Ноябр 29, 2017 10:19 Asia/Dushanbe

Қисмати 778 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 38-41

38

 

وَالَّذِینَ یَسْعَوْنَ فِی آیَاتِنَا مُعَاجِزِینَ أُولَـئِکَ فِی الْعَذَابِ مُحْضَرُونَ   

 

Ва касоне, ки дар "Инкор ва ибтоли" оятҳои мо мекушанд, бегумон ин,ки метавонанд моро оҷиз кунанд, онон дар азоби "Илоҳӣ" эҳзор мешаванд.

 

Охирин ояти қабл, баёнгари ин нукта буд, ки амвол ва авлод омили саодати инсон нестанд, балки имон ва амали солиҳ аст, ки инсонро дар дунё ва охират ба саодат ва некбахтӣ мерасонад ва ӯро дар биҳишти барин илоҳӣ ҷой медиҳад.

Ин оят ба гурӯҳи муқобили аҳлли имон ишора карда ва мефармояд: Онҳо ба ҷойи шинохти ҳақ ва пайравӣ аз он, ҳамвора ба дунболи инкори ҳақ ва мубориза бо он ҳастанд ва гумон мекунанд ба хотири бархурдорӣ аз қудрат ва сарват ва имконот, метавонанд аз таҳти султаи илоҳӣ хориҷ шуда ва аз азоб бигурезанд, ин афрод бояд бидонанд, ки ин пиндори онҳо ботил аст ва онон ҳатман дар қиёмат ҳозир шуда ва ба кайфари аъмоли худ хоҳанд расид.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Соҳибони қудрат ва сарват, ки имконоти худро дар роҳи соқит кардани ҳақ ва нотавони ҷилва додани он ба кор мебаранд, худ соқит хоҳанд шуд ва наметавонанд бар иродаи илоҳӣ ғолиб шаванд.

 

2 – Душманони Ислом, дар ҷиҳати тазъифи ҷойгоҳи Қуръон дар миёни мардум талош мекунанд, лизо ҳамаи мусалмонон ба вижа олимони диннӣ вазифа доранд бо барномарезии ҷомеа, монеи таҳқиқи ин хостаи душманон шаванд.

 

 

39

 

قُلْ إِنَّ رَبِّی یَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَن یَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ وَیَقْدِرُ لَهُ وَمَا أَنفَقْتُم مِّن شَیْءٍ فَهُوَ یُخْلِفُهُ  وَهُوَ خَیْرُ الرَّازِقِینَ                               

                            

  Бигу: бидуни шак Парвардигорам барои ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад рӯзиро кушоиш медиҳад ва ё барои ӯ танг "Ва маҳдуд" мегардонад ва ҳарчиро "дар роҳи Ӯ" инфоқ кунед, Ӯ ҷойгузин мекунад ва Ӯ беҳтарин рӯзӣдиҳандагон аст.

 

Дар идомаи оятҳои пешин, ки ба мазаммати касоне пардохт, ки бо амвол ва авлоди худ бар дигарон фахрфурушӣ мекунанд, ин оят мефармояд: Худованд аст, ки ба инсонҳо рӯзӣ медиҳад ва барасоси ҳикмат ва маслиҳат, онро кам ё зиёд мекунад, пас на бо зиёд шудани рӯзӣ, гирифтори ғурур ва такаббур шавед, ва на бо кам шудани он, дучори яъс ва ноумедӣ.

Идомаи оят мефармояд: Инсон бояд дар ҳар ҳол ба миқдори тавониш ба ниёзмандон инфоқ кунад, зеро ризқ ва рӯзӣ ба дасти Худост ва Ӯ ваъда додааст, ки ҳар чӣ ба дигарон инфоқ шавад, онро ҷойгузин мекунад, на он, ки аз ризқи инфоқ кунанда кам шавад.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Тафовути бандагони Худо дар ризқ ва рӯзӣ, ҳамонанди тафовути онҳо дар истеъдод ва тавонашон, бар асоси ҳикмати илоҳӣ аст.

 

2 – Худое, ки рӯзӣдиҳанда ба инсон ва сойри мавҷудот аст, замонат карда, ки ончиро инсон инфоқ мекунад, ба наҳваи муносиб ҷуброн намояд.

 

 

40

 

وَیَوْمَ یَحْشُرُهُمْ جَمِیعًا ثُمَّ یَقُولُ لِلْمَلَائِکَةِ أَهَـؤُلَاءِ إِیَّاکُمْ کَانُوا یَعْبُدُونَ 

 

Ва рӯзе, ки Худованд ҳамаро маҳшур мекунад, сипас ба фариштагон мегуяд: Оё инҳо шуморо мепарастиданд?

 

 

41

 

قَالُوا سُبْحَانَکَ أَنتَ وَلِیُّنَا مِن دُونِهِم  بَلْ کَانُوا یَعْبُدُونَ الْجِنَّ  أَکْثَرُهُم  بِهِم مُّؤْمِنُونَ                                                                  

 

Онҳо мегуянд: Худоё! Ту муназзаҳи, ва бештарашон ба онҳо имон доштанд.

 

Яке аз боварии хурофии мушрикон, эътиқод ба шафоати фариштагон дар қиёмат буд, лизо ба навъе, фариштагонро мепарастиданд ва барои онҳо ҷойгоҳи хосе қоил буданд, дар ҳоле, худ фариштагон чунин ҷойгоҳеро барои худ қоил набуда идаъое надоштаанд.

Қуръон бо тарсими додгоҳи қиёмат мефармояд: Фариштагон дар мақоми дифоъ аз худ дар баробари пиндори ботили мушрикон, мегуянд: онон гирифтори  афкори шайтонӣ шуда ва аз шайтон пайравӣ мекарданд ва дар воқеъ мутии шайтон буданд, шайтон, бутпарастиро дар назари онон хуб ва зебо ҷилва медод ва онҳоро гирифтори бовариҳое ва рафторҳои нодуруст карда буд, гуё онҳо ба ҷойи имон ба Худои якто, шайтонро мепарастиданд ва бандаи ӯ буданд.

 

 Аз ин оят мемӯзем, ки:

 

1 – Мушрикон барои фариштагон, ҷойгоҳи хосе қоил буданд, онҳо эътиқод доштанд, ки фариштагон дар қиёмат барои онҳо шафоат хоҳанд кард, лизо ба гунаҳҳои мухталиф ононро мепарастиданд то аз шафоати онҳо баҳраманд шаванд.

 

2 – Муроқиб бошем гирифтори фиреби шайтон нашавем ва пиндорҳои нодурустро ба ҷойи бовариҳои дуруст, напазирем, чӣ басо корҳои бад ё зиште, ки шайтон онро барои мо хуб ва зебо ҷилва медиҳад.