Ноябр 29, 2017 10:39 Asia/Dushanbe

Қисмати 779 сураи муборакаи " Сабаъ ", ояи 42-45

42

 

فَالْیَوْمَ لَا یَمْلِکُ بَعْضُکُمْ لِبَعْضٍ نَّفْعًا وَلَا ضَرًّا وَنَقُولُ لِلَّذِینَ ظَلَمُوا ذُوقُوا عَذَابَ النَّارِ الَّتِی کُنتُم بِهَا تُکَذِّبُونَ                                 

 

Пас имрӯз ҳеҷ кас аз шумо, молики суд ва зиёне барои дигаре нестед ва ба касоне, ки ситам карданд, мегуянд: Бичашед азоби оташеро, ки онро дуруғ мешумурдед.

 

Дар ояти қабл, Худованд хитоб ба мушрикон фармуд: Шумо идао мекунед, ки фариштагонро мепарастед ва аз онҳо шафоат мехоҳед, дар ҳоле, ки фариштагон, худ дар қиёмат, чунин амреро инкор карда ва мегуянд, шумо пайрави шайтон будед ва аз шайтон кӯмак мехостед.

Ин оят мефармояд: Дар рӯзи қиёмат, ҷуз Худованд ва касоне, ки Ӯ бихоҳад, ҳеч кас наметавонад ба дигаре нафъ ё зараре бирасонад, масалан касеро, ки дузахӣ аст ба биҳишт бибарад ё инсони биҳиштиро вориди дузах намояд, молики он рӯз фақат Худост, лизо мушриконе, ки бузургтарин зулумро дар ҳақи худ ва дини Худо муртакиб шудаанд, дар он рӯз гирифтори дузахе мешаванд, ки дар дунё онро инкор мекарданд ва амри маҳол мешумурданд.

 

Аз ин оят меомӯзнм, ки:

 

1 – Шароити қиёмат бо дунё мутафовит аст, дар дунё инсонҳо қодиранд, ки ба дигарон нафъ ё зарар  бирасонанд, аммо дар қиёмат, ҳечкас молики умури худ нест, чӣ расад ба ин, ки бихоҳад ба дигарон нафъ ё зараре бирасонад.

 

2 – Ба суроғи ғайри Худо рафтан, зулм ба хештан аст, магар он,ки Худованд фард ё афродеро восита қарор дода бошанд, монанди паёмбарон.

 

 

43

 

وَإِذَا تُتْلَى عَلَیْهِمْ آیَاتُنَا بَیِّنَاتٍ قَالُوا مَا هَـذَا إِلَّا رَجُلٌ یُرِیدُ أَن یَصُدَّکُمْ عَمَّا کَانَ یَعْبُدُ آبَاؤُکُمْ وَقَالُوا مَا هَـذَا إِلَّا إِفْکٌ مُّفْتَرًى  وَقَالَ الَّذِینَ کَفَرُوا لِلْحَقِّ لَمَّا جَاءَهُمْ إِنْ هَـذَا إِلَّا سِحْرٌ مُّبِینٌ                         

 

Ва ҳар гоҳ оятҳои равшани мо бар онҳо хонда шавад, мегуянд: Ҷуз ин нест, ки ин мард мехоҳад шуморо аз ончӣ падаронатон мепарастиданд, боздоранд ва гуянд: Ин Қуръон ҷуз дуруғе бофташуда нест, ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳамин, ки ҳақ ба суроғашон омад гуфтанд: Ин ҷуз сеҳри ошкор нест.

 

Ба дунболи оятҳои пешин дар хусуси инкори қиёмат тавассути мушрикон, ин ятҳо ба инкори оятҳои Қуръон дар дунё ишора карда ва мефармояд: Онҳо ба ҷиҳати таасуби нобаҷое, ки бар бовариҳои ниёгони худ доранд, бидуни он,ки ба мантиқи Қуръон ва паёмбар (с) таваҷҷуҳ кунанд, танҳо ба сарфи ин,ки таъолими Қуръон бар хилофи таолими гузаштагони онҳост, Қуръонро инкор мекунанд ва ҳозир ба пазириши он нестанд.

Дуввумин идаои мушрикон дар бораи Қуръон ин аст, ки: ин оятҳо сухани Худованд нест, балки сухани инсоне аст, ки ба дуруғ онро ба Худо нисбат медиҳад.

 

Саввумин туҳмати мушрикон ин аст, ки агар афроде ҳам ҷазби Қуръон шуда ва сухани мудаи паёмбареро пазируфтаанд, ба ҷиҳати сеҳр баён  ва каломи ӯст, на онки аз сӯйи Худо бошад.

Табии аст ин се туҳмате, ки Қуръон аз забони мушрикон ва кофирон нақл мекунад, сухани гурӯҳҳои мухталифи онон дар тули таърих будааст, ки гоҳе як маврид, гоҳе ду марид ва гоҳе ҳар се марид аз сӯйи мухолифони паёмбарон матраҳ шудааст.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1 – Ҳифзи мероси гузаштагон ва ниёгон, марбут ба осори бостонӣ ва таърихӣ аст, на ҳифз ва тарвиҷи афкор ва бовариҳо ва рафторҳои нодурусти онон, тақлиди нобаҷо ва бе далил аз гузааштагон, монеъи пешрафт аст ва ҷомеаро аз рушд ва боландагӣ боз медорад.

2 – Паёмбарон дар миёни мардум, ба ростӣ ва покӣ ва дӯстӣ шинохта мешуданд ва ҳаргиз аҳли дуруғ ва нисбатҳои нораво ба дигарон набуданд, чӣ расад ба он, ки аз худ китобе бинависанд ва онро ба дуруғ ба Худо нисбат диҳанд.

 

3 – Сеҳр ва ҷоду, ниёзманди омӯзиш аз асотиди ботаҷриба аст ва албатта  метавонад тавассути соҳирони ботаҷрибатар ботил шавад, дар ҳоле, ки паёмбарон назди ҳеч соҳир ва ҷодугаре омӯзиш надидаанд, онҳо аз ҷониби Офаридгори ҷаҳон маъмуранд, ки башарро ба роҳи рост ҳидоят кунанд ва сирфан мунакис кунандаи каломи ҳақ ҳастанд.

 

 

44

 

وَمَا آتَیْنَاهُم مِّن کُتُبٍ یَدْرُسُونَهَا  وَمَا أَرْسَلْنَا إِلَیْهِمْ قَبْلَکَ مِن نَّذِیرٍ    

 

Ва мо ба онон, китобҳои "Осмонӣ" надода будем, ки онро бихонанд ва пеш аз ту, бимдиҳандае ба сӯйи онон нафиристодаем.

 

 

45

 

وَکَذَّبَ الَّذِینَ مِن قَبْلِهِمْ وَمَا بَلَغُوا مِعْشَارَ مَا آتَیْنَاهُمْ فَکَذَّبُوا رُسُلِی فَکَیْفَ کَانَ نَکِیرِ                                                         

 

Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, "Низ паёмбарон" – ро такзиб кардандд, дар ҳоле, ки "Кофирони қавми ту" ба як даҳуми ончӣ ба гузаштагон дода будем, нарасидаанд, онон паёмбарони Маро такзиб карданд, пас "Бубин" чигуна буд кайфар ва уқубати Ман!.

 

Дар посх ба туҳматҳои мушрикон ба Паёмбари акрам (с) ва китоби осмонии ӯ, ин оятҳо мефамояд: пеш аз ин, на паёмбаре ба сӯйи қавми қурайш омада буд ва на китоби осмонӣ бар онҳо назил шуда буд, то бо истинод ба онҳо, Қуръонро ботил бидонанд ва оварандаашро соҳир ва дуруғгӯ.

Агар пеш аз ин паёмбаре соҳиби китоб омада буд ва шумо таолими паёмбари Ислом  (с)ва китоби ӯро бо таолими паёмбарони пешин ва китобҳои осмонии онҳо дар таорӯз медидед, онро ботил ва нодуруст мешумурдед, аммо шумо, ки ҳеч ошнои бо ваҳйи илоҳӣ надоред  бар чӣ асос, оёятҳои Қуръонро сохта ва пардохтаи Паёмбар (с) медонед ва ӯро мутаҳам мекунед?

Оятҳо дар идома мефармояд: мушрикоони Макка чигуна дар баробари Паёмбари Ислом (с) меистанд, дар ҳоле, ки қудрати онҳо як даҳуми қудрати ақвоме, ки мо нобудашон кардем, нест.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Нафӣ ва исботи умури диннӣ, бояд мустанад ба матуни диннӣ ва суннати паёмбарон бошад ва наметаваон онҳоро танҳо бо илм ва ақли башарӣ санҷид ва ё бар асоси он, рад ё қабул кард.

 

2 – Сарват ва қудрати душманони дин, дар баробари қудрати илоҳӣ ночиз аст, пас набояд аз онон дучори тарс ва ваҳшат шуд, балки бояд бо таваккул ба Худованд дар роҳи ҳақ побарҷо монд ва истодагӣ кард.

 

3 – Таърихи гузаштагон, ойинаи ибрат барои мардумони имрӯз ва оянда аст, ки ба қудрати худ мағрур нашаванд ва дар баробари дини Худо наистанд, чӣ басо ҷамъиятҳо ва тамадунҳои бузурге, ки ба хотири инкори ҳақ нобуд шуда ва ба ҳалокат расиданд.