрати дороӣ ва шуҳрати хонадони онҳост, ин гурӯҳ ба сухани паёмбарон эътиное намекарданд, зеро маъмулан маҳрумон ва заифон дар атрофи паёмбарон гирд меомаданд ва сарватмандон дур аз шаъни худ медонистанд, ки бо афроди заифи ҷомеа, ҳамнишин ва ҳамсуҳбат шаванд.

Онон ба сироҳат эълом мекарданд мо ҳазир ба имон овардан ба паёмбарон ва китобҳои онон нестем, дар фарз агар ҳам қиёмате бошад, Худованд моро азоб намекунад, зеро Худованд моро дӯст дорад ва ба ҳамин ҷиҳат амвол ва авлоди зиёде ба мо атто кардааст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 -  Гоҳе сарват ва қудрат, ҷунон чашми инсонро кур мекунад, ки бидуни ҳеч далил ва мантиқе, таолими паёмбаронро рад мекунад ва зери бори ҳарфи ҳақ намеравад.

 

2 – Доштанҳо дар дунё, нишонаи қурб ба Худо нест, балки бархурдорӣ аз неъматҳо барои инснон масулятовар аст.

 

3 – Рифоҳталабӣ, агар ба ғурур ва сармастӣ биянҷомад, инсонро гирифтори иннод ва лаҷоҷат бо ҳақ мекунад.

 

4 – Рифоҳ дар дунё, нишнаи рифоҳ ва осудагӣ дар охират нест, чӣ бисёр афроди мураффае, ки дунёро ба айш ва хушӣ мегузаронанд ва дар охират гирифтори азоб мешаванд.

 

 

36

 

قُلْ إِنَّ رَبِّی یَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن یَشَاءُ وَیَقْدِرُ وَلَـکِنَّ أَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَعْلَمُونَ                                                                                                                                                                                                                                                                     

Бигу Парвардигори ман барои ҳар, ки бихоҳад рӯзиро вусъат медиҳад ё танг мегардонад, вале бештари мардум намедонанд.

 

Дар идомаи ояти қабл, ки фармуд: Мустакбирон рифоҳ дар дунёро нишонаи лутфи Худо ва рифоҳ ва осоиши худ дар охират медонанд, ин оят мефармояд: Кушоиш дар рӯзӣ ё ва коҳиши он, нишонаи меҳр ё қаҳри илоҳӣ нест, ки ҳар кас сарвати бештаре дорад, мавриди муҳаббати Худо воқеъ шуда ё ҳар кас тангдасттар аст, мавриди ғазаби илоҳӣ воқеъ шуда бошад.

Ин тафовутҳо дар рӯзӣ, дар пойяи ҳикмат ва маслиҳате аст, ки Худованд низоми хилқатро барасоси онҳо офарида ва иртиботе ба лутф ё қаҳри илоҳӣ надорад, албатта бисёре аз мардум ба ин нукта таваҷҷӯҳ надоранд ва бар ҳасби гумон ва пиндори худ, қазоватҳои нодуруст мекунанд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Додан ва гирифтани неъмат, тобеи ҳикмат ва маслиҳати Худованд аст, на нишонаи меҳр ё қаҳр ва ғазаби илоҳӣ.

 

2 – Яке аз вазифаҳои паёмбарон, ислоҳи гумонҳо ва пиндорҳои нодурусти мардум аст то ба Худо нисбатҳои ғалат надиҳанд, ба унвони мисол гумон накунанд, ки неъмати густарда ва рифоҳи фаровон, ҳамеша нишонаи меҳр ва лутфи Худованд аст.

 

3 – Амвол ва авлодро аз Худо бубинем на худ, кор ва тадбир ва сойири воситаҳои ризқ ва рӯзӣ, моро аз Худованди рӯзӣрасон ғофил накунад.

 

37

 

 وَمَا أَمْوَالُکُمْ وَلَا أَوْلَادُکُم بِالَّتِی تُقَرِّبُکُمْ عِندَنَا زُلْفَى إِلَّا مَنْ آمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَأُولَـئِکَ لَهُمْ جَزَاءُ الضِّعْفِ بِمَا عَمِلُوا وَهُمْ فِی الْغُرُفَاتِ آمِنُونَ                                                         

 

Амвол ва фарзандони шумо чизе нест, ки шуморо ба пешгоҳи мо наздик гардонад, магар касоне, ки имон оварда ва кори шоиста карда бошанд, пас онон бар эшон ду баробар ончӣ анҷом додаанд, подош аст ва онон дар ғуфраҳо "И биҳиште" осудахотиранд.

 

Бар асоси ояти 15 сураи Тағобун, ҳамаи неъматҳои илоҳӣ, аз ҷумла амвол ва авлод, асбоби озмоиши илоҳӣ аст, чӣ афроди соҳиб сарват ва нуфузе, ки аз неъматҳои илоҳӣ дар беҳтарин роҳ истифода карда ва ба корҳои нек ва хидматрасони ба ниёзмандон машғуланд, чунин афроде дар охират, подоши илоҳиро насиби худ мекунанд, ба акс, чӣ бисёр афроди сарватманде ҳастанд, ки гирифтори ҳирс ва бухл шуда ва амвол ва дорониҳо, балои ҷонашон дар дунё ва мояи азобашон дар охират мешавад.

Дар муқобил низ, чӣ бисёр маҳрумоне, ки дар сахтиҳо сабр карда ва ба ҷурм ва базеҳкорӣ рӯй намеоваранд, онҳо дар охират подоши сабр ва таҳаммули худро аз Худованд дарёфт мекунанд, албатта басо маҳрумоне низ ҳастанд, ки фақр ва мушкилотро роҳе барои тавҷиҳи рафторҳои хилоф ва нодурусти худ мешумуранд ва ба худ иҷоза медиҳанд ҳаргуна, ки мехоҳанд ба амволи мардум дастдарозӣ кунанд.

Идомаи оят, мелок ва меъёри маҳбубият дар назди Худовандро, имон ва амали солеҳ шумурда ва мефармояд: Ба ҷойи таваҷҷуҳ ба хона ва мошин ва зиндагии афрод, ба амали онҳо таваҷҷуҳ кунед, агар амалашон нек аст ва барои Худо кор мекунанд, саодатманданд, хоҳ  сарватманд бошад ё фақир! Аммо агар гирфтори куфр ё корҳои зишт ва нопсанд ҳастанд, дар дунё ва охират саодатманд нахоҳанд шуд, чӣ сарватманд бошанд ё фақр!

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Бисёре аз мардум, мол ва фарзандро нишонаи саодат медонанд, дар ҳоле, ки назди Худованд, имон ва амали солиҳ, омили саодатмандӣ ва растагории инсон аст.

2 – Доштани мол ва фарзанд ва имконот, муҳим нест, балки наҳваи баҳрагири аз онҳо муҳим аст, агар аз ин имконот дар масири саҳиҳ истифода шавад ва истифода аз онҳо дар ростои имон ва амали солиҳ бошад, дар ин сурат василаи рушд ва камоли инсон аст.

 

3 – Кайфарҳои илоҳӣ мутаносиб бо ҷароим ва тахаллуфоти инсон аст, аммо подошҳои илоҳӣ бар асоси лутф ва фазли Худованд буда ва чандин баробар корҳои нек ва шоистаи инсон аст.